Дар Анкараи Туркия тӯли се рӯзи гузашта, яъне аз 17 то 19 апрел ҷашнвораи сеюми донишҷӯёни тоҷикистонӣ доир шуд.
Ин ҳамоиш бо ташаббуси сафорати Тоҷикистон дар Анкара тарҳрезӣ ва баргузор шудааст. Сафар Сафаров, як корманди масъули сафорати Тоҷикистон дар Туркия, дар як сӯҳбати телефонӣ бо «Ояндасоз» гуфт, ки "ҳадафи аслии ба ҳам овардани донишҷӯёни тоҷик шинос кардани онҳо бо ҳамдигар ва эҷоди равобити дӯстонаи миёни онҳо мебошад". Оқои Сафаров афзуд, ки дар тӯли се рӯзи баргузории ҷашнвора имкони сарҷамъ овардани ҳудудан 100 донишҷӯи тоҷик аз мактабҳои олии шаҳрҳои Анқара, Истамбул, Бурса, Ғозиёнтеппа, Қайсарӣ, Эскишаҳр, Измир ва Болу фароҳам омад.
Барномаи аслии ҷашнвораи донишҷӯён иборат аз мусобиқаҳои варзишии мисли футболу баскетбол, волейболу гӯштигирӣ, шоҳмоту тенниси рӯи миз ва инчунин маҳфили шеъру суруд низ будааст. Инчунин дар ҷараёни ин ҳамоиш раиси нави Шӯрои донишҷӯёни тоҷик дар Туркия интихоб гардид ва ин масъулиятро акнун Ҷовидон Бобоев, як муҳассили донишгоҳи Истамбул, ба ӯҳда гирифт.
Дар сӯҳбати телефонӣ бо «Ояндасоз» аз маҳалли баргузории даври ниҳоии рақобатҳои футболи миёни донишҷӯён Ҷовидон гуфт, донишҷӯёни тоҷик дар Туркия мушкилоти чандон ҷиддӣ надоранд. Танҳо масъалаи аслие, ки аксарият ҳалли онро хоҳонанд, ин тахфиф ё коҳиши қимати билетҳои ҳавопаймо дар хатсайрҳои Истамбул-Душанбе мебошад. Вай гуфт, ки як муддат қимати билетҳо барои донишҷӯён 50 дарсад коҳиш дода шуда буд, аммо ҳоло ин қоида аз байн бурда шудааст. Ҳоло донишҷӯён дар қатори мусофирони дигар бояд барои як сафари рафту баргашт ба ҳисоби миёна ҳудудан 600 доллар пардохт кунанд. Ҷовидон дар сӯҳбат бо Ояндасоз аз ташаббуси сафорати Тоҷикистон дар амри сарҷамъ овардани ҷавонон, ҳолпурсиву муошират бо онҳо истиқбол кард ва гуфт, ки "донишҷӯён дар мулки ғарибӣ пеш аз ҳама ба пуштибонии маънавӣ" ниёз доранд.
Назар ба иттилои дипломати тоҷик Сафар Сафаров ва яке аз масъулини ҷашнвораи донишҷӯён, дар кори ташкилу татбиқи барномаи ҷашнвора кӯмаки зиёдро ҳукумати шаҳри Анкара, вазорати маорифи Туркия ва созмони "Шалола" кардаанд.
Дар сарсоари Туркия, аз рӯи маълумоти расмӣ, ҳудудан 130 донишҷӯи тоҷикистонӣ таҳсил мекунанд, ки 18 нафари онҳо духтарҳо мебошанд. Аксари онҳо дар риштаҳои иқтисодиву улуми дақиқ ва факултаҳои техникӣ ё фаннӣ таҳсил мекунанд. "Аммо азбаски ҳамаи онҳо пароканда аз ҳам, дар шаҳрҳои мухталиф зиндагиву таҳсил мекунанд, якдигарро намешиносанд, ва баргузории чунин ҳамоишҳо пеш аз ҳама бо мақсади шинос кардану ба ҳам овардани ҷавонҳо ташкил мешавад" - афзуд оқои Сафаров.
Ҳамсӯҳбати дигари мо Фаррух Воҳидов муҳассили соли сеюми факултаи химияи донишгоҳи Истамбул аст, ки унвони паҳлавонро дар мусобиқаҳои гӯштигирии миёни донишҷӯён касб кард. Фаррух тавассути барномаи Ояндасоз ба падару модараш дар шаҳри Душанбе салом расонда гуфт, ки аз мулоқот бо донишҷӯёни дигар шод аст, чунки ин як имкони хуби дидору сӯҳбатҳо ва тафреҳ аст, ки барои идомаи таҳсили онҳо кӯмак мекунад.
Диловар Аъзамҷонов, донишҷӯи соли сеюми риштаи ҳуқуқи башари донишгоҳи Анкара мебошад. Диловар гуфт, ки ингуна ҳамоишҳои донишҷӯёни тоҷикистониро бояд дар кишварҳои дигар ҳам баргузор кунанд. Вай гуфт, ки шумори зиёди ҷавонони тоҷик ҳоло дар мактабҳои Русия, Эрон ва дигар кишварҳо таҳсил мекунанд, аммо то ҳол ингуна ҳамоишҳои дастаҷамъонаву ҳамоҳангшудае миёни онҳо баргузор нашудааст.
Донишҷӯён мегӯянд, ки дар оянда ҳам ният доранд ҳамингуна ҳамоишҳои дастаҷамъонаро дар Туркия баргузор кунанд.
Барномаи аслии ҷашнвораи донишҷӯён иборат аз мусобиқаҳои варзишии мисли футболу баскетбол, волейболу гӯштигирӣ, шоҳмоту тенниси рӯи миз ва инчунин маҳфили шеъру суруд низ будааст. Инчунин дар ҷараёни ин ҳамоиш раиси нави Шӯрои донишҷӯёни тоҷик дар Туркия интихоб гардид ва ин масъулиятро акнун Ҷовидон Бобоев, як муҳассили донишгоҳи Истамбул, ба ӯҳда гирифт.
Дар сӯҳбати телефонӣ бо «Ояндасоз» аз маҳалли баргузории даври ниҳоии рақобатҳои футболи миёни донишҷӯён Ҷовидон гуфт, донишҷӯёни тоҷик дар Туркия мушкилоти чандон ҷиддӣ надоранд. Танҳо масъалаи аслие, ки аксарият ҳалли онро хоҳонанд, ин тахфиф ё коҳиши қимати билетҳои ҳавопаймо дар хатсайрҳои Истамбул-Душанбе мебошад. Вай гуфт, ки як муддат қимати билетҳо барои донишҷӯён 50 дарсад коҳиш дода шуда буд, аммо ҳоло ин қоида аз байн бурда шудааст. Ҳоло донишҷӯён дар қатори мусофирони дигар бояд барои як сафари рафту баргашт ба ҳисоби миёна ҳудудан 600 доллар пардохт кунанд. Ҷовидон дар сӯҳбат бо Ояндасоз аз ташаббуси сафорати Тоҷикистон дар амри сарҷамъ овардани ҷавонон, ҳолпурсиву муошират бо онҳо истиқбол кард ва гуфт, ки "донишҷӯён дар мулки ғарибӣ пеш аз ҳама ба пуштибонии маънавӣ" ниёз доранд.
Дар донишгоҳҳои Туркия, аз рӯи маълумоти расмӣ, 130 донишҷӯи тоҷикистонӣ таҳсил мекунад, ки 18 нафари онҳо духтарҳо мебошанд ...