Рустами Эмомалӣ, фарзанди раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, рӯзи якшанбе дар анҷумани ғайринавбатии Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон муовини раиси ин созмон интихоб шуд.
Ба ҷонибдории номзадии Рустами Эмомалӣ дар анҷумани 9-уми ин созмон қариб ҳамаи вакилон даст бардоштанд.
Рустами Эмомалӣ, писари калонии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки то имрӯз дар матбуот асосан ҳамчун сарпараст ва футболбози калидии дастаи «Истиқлол»-и Душанбе муаррифӣ мешуд, акнун ба мақоми расмӣ интихоб мешавад.
Дар анҷумани нуҳум ва ғайринавбатии Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон Маликшоҳ Неъматов, раиси кумитаи кор бо ҷавонон ва варзишу сайёҳати Тоҷикистон, ба ҳайси раҳбари ин Иттифоқ интихоб гардид.
Рустами Эмомалӣ 21 сол дошта, хатмкардаи бахши иқтисоди байнулмилалии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва шунавандаи озоди Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи Ломоносов аст. Ӯ дар раёсати сармоягузории кумитаи амволи давлатӣ ва сармоягузории Тоҷикистон ифои вазифа мекунад.
Ба гуфтаи Дилшод Қурбонов, раҳбари бахши шаҳрии кумитаи кор бо ҷавонон, Рустами Эмомалӣ то имрӯз чун вакили анҷуман аз ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт бо Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ҳамкории зич дошта, сарпарасти чандин маъракаҳои марбут ба ҷавонон будааст. Дилшод Қурбонов мегӯяд, интихоби Рустами Эмомалӣ, фарзанди президенти Тоҷикистон, ки худ низ хеле ҷавон аст, барои пурсамартар шудани кори иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард.
Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон созмони ҷамъиятиест, ки дар заминаи «Комсомол»-и даврони Шӯравӣ зуҳур кардааст. Вале фаъолияти ин созмон дар саҳна тайи солҳои ахир чандон маълуму муваффақ набуд ва теъдоди ками ҷавонон аз он огаҳӣ доранд.
Вале дар ҳамин ҳол бархе аз ҷавонон ба маснади муовини раҳбари созмони ҷавонони кишвар нишастани Рустами Эмомалиро ҳамчун оғози кори ӯ дар сохторҳои давлатии Тоҷикистон арзёбӣ мекунанд. Фитрат, як ҷавони тоҷик, мегӯяд, бо ин роҳ ӯ метавонад расман вориди саҳни сиёсии кишвар шавад.
Шокирҷон Ҳакимов, коршиноси тоҷик, бар ин аст, ки созмони собиқ комсомол худ яке аз сохторҳои махсуси Ҳизби комунисти Шӯравӣ буд ва Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ҳам дар миёни созмонҳоии зиёди дигари ҷамъиятии ҷавонон, ки дар вазорати адлия сабти ном шудаан, аз таваҷҷӯҳи бештари ҳукумат бархурдор буд. Ба таъкиди Шокирҷон Ҳакимов, ин ягона созмони ҷавонон аст, ки дар баробари ҳизбҳо ҳаққи пешбарии номзад ба вазифаи президентиро дорад ва интихоби Рустами Эмомалӣ ба ин вазифа, ба назари ин сиёсатмадор, аз ҳамин зовия қобили таваҷҷӯҳ аст.
Аммо Хуҷаназар, як ҷавони дигар, мегӯяд, пешбарӣ шудани номзадии фарзанди президент ба як мақоми расмии кишвар иқдоми хуб аст. Вай гуфт, ки ин иқдоми Рустам аз таваҷҷӯҳи ӯ ба сиёсат ва ба ҳаёти ҳамсолонаш дарак медиҳад.
Зимнан Рустами Эмомалӣ аз сарпарастон ва футболбозони тими «Истиқлол» аст, ки тавонист дар як муддати кӯтоҳи фаъолияташ бо 23 бурд дар 23 бозӣ унвони қаҳрамони футболи шаҳри Душанбе дар соли 2008-ро ба даст оварда ва ба лигаи олии мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон роҳхат бигирад.
Рустами Эмомалӣ фарзанди дуввуми президенти Тоҷикистон аст, ки ба курсии расмӣ менишинад. Ду сол қабл Озодаи Эмомалӣ, духтари президент, раҳбари идораи консулии вазорати хориҷаи Тоҷикистон таъйин шуд. Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маҷмӯъ 9 фарзанд – 7 духтар ва 2 писар – дорад.
Рустами Эмомалӣ, писари калонии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки то имрӯз дар матбуот асосан ҳамчун сарпараст ва футболбози калидии дастаи «Истиқлол»-и Душанбе муаррифӣ мешуд, акнун ба мақоми расмӣ интихоб мешавад.
Дар анҷумани нуҳум ва ғайринавбатии Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон Маликшоҳ Неъматов, раиси кумитаи кор бо ҷавонон ва варзишу сайёҳати Тоҷикистон, ба ҳайси раҳбари ин Иттифоқ интихоб гардид.
Рустами Эмомалӣ 21 сол дошта, хатмкардаи бахши иқтисоди байнулмилалии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва шунавандаи озоди Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи Ломоносов аст. Ӯ дар раёсати сармоягузории кумитаи амволи давлатӣ ва сармоягузории Тоҷикистон ифои вазифа мекунад.
Ба гуфтаи Дилшод Қурбонов, раҳбари бахши шаҳрии кумитаи кор бо ҷавонон, Рустами Эмомалӣ то имрӯз чун вакили анҷуман аз ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт бо Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ҳамкории зич дошта, сарпарасти чандин маъракаҳои марбут ба ҷавонон будааст. Дилшод Қурбонов мегӯяд, интихоби Рустами Эмомалӣ, фарзанди президенти Тоҷикистон, ки худ низ хеле ҷавон аст, барои пурсамартар шудани кори иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард.
Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон созмони ҷамъиятиест, ки дар заминаи «Комсомол»-и даврони Шӯравӣ зуҳур кардааст. Вале фаъолияти ин созмон дар саҳна тайи солҳои ахир чандон маълуму муваффақ набуд ва теъдоди ками ҷавонон аз он огаҳӣ доранд.
Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ягона созмони ҷавонон аст, ки ҳаққи пешбарии номзад ба вазифаи президентиро дорад ва интихоби Рустами Эмомалӣ аз ҳамин зовия қобили таваҷҷӯҳ аст ...