Ба монанди дигар ҷавонон Наталия Морар аз Молдова торнигор ва ё блоги интернетии худро дорад. Дар ин сафҳаи интернетӣ 152 паём, 6 акс ва 3 туҳфаи виртуалӣ аз дустони ӯро дидан мумкин аст.
Охирин туҳфае, ки ба суроғааш расидааст, либоси маҳбусона буд ва пеш аз ин кадом як шахс ба вай тасвири дасбандҳои оҳанин фиристодааст. Ҳамаи ин ба ном “ҳадияҳо” бо аломати вижаи таббасум ё писханди интернетӣ фиристода шуда, маънояш шӯхи будааст. Ва аммо ҳоло, ки Морар бо иттиҳоми тарҳрезии “Инқилоби Твиттер” - тазоҳуроти 7-уми апрел, ки дар он дастикам 20 ҳазор нафар ширкат намуда, бинои порлумони кишварро ишғол карда буданд, дар ҳабси хонагӣ қарор дорад, ин ҳадияҳо бештар шабеҳи ҳушдор аст.
Бетартибиҳои хиёбонӣ дар Кишинев - пойтахти Молдова ба дунболи эълони натиҷаҳои интихоботи порлумонӣ ба амал омадааст. Дар ин интихобот ҳизби коммунистии президенти кишвар Владимир Воронин беш аз нисфи раъйҳои интихобкунандагонро касб намуда, акнун имкон дорад ҷойгузини Воронин ва нахуствазири кишварро баргузинад.
Вакили дифоъи Морар Наталия Молосаг ба радиои Озодӣ гуфт, ки мумкин аст, шахси зери ҳимояташро дар барангехтани бетартибиҳои оммавӣ барои нақши бозидааш дар тазоҳуротҳои 7-уми апрел муттаҳам кунанд. Дар натиҷаи роҳпаймоиҳо дафтарҳои кории президент ва порлумон мавриди ғорат қарор гирифта, наздики 200 эътирозгар боздошт шуда буд.
Морар иддао дорад, ки дар эътирозҳо нақши ғайрихушунатомезро иҷро кардааст ва вакили дифоаш ба радиои Озодӣ гуфт, ки вай дар мавриди айбномаҳои хушунати ифротӣ ва ғоратҳо бисёр нигарон аст, чунки Морар бидуни шубҳа дар ин аъмол ширкат накарда буд. Агар додгоҳ Морарро дар иҷрои ин ҷиноёт муттаҳам донад, вайро аз 8 то 15 соли зиндон мунтазир аст.
Дар ҳоли паҳншавии овозаҳо дар бораи боздоштҳои дастаҷамъӣ ва гӯё, ки ҳукумат баъзе аз боздоштшудагонро мавриди азобу шиканҷа қарор додааст, 9-уми апрел Морар дар торнигораш навиштааст ки “иттилоъ дар бораи боздошти ман беасос аст ва ман хубам”.
Аммо вакили дифоъ Молосаг гуфт, шубҳа дорад, ки ваъдаи президенти Молдова Воронин, ки тазоҳургаронро озод хоҳад кард, ба Морар кумак кунад. 15-уми апрел шавҳари Морар Иля Барабанов аз тариқи торнигор ба дӯстонаш хабар дод, ки ҳамсараш дар амон аст, аммо метарсад, бо касе ба ғайр аз аъзои оилааш тамос бигирад.
Қабл аз бозгашт ба Молдова соли 2007 Морар ба ҳайси хабарнигори “Новое Время”-и чопи Москва дар Русия ифои вазифа мекард. Ӯро барои матлабҳои интиқодиаш ва бо баҳонаи шаҳрванди хориҷӣ буданаш дар авоили соли 2007 аз Русия хориҷ карданд.
Игор Яковенко, раиси Иттиҳоди журналистони Русия, ихроҷи рӯзноманигори ҷавонро навъи ҷадиди сонсур номида буд. Морар ҳеҷ гоҳ умед ҳам надошт, ки нақшае, ки вай бо шаш дӯсташ дар яке аз қаҳвахонаҳои Кишинев таҳрезӣ кардаанд, таваҷҷӯҳи тамоми ҷаҳонро ба худ ҷалб мекунад. Онҳо тасмим гирифтанд, бо истифода аз “Твиттер” ном барномаи ирсоли паёмҳои хурди “флеш моб”, ё “пайдошавии ногаҳонӣ”-ро ташкил диҳанд ва хеле дар ҳайрат монданд, вақте диданд, ки дар майдон беш аз 20 ҳазор нафар гирдиҳам омад.
Дар сӯҳбат бо рӯзномаи бритониёии “Гардиан” Морар гуфта буд, ки онҳо қудрати “Твиттер”-ро ночиз пиндошта ва ҳамзамон хашми ҷавононро нисбати ҳукумат барои тақаллубкориаш дар интихобот низ дуруст дарк накарда буданд.
Баъд аз эътирозҳо президент Воронин ва додгоҳи конститусионии Молдова ба азсаршумории орои мардум даъват намуд ва натиҷаҳои он 17-уми апрел эълон мегарданд.