Нахустин дидори фиристодаи вижаи Иёлоти Муттаҳида бо сарони ҳукумати нави Исроил баёнгари тафовутҳои ошкор дар сиёсатҳои минтақаии Амрико ва Исроил шудааст.
Ҷорҷ Митчелл, намояндаи вижаи ҳукумати президент Обама дар умури Ховари Миёна таъкид кард, ки Вошингтон таъсиси давлати Фаластинро ҳадаф қарор додааст. Аммо намояндагони ҳукумати нави Исроил аз зикри чунин роҳи ҳал худдорӣ кардаанд ва гуфтаанд, гузаштҳои қаблии онҳо дар баробари фаластиниҳо на ба сулҳ, балки афзоиши хушунат сабаб гаштаанд. Митчелл пас аз мулоқот бо вазири умури умури хориҷии Исроил, Авигдор Либерман гуфт:
"Ман ба вазири умури умури хориҷӣ дар робита ба низоъи исроилу фаластиниҳо сиёсати пешгирифтаи Иёлоти Муттаҳидаро такрор кардам, ки ҳалномаи дудавлатист ва давлати фаластиниеро мехоҳад, ки дар паҳлуи давлати яҳудӣ дар сулҳ ба сар барад ва мо ҳамчунин талош хоҳем кард ба сулҳи фарогире дар саросари минтақа даст ёбем."
Митчелл шоми панҷшанбе ҳамчунин бо сарвазири Исроил, Бенямин Нетаняҳу мулоқот кард. Як намояндаи дафтари сарвазир ба хабаргузории Ассошиейтед Пресс гуфтааст, Нетаняҳу аз нокомиҳои эҳтимолии ин тарҳ изҳори нигаронӣ кардааст.
Вай гуфтааст, давлати таъсисмеёфтаи Фаластин метавонад, хеле ба зудӣ зери назорати ҷумбиши Ҳамос афтад, ки дар соли 2007 назорати Ғаззаро ба даст овард. Исроил гуфтааст, дигар ба хуруҷи якҷонибае, ки бар асари он назорати қаламравҳо ба дасти тундравон афтад, иқдом нахоҳад кард.
Нетаняҳу дар гузашта низ ин мавзеъи худро пинҳон намекард ва вазири умури хориҷӣ дар ҳукумати ӯ, Авигдор Либерман гуфтушунид бо фаластинҳоро бесамар номидааст. Аммо, ба назар мерасад, ин аввалин мулоқоти онҳо бо Митчел буд ва ҳама гуна тағйир дар идомаи раванд имконпазиру буда метавонад.
"Мо дар бораи робитаҳои воқеъан наздик сӯҳбат кардем, дар бораи ҳамоҳангии мавзеъгириҳо дар масъалаи фаластиниҳо ва қаламравҳо. Ва мо интизори мулоқоти навбатӣ ва як муколамаи амиқ дар бораи амният, иқтисодиёт ва мушкилоти кулли минтақа хоҳем буд."
Либерман дар як изҳороти катбӣ гуфт, сарвазирони пешинаи Исроил ба гузаштҳои зиёде омода буданд, аммо "натиҷаи ҳукумати Олмерт ва Ливнӣ ин буд -- ҷанги дувуми Лубнон, амалиёт дар Ғазза, ташдиди равобит бо Қатар ва Мавритания ва гаравгон боқӣ мондани сарбози исроилӣ Ҷилад Шалит. Ин яъне марги раванд аст."
Дар посух, Соиб Ареқот, музокиракунандаи аршади фаластиниҳо гуфт, ҳамаи ин нишон медиҳад, ки Исроил ба гуфтушунид нахоҳад нишаст ва ҳукумати нав ҳалномаи дудавлатиро, ки як созишномаи имзошуда аст, рад мекунад.
Дар дидори Митчелл бо раисиҷумҳури Исроил, Шимон Перес, масъалаҳои минтақаӣ низ баррасӣ шуданд. Перес ба Митчелл гуфт, ин ҳама сӯҳбатҳо аз эҳтимоли ҳамлаи Исроил ба иншооти ҳастаии Эрон асосе надоранд. Мушкили Эрон, гуфт Перес, ҳалли низомӣ надорад. Аммо ҳамзамон Исроил аз эҳтимоли даст ёфтани Эрон ба силоҳи ҳастаӣ нигарон аст. Эрон чунин талошеро рад мекунад, вале раисиҷумҳури Эрон, Маҳмуди Аҳмадинажод борҳо гуфтааст, давлати Исроил бояд аз нақшаи ҷаҳон маҳв гардад.