Дар Тоҷикистон, ки буҷети солонааш ба як миллиарду дусад миллион доллар баробар аст, собиқ раиси Бонки Миллӣ бо сӯиистифодаи тахминан як миллиард доллар ва аз худ намудани бахши бузурги ин маблағ муттаҳам мешавад. Муродалӣ Алимардон дар давоми дувоздаҳ сол раҳбарии Бонки Миллии Тоҷикистонро бар дӯш дошт ва соли гузашта ба мансаби муовини сарвазири ин кишвар пешбарӣ шуд.
Ширкати мустақили аудит бо номи Эрнст энд Янг (Ernst&Young) Бонки Миллии Тоҷикистон ва собиқ раҳбари он Муродалӣ Алимардонро дар фиреби васеъмиқёси баробар бо тахминан як миллиард доллар муттаҳам кардааст. Ба ақидаи муфаттишони Эрнст энд Янг (Ernst&Young), дар тӯли чанд сол Алимардон 856 миллион долларро ба ширкати хусусии Кредит-Инвест интиқол дода, сипас ба воситаи он миллионҳо долларро ба муассисаҳои хусусӣ, ва аз ҷумла, корхонаҳои зери раҳбарии худ ва аъзои оилааш сармоягузорӣ кардааст.
Гузориши Эрнст энд Янг (Ernst&Young) дар саҳифаи интернетии Бонки Миллии Тоҷикистон ҷой дода шудааст, ки бар пояи он манбсадорон натавонистаанд, харҷи 220 миллион доллар сармоягузориҳо дар соҳаи кишоварзиро ташреҳ диҳанд. Барои кишваре, ки буҷети солонааш ба 1,28 миллиард доллар мусовӣ мебошад, ин маблағи бузург аст.
Алекс Шиммелпфеннинг, сарвари намояндагии Сандуқи байналмилалии пул дар шаҳри Душанбе ба Радиои Озодӣ иброз дошт, ки ин муассиса аз аудити Бонки Миллии Тоҷикистон огаҳ аст ва иқдомҳои баъдии ҳукумат дар ҳалли ин қазияро муроқибат мекунад. Тоҷикистон аз Сандуқи байналмилалии Пул, ки аз донорҳои аслии Тоҷикистон ба шумор меравад, барои татбиқи барномаи сесолаи коҳиши камбизоатӣ ба миқдори 120 миллион доллар қарз дархост кардааст. Шиммелпфеннинг мегӯяд, то кунун қарори ниҳоӣ дар бораи тақдими қарз қабул нашудааст ва ба ҳамин зудиҳо Шӯро масъалаи тақдими қарзро арзёбӣ мекунад, чун аксари шартҳои гузошта аз ҷониби IMF-ро ҳукумати Тоҷикистон иҷро кардааст.
Дар ҳар сурат, Шиммелпфенинг ба иқдоми ғайримунтазираи Бонки Миллии Тоҷикистон, яъне нашри натиҷаи аудит баҳои баланд додааст.
Дар ҳамин ҳол, ширкати Эрнст энд Янг (Ernst&Young) ва Бонки Миллии Тоҷикистон аз шарҳи натиҷаҳои аудит худдорӣ мекунанд.
Нашри натиҷаҳои аудити Бонки Миллии Тоҷикистон ба замоне рост омадааст, ки ҷумҳурӣ бо камбуди даромад мувоҷеҳ шудааст. Рӯзи 14-уми апрел ҳангоми арзёбии касри буҷет дар парламенти Тоҷикистон вазири молия Сафаралӣ Наҷмиддинов гуфт, барои коҳиши касри буҷет ҷумҳурӣ ба кӯмаки донорҳо эҳтиёҷ хоҳад дошт.
Шокирҷон Ҳакимов сиёсатмадор ва устоди ҳуқуқ дар яке аз донишгоҳҳои шаҳри Душанбе мегӯяд, дар Тоҷикистон фасоди мансабдорон чизи нав нест, вале миқёси сӯиистифода дар Бонки Миллӣ аксариятро ба тааҷҷуб овард.
Зимнан, бахши бузурги қарзҳое, ки бонк тахсис дода буд, мебоист маҳз дар соҳаи пахтапарварӣ масраф шавад. Ба қавли ширкати Эрнст энд Янг (Ernst&Young), дар ҷараёни аудит ширкатҳои сармоягузор натавонистанд исбот намоянд, ки пули тахсисшуда дар лоиҳаҳои муносиб харҷ шудааст. Аудиторон афзудаанд, ки сарфи назар аз ваъдаҳо мақомот шароити хуби корӣ фароҳам наоварданд ва баъзан ходимони бонк санадҳои заруриро дар дастрасии муфаттишон қарор намедоданд.
Аудиторон ҳамчунон иддао доранд, ки қисме аз ҳуҷҷатҳоро дар арафаи тафтиш маҳв гардонида, ба ҷои он дар компютерҳои бонк санадҳои нав тартиб дода буданд.
Ширкати Эрнст энд Янг (Ernst&Young) навиштааст, ки аз пулҳои барои рушди пахтакорӣ тахсис ёфта, аз ҷумла 800 ҳазор доллар барои тармиму таъмири чойхонаи шаҳри Истаравшан масраф шудааст.
Як сол пеш аз аудити Эрнст энд Янг (Ernst&Young), Сандуқи байналмилалии пул Бонки Миллии Тоҷикистонро бо додани маълумоти барғалат аснои гирифтани 47 миллион доллар қарзи ин муассисаи байналмилалии молӣ муттаҳам карда буд. Он замон бонк айбномаро қабул карда, ризоят дод, ки пулро баргардонад.