Дар додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе муҳокимаи парвандаи ҷиноии Бобур Азимов, фарзанди Амирқул Азимов, дабири Шӯрои амнияти Тоҷикистон шурӯъ шудааст.
Додситонии кулли Тоҷикистон Бобур Азимовро дар асоси қисми сеюми моддаи 212-и Кодекси ҷиноятии ин кишвар, яъне, куштори ду ва бештари афрод дар садамаи нақлиётӣ муттаҳам шуморидааст.
Абдусалом Одинаев, додраси додгоҳи ноҳияи Синои пойтахт, ки масъулияти муҳокимаи ин қазияро бар ӯҳда дорад, гуфт, бар асоси маводи тафтишотӣ Бобур Азимов, ки сари чанбари мошини тамғаи Тойота қарор дошт, соатҳои 7-и бегоҳи 17-уми августи соли 2008 ҳангоми ҳаракат дар хиёбони Исмоили Сомонӣ дар ҷодаи назди Кохи Борбади шаҳри Душанбе нафари пиёдагардеро пахш мекунад. Ҳамзамон, бо ин ҳодиса мошини зери идора ва фармони ӯ ба самти муқобили роҳ ҳаракат карда, бо як мошини дигар бармехӯрад, ки дар натиҷа яке аз мусофирони он кушта шуда, панҷ нафари дигар бо шумули як кӯдак бо ҷароҳатҳои гуногун ба бемористон интиқол дода мешаванд. Додраси додгоҳи ноҳияи Сино ба далели халал науфтодан дар ҷараёни муҳокима аз ироаи маълумоти бештар дар ин замина худдорӣ кард.
Бобур Азимов то замони рух додани ин ҳодиса ба ҳайси муфаттиши додситонӣ дар ноҳияи Синои пойтахт фаъолият мекард. Аммо то замони хатми мурофиаи додгоҳӣ аз ифои масъулият барканор шудааст. Мақомоти тафтишотӣ чораи ҳабси пешакии ӯро бо гирифтани забонхати тарк накардани маҳалли иқомат иваз кардаанд.
Назирмад Убайдов, аз вакилони дифои пайвандони афроди ҷабрдида, ки мегуфт, мақомоти тафтишотӣ дар доираи салоҳият ва ваколатҳои худ барои мушаххас ва муайян кардани ҳодисаи рухдода ва шинохти нафари муттаҳам ҳама корҳоро дуруст анҷом додаанд, аммо аз татбиқ нашудани чораи ҳабси пешакӣ ба айбдоршаванда изҳори нигаронӣ кард. Зеро, гуфт ӯ, дар озодӣ будани айбдоршаванда ба тафтишот бетаъсир буда наметавонад.
Сару садоҳо дар бораи иттифоқот ва рухдодҳои мушобеҳ бо ширкати фарзандони афроди бонуфуз қаблан низ баланд мешуданд, аммо ба гуфти ҳамин манбаъҳо, ин қазияҳо қабл аз он ки ба муҳокимаи додгоҳ бираванд, бо роҳҳо ва шеваҳои гуногун ҳал мешуданд.
Тибқи қонуни ҷазоии Тоҷикистон барои содир кардани чунин ҷиноят – яъне, куштори ду ва бештар аз ин дар садамаи нақлиётӣ аз панҷ то даҳ соли маҳрумият аз озодӣ ҷазо муқаррар шудааст.