Сокинони ҷамоати деҳоти Туғаланги ноҳияи Ҷалолиддини Румии вилояти Хатлон аз мавриди истифода қарор гирифтани нахустин агрегати нерӯгоҳи хурди барқи обии «Сурхтеппа» истиқбол карданд.
Нерӯгоҳи мазкур дар ҳоле мавриди истифода қарор гирифт, ки ҳанӯз сокинони бисёре аз манотиқи ҷануби кишвар танҳо чанд соат дар шабонарӯз бо барқ таъмин мешаванд.
Ахиран бо пуштибонии моли як ширкати маҳаллии ғайридавлатӣ бо номи «Замина» агрегати аввали нерӯгоҳи «Сурхтеппа» бо иқтидори 3 мегаватт дар хидмати аҳолии беш аз 30-ҳазорнафараи Туғаланг қарор гирифт.
Соҳибкор Саидов, ки бунёдкунандаи нерӯгоҳи «Сурхтеппа» аст, гуфт, барои сохтмони агрегати аввали нерӯгоҳи хурди барқи обии «Сурхтеппа» як миллиону 700 ҳазор сомонӣ маблағ сарф шудааст.
Он гуна, ки бунёдгузорони нерӯгоҳи мазкур мегӯянд, захираи об дар мавзеи сохтмони «Сурхтеппа» кофист, ки иқтидори он дар оянда бештар карда шавад ва дар он сурат, имкон дорад сокинони тамоми қаламрави ноҳияи Румӣ бо барқи доимӣ дар ҳама фасли сол таъмин шаванд. Баъди анҷоми сохтмони пурраи нерӯгоҳи «Сурхтеппа», гуфта мешавад, дар ноҳия корхонаи парвариши парранда ва корхонаи коркарди нафту газ низ бунёд хоҳад шуд. Зеро барои фаъолияти бонизому самараовари ин корхонаҳо барқи доимӣ ва кофӣ лозим будааст.
Ба истифода дода шудани агрегати аввали нерӯгоҳи хурди барқи обии «Сурхтеппа» дар ҳоле сурат мегирад, ки ахиран фиристодаи хоси Иттиҳодияи Аврупо Пйер Морел ҳам зимни боздид аз Душанбе гуфт, дар шароити кунунӣ кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон бояд таваҷҷӯҳи худро болои сохтмони нерӯгоҳҳои хурд мутамарказ кунанд.
Вай гуфтааст, ки барои қонеъсозии талабот ба энержӣ кишварҳои минтақаро зарур аст, шумори нерӯгоҳҳои хурди барқи обиро афзуда, аз сохтмони сарбандҳои азими нерӯгоҳҳои бузург, ки барои муҳити зист хатарзо ҳастанд, худдорӣ кунанд. Ба гуфтаи фиристодаи хоси Иттиҳодияи Аврупо, сохтмони нерӯгоҳҳои хурд ба ҷуз ин ки мафодовар ҳаст, бо сарфи маблағҳои ночиз ва дар фурсати кӯтоҳ имконпазир аст.
Ин ҳама дар ҳолест, ки мақомоти Тоҷикистон дар роҳи ба эътидол овардани вазъи энергетикии кишвар «Барномаи дарозмуддати бунёди силсилаи нерӯгоҳҳои хурди барқӣ то соли 2020»-ро таҳия кардаанд, ки тибқи он, қарор аст дар 11 соли оянда дар кишвар ҷамъан 90 нерӯгоҳи кӯчаки барқи обӣ бунёд гардад. Маблағи сохтмони 71 нерӯгоҳи хурд аллакай арзёбӣ шудааст, ки баробар ба як миллиарду 270 миллион доллари амрикоист.