Сардори собиқи Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ Раҳмоналӣ Шарифов бо ҳукми додгоҳи вилояти Хатлон барои содир намудани силсилаи ҷиноёти дастаҷамъӣ ба мӯҳлати 19 сол аз озодӣ маҳрум гардид.
Алишо Қурбонов, қозии парвандаи мазкур аз додгоҳи вилояти Хатлон, бо тасдиқи ин хабар гуфт, ки иттиҳомоти алайҳи майор Шарифов эълоншуда дар мурофиа тасдиқ шуданд, ҳарчанд сардори собиқи пулиси ноҳияи Румӣ даст доштани худро дар ҷиноёт инкор мекард.
Майори милиса Раҳмоналӣ Шарифов дар 29 навъи ҷиноят, аз ҷумла вайрон кардани дахлнопазирии манзил, тақаллубкории махсусан хавфнок, сӯйистифода аз мансаб ва баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ, ки пайомадҳои сангин ба думбол доштааст ва ҳамчунин ришватситонию дастгир ва ҳабси ғайриқонунии шаҳрвандон муттаҳам дониста шудааст.
Раҳмоналӣ Шарифов камтар аз ним сол раёсати шўъбаи умури дохила дар ноҳияи Румиро бар дўш доштааст, аммо дар ин миён мавориди таъқиби соҳибкорон ва кормандони милисаи маҳаллӣ аз ҷониби вай маълум шудааст.
Ҳамроҳ бо Раҳмоналӣ Шарифов ҳамчунин Ҷӯрахон Файзуллоев, сармуфаттиши Шӯъбаи умури дохилии ноҳияи Румӣ ва Абдуғаффор Ямоқов, сардори шӯъбаи мубориза бо ҷиноёти марбут ба маводи мухаддири ҳамин ноҳия ба курсии додгоҳ нишаста буданд. Мақомоти додситонӣ ин се афсари аршади пулиси кишварро дар содир кардани ҷиноятҳои дастаҷамъӣ муттаҳам кардааст.
Сардори собиқи пулиси ноҳияи Румӣ бо ҳамдастонаш дар моҳи апрели соли гузашта аз ҷониби кормандони бахши хатлонии Ожонсии зиддикоррупсионӣ боздошт шудааст.
Он замон муфаттиши аршади ШКД-и ноҳияи Ҷ. Румӣ Ҷумъахон Файзуллоев қасди худкушӣ карда, бо ҷароҳатҳои вазнин дар бемористони марказии ноҳия мунтақил шуда буд. Суиқасд ба ҷони худи Ҷумъахон Файзуллоев пас аз чанд рӯзи боздошти сардори шӯъбаи умури дохилаи Румӣ ва мавриди пурсуҷӯ қарор гирифтанаш дар Ожонси зиддикоррупсионӣ сурат гирифтааст. Аммо феълан вазъи сиҳҳатиаш мӯътадил арзёбӣ мешавад.
Зимни таҳқиқи парвандаи мазкур масъулони тафтишот мегуфтанд, ки аз сӯйи баъзе мақомоти вазорати умури дохила садгузориҳои сунъӣ эҳсос намуда, ба кори тафтишот гоҳе монеаҳо эҷод мекардаанд. Сироҷиддин Нуров, раиси Ожонси зиддикоррупсионии вилояти Хатлон, вақте аз ӯ суол шуд, ки чаро фаъолиятҳои мансабдорони баландпоя дар Хатлон аз сӯйи ниҳоди мазкур таҳқиқ намешавад, аз сардори собиқи пулиси ноҳияи Румӣ мисол оварда гуфт, «ожонсии мо навкор аст ва дуруст аст, ки ҳанӯз раисону мансабдорони баландпоя бо ҷурми ришвату фасод боздошт нашудаанд, аммо агар боздошти пурмушкили сардори собиқи ШКД-и Румиро боздошти як мақоми баландпоя наномем, пас, дигар намедонам…»
Ба гуфтаи сардори ожонсии мазкур, ҳаҷми маболиғе, ки майор Шарифов бо роҳи ришваситонӣ ва сўистифода аз мақом ба даст овардааст, баробар ба беш аз 45 ҳазор доллари амрикоӣ будааст. Ва аммо масъулини раёсати умури дохилаи вилояти Хатлон дар шарҳи сабабҳои ба ҷиноят даст задани ҳомиёни ҳуқуқ ва тартибот, яъне кормандони милиса мегӯянд, як иллати аслии тамаъҷӯӣ ва суистифода аз мақом кардани кормандони милиса ҳақмузди кам ва нокофии онон мебошад.
Бо ин ҳама, гуфта мешавад, ин нахустин мавриди маҳкум ба зиндон кардани якбора се афсари аршади Вазорати корҳои дохилӣ ва мансабдори воломақом дар вилояти Хатлон мебошад. Сардори пешини шӯъбаи умури дохилаи ноҳияи Румӣ ва ҳамдастонаш дар пайи эъломи ҳукми додгоҳ гуфтаанд, ки бо ин ҳукм розӣ нестанд ва ба додгоҳи таҷдиди назар шикоят хоҳанд бурд.