1 пизишк барои 40 бемор

Бемористони бемориҳои сил дар Бохтар

Вазъи ногувори бемористони вилоятии бемориҳои сил, ки дар ҷамоати Заргари ноҳияи Бохтар воқеъ аст, бисёре аз коршиносони масоили беҳдоштӣ ва худи дардмандонро нигарон кардааст.
Гузашта аз он ки бинои бемористон дар ҳоли садамавӣ қарор дораду солҳои мадид таъмиру тармим надидааст, беморон дар ин ҷо ба оби софи нӯшиданӣ дастрасӣ надоранд ва ҳамчунин водор ҳастанд, ки 80 дарсади хароҷоти муолиҷаро аз ҳамёни худ пардохт намоянд. Азизулло Имомалиев, сарпизишки диспансери бемориҳои сили вилояти Хатлон, мегӯяд, бемористони мазкур ҳамчунин бо камбуди пизишкон мувоҷеҳ асту мутахассисони соҳа аз кор дар чунин муассисаҳои табобати бемориҳои мусрӣ парҳез мекунанд. А. Имомалиев иллатҳои аслии худдории пизишкон аз кор дар бемористони сили вилоятро чунин ташреҳ мекунад:

«Мутахассисро, ки ба кори бемористон ҷалб кардӣ, барояш шароити дурусти корӣ даркор, ҷойи хобу манзил лозим. Муассисаҳои мо ҳанӯз ба ин омода нестанд. Дигар ин ки бо чунин маоши пасте, ки мо дорем, пизишкон розӣ намешаванд барои кор дар беморхона. Ва сабаби саввум ва асосияш шояд ин аст, ки бемории сил сирояткунанда аст ва пизишкон аз сироятёбӣ меҳаросанд. Масалан дар Темурмалик соли гузашта як табиби силшинос сироят ёфту фавтид. Аммо аз вай касе ёд накард, қадрдорӣ ҳам…»

Ба гуфтаи сарпизишки диспансери бемориҳои сили вилояти Хатлон, имсол чун дар аксар кишварҳои ҷаҳон дар ҷануби Тоҷикистон низ болоравии мизони гирифторони сил ба мушоҳада расидааст. Аз ин рӯ, зарурати ҷалби шумори афзуни пизишкони соҳавӣ ба кори бемористони сил дар миён ҳаст. Ва аммо ба гуфтаи Тошпӯлод Аланазаров, яке аз се пизишки бемористони вилоятии сил, имрӯз ӯ танҳо ба муолиҷаи якбора 40 нафар аз мубталоёни сил сарукор дорад ва фақат ду ҳамшираи шафқат ба ӯ дар ин кор кӯмак мекунанд:

«Ин ҷо беморон натанҳо аз сил, балки аз дигар бемориҳо ҳам бояд муолиҷа гиранд, аз бемории дил, ҷигар, меъда шикоят мекунанд, масалан, мо маҷбур мешавем мутахассисонро аз маркази вилоят даъват кунем, ё соҳибонашон беморонро барои муоина ва ташхис мебаранд. Шароит дар беморхона чандон хуб нест, аз ин рӯ, баъзан беморон то охир наистода баъди чанд рӯзи муолиҷа мераванд хонаҳошон».

Коршиносон бар ин андешаанд, ки бемории сил бемории иҷтимоӣ буда, бинобар начандон баланд будани сатҳи зиндагии мардум феълан дар тамоми ҷаҳон рӯ ба афзоиш овардааст. Гурӯҳи дигари коршиносон мегӯянд, яке аз сабабҳои афзоиш ёфтани шумораи беморони сил муҳоҷирати меҳнатист, ки қисме аз муҳоҷирони мо дар шароити ногувор дар кишварҳои кордеҳ ба сар мебаранд ва гирифтори сил мешаванд.

Набуди оби нӯшиданӣ ва харобии корези бемористони сил аз мушкилаҳои дигари ин муассиса маҳсуб мегардад. Ба гуфтаи Айниддин, ки дар бемористони мазкур муолиҷа мегирад, обро барояшон аз деҳаҳои садҳо метр дури атрофи бемористон ҳамшираҳои шафқат мекашонидаанд:

«Ҳамин ҳамшираҳои шафқат ва санитаркаҳо оба аз деҳаҳои дур мекашонанд, бечораҳо, дар бинои беморхона канализатсия нест, як ҳоҷатхонаи умумӣ ҳаст дар берун аз бино…»

Сарпизишки диспансери бемориҳои сили вилоят Азизулло Эмомалиев иқрор мекунад, ки мушкили таъмини оби нӯшокӣ дар беморхонаи сил вуҷуд дорад. «Мо оби нӯшокиро бо бочка ба беморхона мекашонем. Обе, ки аз зери замин дар ҳудуди беморхона гирифта мешавад, танҳо барои шустушӯ истифода мешавад», - мегӯяд Эмомалиев.

Барои бо оби нӯшидании босифат таъмин кардани беморхона қубурҳои обгузару корез бояд комилан иваз бишавад, аммо барои барқарор намудани ин низом зиёда аз 137 ҳазор доллари амрикоӣ зарур будааст, ки ин гуна имконият дар диспансери бемориҳои сили вилоят нест.

Дар муассисаҳои муолиҷаи бемориҳои сили вилояти Хатлон ба ҷойи 168 пизишк ҳамагӣ 34 нафар мутахассиси силшинос фаъолият мекардаанд, яъне 134 пизишки дигар лозим будааст. Маоши миёнаи пизишкони силшинос дар Хатлон ба 68 сомонӣ, муодили чизе беш аз 17 доллари амрикоӣ баробар мебошад.

Ва аммо дар баробари ин, шумори гирифторони сил дар Хатлон ба 6,5 ҳазор нафар расидааст, ки аз ин миён 2700 нафарашон аввалин бор ба қайд гирифта шудаанд.