Видео сабаби хашми мардум аз Толибон гашт

Навори видеоии шаллоқзании духтари 17-сола дар мазҳари ом дар водии ноороми Свот, дар ғарби Покистон, дар худи ин кишвар ва берун аз он сарусадои зиёд ба вуҷуд овард.
Дар ин навори видео, ки дар интернет сайр мекунад ва аз чанд шабакаи телевизионии Покистон намоиш дода шуд, духтари ҳиҷобпӯшеро дидан мумкин аст, ду мард ӯро дар ҳалқаи издимоҳ ба замин парӯ мехобонанд. Марде дастон ва марди дигар пойҳои духтарро ба замин пахш мекунанд ва савумӣ бо шаллоқ пайиҳам ба пушти духтар мезанад ва фиғони пурдарди духтар ба ҳаво мехезад.

Ин навор сабаби хашму ғазаб дар саросари Покистон гашт. Раисҷумҳур Осифалӣ Зардорӣ дастур дод, ки ҳодиса пажӯҳиш шавад. Моҷаро дар додгоҳи олӣ баррасӣ шуд ва раиси он, Ифтихор Чоудрӣ онро "нақзи бераҳмони ҳуқуқҳои бунёдӣ" номид.

Толибон ва мақомоти маҳаллӣ ҳақиқати наворро зери шубҳа гузоштанд ва бархе аз расонаҳои Покистон навиштанд, ҳодиса пеш аз созиши 16-уми феврал байни ҳукумат ва Мавлони Суфӣ Муҳаммад, раҳбари Ҷумбиши Татбики Шариат ба вуқӯъ пайвастааст. Ин ҷумбиш аз соли 1995 ҷорӣ шудани шариатро дар ҳамчун қонуни зиндагӣ талаб дорад.

Ҳукумат ба додгоҳҳои шариатӣ дар водии Свот иҷоза дод, то ошӯби Толибонро дар ин ҷо шикаст диҳад. Аммо ин ҳодисаи шаллоқзанӣ, ки мавҷи эътирозҳоро дар саросари Покистон ба миён овардааст, созиши машҳурро зери хатар мегузорад.

Иқбол Ҳайдар, раиси Кумисюни ҳуқуқи башари Покистон мегӯяд, ин моҷаро ва афзоиши хушунат дар мамлакат натиҷаи гузашт ва ақибнишинии ҳукумат аст. Аммо сиёсатмадорони минтақаҳои ноороми Покистон чунин баҳодиҳиро осонгароӣ мешуморанд. Ҷамила Гелонӣ, ки дар порлумони Покистон аз ҳизби Авомӣ намояндагӣ мекунад, мегӯяд, созиши ҳукумати вилоятии ҳизби ӯ дар Свот ба хотири сулҳ буд, албатта, на бо баҳои нақзи ҳуқуқи бунёдии занон.

Назар ба маълумоти расонаҳои покистонӣ, аҳолии маҳаллӣ талабгори сулҳу оромист ва рӯзҳои сахтеро далел меорад, ки ҳар раҳгузар метавонист, дар ҷӯши ҷанги байни тарафҳо биафтад ва кушта шавад. Коршиносон мегӯянд, эҳтимол меравад, аксарият ба чунин сулҳи ноодилона арҷ гузоранд, вале амалан ҳолате ба миён афтодааст, ки ҳукумат гӯё дар муқобили тундгароён худро нотавон нишон дода, ба онҳо таслим шудааст ва мардумро дар ихтиёри гурӯҳҳое гузоштааст, ки чӣ дар гузашта ва чӣ ҳоло ҳуқуқи инсон барояшон қадре надоштааст. Онҳо масъулияти ҳукумати худро дар назди мардум зери суол мебаранд ва изҳори умедворӣ мекунанд, ки навори шармовари видео ин ҳукуматро ба ҳуш хоҳад овард. Онҳо мегӯянд, ҳуқуқи қонунии инсонҳо чизе нест, ки мавриди созиш ва тиҷорат қарор бигирад.