Ояндаи наздик сокинон ва меҳмонони Қӯрғонтеппа намоишномаи нави театрии «Лаку Пак»-ро, ки маҳсули эҷоди маъруфтарин ҳунармандону коргардонҳои Хатлонзамин аст, тамошо хоҳанд кард.
Гурӯҳи эҷодии театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Қӯрғонтеппа ахиран саҳнаи наверо аз рӯйи афсонаи халқии «Лаку Пак» омода карда, дар моҳи апрел барои тамошогарони хатлонӣ ва дар моҳи майи имсол тасмим дорад, онро дар Душанбе, пойтахт манзури дӯстдорони ҳунар гардонад.
Аловуддин Абдуллоев, сарвари тозатаъини театри мусиқӣ-мазҳакавии Қӯрғонтеппа, мегӯяд, саҳнаи мазкур бо истифода аз жанри фолклору этнографияи миллӣ, аз ҷиҳати иҷрои характери қаҳрамонҳо, офаридани мусиқӣ ва ороишот ба истилоҳ оригинал аст.
Намошномаи «Лаку Пак» аз ҳаёти ду қаҳрамони афсонавӣ ва духтари онҳо Ғизолак қисса мекунад. Дар намошнома аз он ҳикоят мешавад, ки чӣ гуна Лак ва Пак гузашта аз зиндагии худ аввал аз тақдири фарзандашон андеша мекунанд ва Ғизолакро мехоҳанд ба шавҳар бидиҳанд., яъне ба андешаи онҳо, духтарашонро мехоҳанд хушбахт бикунанд.
Саҳнаҳои ҳаҷвие, мисли он, ки Лак ва Пак чӣ гуна бо хостгорони духтари худ муносибат мекунанд, Ғизолакро он гуна ки чорвои хонагиро дар бозор савдо мекунанд, тасвир менамояд ва таърифҳои ноҷою соддалавҳонаи Ғизолак ба гуфтаи сарвари театр Аловуддин Абдуллоев, як гуна табиат ва хислати мардуми тоҷикро бозгӯ мекунад.
Театри мусиқӣ-мазҳакавии Қӯрғонтеппа бо намоишномаи «Лаку Пак» мебоист дар озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ «Парасту» ширкат мекард, аммо ба сабаби мушкилаҳои молӣ вазорати фарҳанг имсол аз баргузории ин озмун даст кашид.
Бо ин вуҷуд, масъулони театр мегӯянд, намошномаи мазкур баҳои баланди Шӯрои бадеии вазорати фарҳанг ва санъатшиносонро дарёфтааст, рӯзҳои наздик манзури тамошогарон хоҳад шуд.