“Мо аз ягон чиз наметарсем. Се рӯзи дигари мӯҳлатро мунтазирем. Агар ба додамон расиданд, хуб. Агар не, гирдиҳамоӣ ва гуруснанишинӣ мекунем. Фақат як илтимос, ки халқ кист ё чист, ба ин суол посух диҳанд”.
Бо ҳамин даъво Лайлӣ Аҳмадова ва даҳҳо тоҷиру масъулони бозори “Зарнисор” бори дигар ҳамоиш карда ва аз мақомот ҳифз шудани ин бозорро тақозо намуданд. Ин дар ҳолест, ки тибқи ҳукми додгоҳ барои тахриби бозори “Зарнисор” танҳо се рӯзи дигар боқӣ мондааст. Тоҷирон мегӯянд, дар тӯли ҳашт моҳе, ки бозор баста ва онҳо бемашғулиятанд, то гиребон дар қарз ғӯтидаанд ва дигар имкони пардохти қарзҳои бонкро ҳам надоранд.
“Бозорро нав буд кардем, бинои нав тоза ба кор шурӯъ кард, накард, ки бозорро бастанд. Мо куҷо равем? Хонаву дари худро фурӯхтаем. Хонаводаам низ аз Русия омадааст. Мо ҳоло дар як кулба зиндагӣ мекунем. Мо хонаву дари худро фурӯхта омадем, ки ин ҳамаро обод кунем. Аммо моро мешикананд. Ман чӣ гунаҳ дорам? Ба ман сертификатро давлат додааст ва қарорро Маҳмадсайид Убайдуллоев баровардааст”.
Аммо ахиран мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, ки қазияи баҳсбарангези бозори “Зарнисор”-ро Додситонии кулл ва Оҷонси мубориза бо фасодӣ молӣ бознигарӣ хоҳанд кард. Шӯҳрат Қудратов мегӯяд, бознигарии ин қазия метавонад то як моҳи дигар тӯл кашад, аммо мақомоти шаҳрдорӣ аз онҳо башиддат талаб кардаанд, ки то даҳуми апрел бозорро ба ҳолати пешинааш баргардонанд.
Дар ҳамин ҳол, Шамсиддин Неъматов, соҳибкори бозори “Зарнисор”, ки якуним сол дар ин ҷо тиҷорат кардааст, мегӯяд, ҳафт моҳ мешавад ба сахтӣ қарзҳояш ба бонкро бозпас медиҳад. Хадича Рӯзиева низ аз ҷумлаи соҳибкорони “Зарнисор” аст, ки бо қарз тиҷорат мекард. Вай соҳиби панҷ фарзанд аст ва мегӯяд, аз замоне ки бозор бастааст наметавонад дар ҷойи дигар ба савдо машғул шавад ва рӯзии фарзандони худро пайдо кунад. Хонуми Хадича мегӯяд, бештари соҳибкорони ин бозор занонанд, ки ё бешаваҳаранд ё бекору хонашин ва тахриби ин бозор метавонад онҳоро батамом тангдасту бечора гардонад.
Шаҳрдории Душанбе пештар аз ин низ чанде аз бозорҳои хусусӣ, аз ҷумлаи бозори “Роҳи Абрешим” дар ин шаҳрро тахриб карда буд, ки дар натиҷаи он чандин тоҷир хисорат дида ва чандин нафари онҳо бекор мондаанд.
Ботурхон Талбаков, масъули бозор, мегӯяд, акнун на танхо тақдири 16 миллион сомонии сарфкардаи ӯ, балки сарнавишти 600 соҳибкор ва хонаводаҳои онҳо норавшан аст
Ботурхон Талбаков, масъул ва саҳмгузори аслии бозори “Зарнисор”, ки мегӯяд понздаҳ сол барои тавсеаи ин бозор талош кардааст, аз бархӯрди мақомот бо онҳо нигарон аст. Дар ҳоле ки вай мегӯяд, онҳо ният доштанд аз фоидае, ки ба даст меояд, барои афроди кару гунг мактаберо низ бунёд кунанд. Оқои Талбаков баррасии қазияи бозораш дар додгоҳҳои Тоҷикистонро ғайримунсифона донист ва гуфт, ки акнун на танҳо тақдири 16 миллион сомонии масрафкардаи ӯ, балки сарнавишти баъдии 600 соҳибкор ва хонаводаи онҳо низ норӯшан аст:“Бозорро нав буд кардем, бинои нав тоза ба кор шурӯъ кард, накард, ки бозорро бастанд. Мо куҷо равем? Хонаву дари худро фурӯхтаем. Хонаводаам низ аз Русия омадааст. Мо ҳоло дар як кулба зиндагӣ мекунем. Мо хонаву дари худро фурӯхта омадем, ки ин ҳамаро обод кунем. Аммо моро мешикананд. Ман чӣ гунаҳ дорам? Ба ман сертификатро давлат додааст ва қарорро Маҳмадсайид Убайдуллоев баровардааст”.
Лайлӣ Аҳмадова, яке аз тоҷирони бозори "Зарнисор", мегӯяд, агар ба додамон нарасанд, мо гирдиҳамоӣ ва гуруснанишинӣ мекунем.
Дар ин ҳамоиш намояндагони шаҳрдории Душанбе ширкат надоштанд. Шӯҳрат Қудратов, вакили дифои Ботурхон Талбаков, раҳбари бозори “Зарнисор” ҳам гуфт, ки онҳо натавонистаанд, бо шаҳрдорӣ тамос гирифта ваонҳоро ба ин ҷамъомад даъват кунанд. Оқои Қудратов гуфт, ин ҳам дар ҳолест, ки мақомот аз ҳоло болои раҳбарони бозор фишор оварда ва аз онҳо талаб кардаанд, ки аз даъвои худ даст кашанд ва ин қазияро ба боди фаромӯшӣ диҳанд. Шӯҳрат Қудратов гуфт, онҳо баъди ин ҳама муомилаи мақомоти расмӣ бо масъулони бозор мутмаин шудаанд, ки ин қазия кори дасти як гурӯҳи мансабдорон аст.Аммо ахиран мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, ки қазияи баҳсбарангези бозори “Зарнисор”-ро Додситонии кулл ва Оҷонси мубориза бо фасодӣ молӣ бознигарӣ хоҳанд кард. Шӯҳрат Қудратов мегӯяд, бознигарии ин қазия метавонад то як моҳи дигар тӯл кашад, аммо мақомоти шаҳрдорӣ аз онҳо башиддат талаб кардаанд, ки то даҳуми апрел бозорро ба ҳолати пешинааш баргардонанд.
Дар ҳамин ҳол, Шамсиддин Неъматов, соҳибкори бозори “Зарнисор”, ки якуним сол дар ин ҷо тиҷорат кардааст, мегӯяд, ҳафт моҳ мешавад ба сахтӣ қарзҳояш ба бонкро бозпас медиҳад. Хадича Рӯзиева низ аз ҷумлаи соҳибкорони “Зарнисор” аст, ки бо қарз тиҷорат мекард. Вай соҳиби панҷ фарзанд аст ва мегӯяд, аз замоне ки бозор бастааст наметавонад дар ҷойи дигар ба савдо машғул шавад ва рӯзии фарзандони худро пайдо кунад. Хонуми Хадича мегӯяд, бештари соҳибкорони ин бозор занонанд, ки ё бешаваҳаранд ё бекору хонашин ва тахриби ин бозор метавонад онҳоро батамом тангдасту бечора гардонад.
Хадича Рӯзиева, тоҷири дигари бозори "Зарнисор", мегӯяд, панҷ фарзанд дорад ва аз рӯзе, ки бозорро бастанд, наметавонад рӯзии фарзандони худро пайдо кунад
Бозори Зарнисор, ки аз соли 1995 ба ин сӯ таъминоти яке аз маҳалҳои сераҳолии Тоҷикистонро бар дӯш доштааст, ҳанӯз моҳи сентябри соли гузашта бар асоси даъвои додситонии пойтахт бо қарори Додгоҳи иқтисодии шаҳри Душанбе баста шуда буд. Додгоҳи иқтисодии Душанбе эълом дошта буд, ки тамоми асноди бозор ғайриқонуниянд. Шаҳрдории Душанбе пештар аз ин низ чанде аз бозорҳои хусусӣ, аз ҷумлаи бозори “Роҳи Абрешим” дар ин шаҳрро тахриб карда буд, ки дар натиҷаи он чандин тоҷир хисорат дида ва чандин нафари онҳо бекор мондаанд.