Дар Страсбурги Фаронса нишасти таърихии раҳбарони кишварҳои узви НАТО барпо шуд.
Маросими мазкур ба 60-умин солгарди таъсиси паймони Атлантикаи шимолӣ бахшида шуда буд ва дар он раҳбарони кулли 28 давлати узви он ширкат варзиданд.
Маросим аз гашти раҳбарони кишварҳои узви НАТО аз болои пуле дар байни Олмону Фаронса шурӯъ шуд, ки паёми он рамзи ваҳдату ҳамфикрӣ дар дохили ин созмон буд. Танҳо нафаре, ки аз ин пул убур накард, нахуствазири Итолиё Силвио Берлусконӣ буд, ки бо сӯҳбати муфассали телефонӣ банд буд. Баъдан хабарнигори Озодӣ гузориш дод, ки Берлусконӣ машғули сӯҳбат бо нахуствазири Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон будааст.
Дар рӯзи аввали ҷаласаи НАТО бо таъйини номзадии нахуствазири Дания Андерс Фог Расмуссен ба вазифаи дабири кулл мухолифаташро баён кард. Туркияро хуш наомад, ки чанд сол пеш ҳангоми сар задани моҷарои атрофи чопи карикатураҳои Муҳаммад (с), дар нашрияҳои Дания, ки хашму ғазаби ҷаҳони Исломро барангехта буд, Расмуссен бо дифоъ аз озодии баён садо баланд кард. Ва азбаски тибқи муқаррарот барои таъини раҳбари нави НАТО ризоияти ҳама кишварҳои узв зарур аст, то замони ҳосил шудани мувофиқати Туркия музокироти пасипардагӣ идома доштанд. Дар ҷаласа инчунин 28 афсари низомии кишварҳои узви НАТО, ки нирӯҳояшон аз Афғонистон сар карда то Балкану Африқо мустақар ҳастанд, иштирок доштанд.
Дар суханронии шодбошии худ ба аъзои НАТО раисҷумҳури Амрико Барак Обама узвияти кишварҳои навро дар ҳайати созмон - Албанияву Хорватия истиқбол кард ва гуфт: "Дарҳои узвият барои дигар давлатҳое, ки ба меъёрҳои НАТО мувофиқат карда, барои таъмини амнияти муштарак саҳми пурмаънӣ гузошта метавонанд, боз мемонад".
ИМА, тибқи стратегияи нав, ният дорад, ки ба Афғонистон 21 ҳазор нирӯи иловагиро сафарбар карда, инчунин дар фикри ин аст, ки боз 10 ҳазор сарбози дигарро ҳам илова ба ин ҳама фиристад. Раисҷумҳури Фаронса Николя Саркозӣ, ки бори дигар аз стратегияи нави Барак Обама дар Афғонистон пуштибонӣ кард, дар баробари 28 раҳбари кишварҳои узви НАТО эълон кард, ки Фаронса дубора ба иҷрои пурраи нақшаш дар ин паймон шурӯъ мекунад. Садри аъзами Олмон Ангела Меркел гуфт, ки Афғонистон барои НАТО як санҷиши воқеӣ мебошад. Ӯ Обамаро барои стратегияи наваш дар Афғонистон ситоиш кард ва гуфт, ки кишвари ӯ омода аст, ки бо ирсоли сарбозу омӯзгорон ва маблағҳои бештар дар ин барнома саҳмгузор бошад.