Бартариҳои табобати пулакӣ

Бо ҷорӣ шудани низоми табобати пулакӣ дар муассисаҳои тиббии шаҳри Сарбанд шумори дардмандоне, ки ба беморхонаҳо муроҷиат мекунанд, 15 дарсад коҳиш ёфтааст.
Сарбанд дар баробари шаҳри Норак ва ноҳияи Данғара яке аз се ноҳияи таҷрибавӣ дар вилояти Хатлон аст, ки шомили барномаи кафолатноки давлатӣ мебошад, яъне дар ин навоҳӣ барномаи хидматрасонии пулакии тиббӣ ҷорӣ шудааст.

Абдулло Бойчаев, иҷрокунандаи вазифаи сарпизишки бемористони марказии шаҳри Сарбанд, мегӯяд, ҳарчанд нархномаҳои батозагӣ таъиншуда барои муолиҷаи беморон чандон гарон нест, нафарони дардманд аз истифодаи хидматрасонии пизишкони бемористони маҳаллӣ парҳез мекунанд.

Бо ин вуҷуд онҳое, ки айни замон дар бемористони марказии Сарбанд муолиҷа мегиранд, мегӯянд, аз ҷорӣ шудани хидматрасонии пулакии тиббӣ истиқбол мекунанд, ҳарчанд сифати хидматрасонӣ начандон хуб мебошад. Абдулло, як сокини маҳаллӣ, ки интизори таваллуди фарзандаш дар шӯъбаи зоишгоҳи ҳамин бемористон буд, мегӯяд: «Ман ҳамсарамро ба шӯъбаи зоишгоҳи беморхона овардам, ҳамагӣ 62 сомонӣ барои доруву дармонаш супурдам, квитансия доданд, аммо масалан, нафаре ин ҷо ҳаст, ки як ҳафта боз интизор аст, ки кай ҷарроҳӣ мешавад. Вай пул надоштааст, аз ин рӯ, духтурон ба ҷарроҳии вай даст назадаанд…»

Вале як пизишки бемористони Сарбанд бо шарти зикр нашудани номаш гуфт, дар зарфи ду моҳи татбиқи барномаи кафолатноки давлатӣ ду пизишк кори бемористонро тарк карда ва низ чандин ҳамшираи шафқат ҳам дар садади тарки кори бемористон будаанд. Сабаб ин аст, ки ҳарчанд маоши расмии кормандони тиб бисёр ночиз шумурда мешавад, аммо то ин замон пизишкони Сарбанд манбаъҳои ғайрирасмии даромад доштанду ҳоло маҳрум шудаанд.

Абдулло Бойчаев, иҷрокунандаи вазифаи сарпизишки бемористони марказии шаҳри Сарбанд, мегӯяд, мебояд 30 дарсади маблағи ворида ба ҳазинаи бемористон аз ҳисоби хидматрасонии пулакӣ изофа бар маоши кормандони он тақсим шавад. Ӯ мегӯяд, аммо ҳоло чунин нест:
«Баъд аз ҷорӣ шудани барномаи кафолатноки давлатӣ беморхонаи мо 30 ҳазор сомонӣ даромад дошт. Буҷаи солонаи мо барои хариди маводи доруворӣ 14 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Аз ҳамон 30 ҳазор бояд барои маоши пизишкон иловапулӣ дода шавад, аммо ҳоло ин кор сар нашудааст».

Бар асоси нархномаи таъиншудаи хидматрасонии тиббӣ дар бемористон Сарбанд, масалан барои гузаронидани амалиёти ҳуфравии калонсолон аз 381 то 763 сомонӣ, ҷарроҳии кӯдакон аз 193 то 386 сомонӣ, барои педиатрия ва терапия мутаносибан 152 ва 252 сомонӣ, барои момодоягӣ тавассути ҷарроҳӣ 316 ва ёрии тиббӣ ҳангоми таваллуд 125 сомонӣ мебояд пардохта шавад. Барои анҷоми амалиётҳои хароҷоташон махсусан зиёд беморро лозим аст на кам аз 866 сомонӣ бипардозад.

Дар ин миён иштирокдорони ҷанги дуюми ҷаҳонӣ, кӯдакони то яксола, кӯдакони ятиме, ки дар парваришгоҳҳои давлатӣ парасторӣ мешаванд ва шаҳрвандони аз 80-сола бузургтар имтиёз доштаанд, ки аз хидмати пизишкони муассисаҳои тиббии шаҳри Сарсанд ройгон истифода кунанд.