Рӯзу рӯзгори тоҷикони Андарак

Деҳаи Андараки ноҳияи Лолак, воқеъ дар вилояти Ботканд, ки аз шаҳри Бишкек ҳазору дусаду панҷоҳ километр масофа дорад, дар қабати қаторкӯҳҳои Туркистон воқеъ гаштааст.
Аждодони мардуми Андарак камаш саду бист сол муқаддам аз минтақаҳои мухталифи Тоҷикистони имрӯза ба ин ҷо муҳоҷират кардаанд. Сӯҳбати мо бо Назирҷон Тоҳиров, раиси созмони тоҷикони ноҳияи Лолак, ки зодаи деҳаи Андарак мебошад, аз он шурӯъ шуд, ки теъдоди тоҷикони ноҳияи Лолак чи қадарро ташкил мекунад.

Назирҷон Тоҳиров мегӯяд, дар қаламрави ноҳияи Лолак шашуним ҳазор тоҷиктаборон ба сар мебаранд ва аз ин ҳисоб беш аз шаш ҳазори он сокинони деҳаи Андарак мебошанд. Вай афзуд, ки дар деҳаи Қурғон ҳудуди 50 хоҷагии тоҷикон низ ба қайд гирифта шудаанд, ки ба далели кам будани онҳо фарзандонашон дар мактаби қирғизӣ таҳсил мекунанд.

Ҳамчунин дар шаҳраки Исфана низ тоҷикон ҳудуди 300 нафарро ташкил мекунанд. Дар он ҷо низ мактаби тоҷикӣ фаъолият намекунад. Раиси минтақавии созмони тоҷикони ноҳияи Лолак изҳор кард, ки ба деҳаи Андарак ва минтақаҳои дигари он сокинонаш аз ноҳияҳои Ғончӣ, Ӯротеппа ва Мастчоҳи кӯҳна муҳоҷир шудаанд ва замони муҳоҷирати онҳо сад сол муқаддам оғоз шудааст.

Ба гуфтаи Назирҷон Тоҳиров, дар миёни мардуми Андарак соҳибони касбу ҳунари дуредгарӣ, оҳангарӣ ва дӯзандагӣ чандон зиёд нестанд. Вай гуфт, ки мардуми деҳа асосан ба кишоварзӣ ва чорводорӣ машғул аст.

Зимни сӯҳбат бо мардуми аҳли адабу ҳунари Қирғизистон, ки тоҷиктаборанд, масъалаи мактабу маорифи тоҷикӣ ва мушкилоти фориғуттаҳсилоти ин мактабҳо ҳамеша мавриди баҳсу баррасӣ қарор мегирад.

Дар Андарак ин мавзӯъ бори дигар бо мудири мактаби миёнаи Андарак-1 Машрабуллоҳ Юсуфов дар миён гузошта шуд. Машрабуллоҳ мегӯяд, ба мактабҳои олӣ дохил шудани хатмкунандагони мактабҳои тоҷикии Қирғизистон ҳанӯз аз масъалаҳои дараҷаи аввал боқӣ мондааст. Ҳар як қавм мехоҳад, ки фарзандонаш босавод бошанд, зеро замона тақозо менамояд, ки шумораи мутахассисон беш аз пеш биафзояд.

Ба гуфтаи Машрабуллоҳ Юсуфов, дар чанд соли ахир як гурӯҳ шогирдони мактабҳои Андарак-1 ва Андарак-2, ки забони қирғизиро низ омӯхта буданд, ба донишгоҳҳои омӯзгорӣ ва тиббии шаҳри Ботканд, Қизилқия ва Ӯш шомил шуданд ва таҳсилро идома медиҳанд.

Вай афзуд, вале ба далели мушкилоти забонӣ, равуо ва садду монеаҳои дигар аксарияти фориғуттаҳсилони мактабҳои тоҷикии кишвараш аз идомаи таҳсил дар донишгоҳҳои шаҳрҳои Душанбеву Хуҷанди Тоҷикистон, ҳамчунин шаҳри Бишкек, худдорӣ меварзанд.

Гуфта мешавад, ҳалли мусбати квота аз тарафи вазорати маорифи Тоҷикистон барои 50 ё 100 фарзандони тоҷиктабори Қирғизистон кори мушкиле нест. Ба гуфтаи сокинони Андарак, фақат ҳалли мусбати ин масъала каму беш пеши роҳи аз байн рафтани мактабу маорифи тоҷикӣ дар Қирғизистонро хоҳад гирифт. Ба гуфтаи онҳо, дар акси ҳол идомаи фаъолияти мактабҳои тоҷикии Қирғизистон ва ҳифзи забону фарҳанги тоҷикӣ зери суоли ҷиддӣ қарор хоҳад гирифт.