Тамаркузи паёми солонаи Раҳмон ба бӯҳрони ҷаҳонӣ

Дар нимаи моҳи апрел раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, бо паёми солона ба ҳарду табақаи порлумони кишвар муроҷиат хоҳад кард. Ба иттилои хабаргузории "Азия-Плюс", таваҷҷӯҳи асосӣ дар ин паём ба коҳиши пайомадҳои бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ ва чораҳои ҳукумати Тоҷикистон дар ин самт равона хоҳад шуд.