Инқилоби Барзу Абдураззоқов

Намоишномаи манъшудаи коргардони саршинос Барзу Абдураззоқов «Девонагӣ. Соли 93» шоми якшанбе дар театри Маяковскии пойтахт ба намоиш гузошта шуд.
“Девонагӣ. Соли 93” асари нави Барзу Абдураззоқов аст, ки бар асоси асари драманависи фаронсавӣ Петер Вайс "Таъқиб ва қатли Жан Пол Марат", ки аз сӯи дастаи ҳунармандони клиникаи психиатрии Шарантон иҷро шудааст, рӯи саҳна омадааст. Ин намоишнома ҳодисаҳои замони инқилоби буржуазии соли 1793 дар Фаронсаро дарбар мегирад.

Аммо мақомоти вазорати фарҳанги Тоҷикистон миёни девонагии соли ...93-и Фаронса ва соли ...93-и Тоҷикистон монандиҳое дида, дар аввал монеъи баргузории он шудаанд.

Аммо ин намоишнома бо тағйири ном, яъне аз “Девонагӣ. Соли 93” ба “Девонагӣ. Соли 1793” мавриди намоиш қарор гирифт.