Куштори шаш куҳансол дар як осоишгоҳи Амрико

Бар асари як ҳодисаи тирандозӣ дар осоишгоҳи пиронсолон дар аёлати Каролинаи Шимолии Амрико шаш нафар кушта ва панҷ тан захмӣ шудаанд.
Раиси полиси шаҳри Карфаген Крис Маккензӣ дар сӯҳбат бо шабакаи телевизионии “Си-Эн-Эн” гуфт, ки дар ҷои ҳодиса шаш кас ҷон доданд ва се нафар, аз ҷумла як афсари полиси маҳаллӣ, бо захмҳои гуногун ба бемористон интиқол ёфтанд.

Гретхен Келли, сухангӯи бемористони ин шаҳр, дертар хабар дод, ки аз шаш нафаре, ки бо захмҳои мухталиф ба ин ҷо интиқол ёфтанд, се кас ба ҳалокат расид ва ду нафарашон дар бемористон мавриди табобат қарор доранд. Як тан аз ҷароҳатбардоштагон баъди ташхиси табибон бемористонро тарк кардааст.

Тибқи хабарҳо, субҳи якшанбе, 29-уми март, як шахси мусаллаҳ вориди осоишгоҳи пиронсолон шуд ва аз туфангаш оташ кушода, дар ҷои ҳодиса шаш касро ба қатл расонд.

Сардори полиси маҳаллӣ Крис Маккензӣ гуфт, ки ангезаҳои даст задани шахси мусаллаҳ ба ин иқдом то айни замон равшан нест, аммо афзуд, ки ҳамлагарро, ки низ маҷруҳ шудааст, дар қатори дигар осебдидагон ба бемористони мазкур бурдаанд ва дар айни замон вай зери назорати табибон қарор дорад.

Дар моҳи равон ин севвумин ҳодисаи тирандозӣ дар ҷанубу шарқи ИМА мебошад. 10-уми март ҷавонмарди 28-сола дар аёлати Алабама 10 нафар, аз ҷумла модари худро ба қатл расонд. Ин ҷавон ба полис таслим нашуд ва худкушӣ кард. Чанд рӯз баъд дар шаҳри Маямии аёлати Флорида муҳоҷири кубагӣ пеш аз худкушӣ чор нафар ва дар қатори онҳо ҳамсари собиқашро бо тири туфангаш ба ҳалокат расонд.