Бар асари як инфиҷори худкушона дар масҷиде дар шимоли ғарбии ин кишвар камаш 48 нафар кушта шудаанд.
Инфиҷор бинои масҷидро дар шаҳраки Ҷамрӯд, наздикии марз бо Афғонистон, ба харобазор табдил додааст. Ба таъйиди намояндаи аршади ҳукумати маҳаллии минтақаи Хайбар, зиёда аз 70 нафари дигар захмӣ шуда, эҳтимол меравад, шумори қурбониён ба маротиб бештар аст.
То ҳанӯз ҳеҷ гурӯҳе масъулияти ин ҳамларо бар дӯш нагирифтааст. Дар гузашта ин минтақа маҳалли рақобатҳои гурӯҳҳои қавмӣ ва ҳамлаҳои мусаллаҳони «Толибон» будааст.
То ҳанӯз ҳеҷ гурӯҳе масъулияти ин ҳамларо бар дӯш нагирифтааст. Дар гузашта ин минтақа маҳалли рақобатҳои гурӯҳҳои қавмӣ ва ҳамлаҳои мусаллаҳони «Толибон» будааст.