Ҳамлаи нави малахҳои марокашӣ ба Хатлон

Бо фарорасии айёми киштукор дар вилояти Хатлон мушкили ҳамлаи малахҳои марокашӣ ба майдонҳои кишт дубора ба миён омадааст.
Ба иттилои мақомоти расмии вилояти Хатлон, танҳо дар даҳ рӯзи ахир малах дар 72 ҳазор ҳектор замин ва пуштаҳои ҷануби кишвар мушоҳада шудааст. Зимнан, дар шаҳри Қӯрғонтеппа ситоди вилоятӣ ва дар навоҳии Хатлон ситодҳои ноҳиявии мубориза алайҳи ҳамлаи малах таъсис дода шудааст.

Абдураҳмон Қодирӣ, муовини аввали раиси вилояти Хатлон ва ҳам раиси ситоди вилоятии зидди малах, дар ин робита мегӯяд: «Соли гузашта, ки камбориш буд, дар кӯҳу теппаҳо алаф нашуд ва малах ба поин фаромад. Мо ба осонӣ онро тавонистем нобуд созем. Аммо имсол борон бисёр борид, алаф ҳаст, малахҳо зиёдтар шуданашон мумкин ва зиёдтар тухм гузошта метавонанд. Аз ин рӯ моро лозим аст ба зудтарин фурат онро дар маҳалли пайдоишашон нобуд кунем».

Бо ин вуҷуд, ки пайдоиши малах дар қаламрави баъзе навоҳии Хатлон дар ҳафтае пеш мушоҳада шудааст, масъулин бо таъкид ба адами заҳри зидди малах ва дастгоҳҳои вижа умури безараргардониро оғоз накардаанд.

Сайфиддин Саҳобов, як масъули идораи мубориза бо ҳамлаи малах дар ноҳияи Қумсангир, мегӯяд, аммо беш аз 12 ҳазор ҳектор замини ин ноҳия низ мавриди ҳамлаи малахҳои марокашӣ қарор гирифта ва бояд ба зудтарин фурсат умури поккории майдонҳо аз малах шурӯъ шавад. Дар сурати акс, мегӯяд оқои Саҳобов, ҳаҷми хисорот ба даҳҳо ҳазор сомонӣ хоҳад расид: «Мо ба наздикӣ кори мубориза бо малахро сар мекунем. Барои ин ба мо қариб 30 ҳазор сомонӣ лозим аст, ки аз ҳамлаҳои малах ва харобкориҳояшон ҷилавгирӣ намоем».

Дар ҳамин ҳол масъулини ҳукумати ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии Хатлон ҳам аз доман паҳн кардани малахҳои тахрибкор изҳори нигаронӣ карда, аз вазорати кишоварзӣ ва ҳукумати Хатлон талаби кӯмак дар роҳи мубориза бо ин навъи ҳашарот намудаанд. Нусратулло Бекназаров, муовини раиси ҷамоати деҳоти «Ифтихор»-и ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ мегӯяд: «Имсол ҳам дар ҳудудҳои ҷамоати мо малах мушоҳида мешавад. Танҳо дар соли гузашта 100 ҳектар замини моро малах зер кард ва ҳаҷми хисороти расида ҳам зиёда аз 160 ҳазор сомониро ташкил дод».

Барои маҳви малахҳо ва ҷилавгирӣ аз тахрибкориҳои бештари онон мақомоти ҳукумати вилояти Хатлон аз Ҳукумати Тоҷикистон дархост кардаанд, наздик ба 1000 нафар аз сарбозони вазорати дифоъ ва кумитаи ҳолатҳои изтирориро ба кӯмаки ситоди мубориза бо малах фиристад.

Вазорати кишоварзии Тоҷикистон ахиран аз хориҷа 204 адад дастгоҳҳои зиддималах харидорӣ карда, ки ҳар яке то 150 доллар арзиш доштааст ва тақдими ситоди мубориза бо малахи Хатлон намудааст.