Қимати хун дар Маркази вилоятии хуни рақами 1-и шаҳри Қӯрғонтеппа якбора боло рафтааст. Сар аз моҳи март дар маркази мазкур хариду фурӯши хун бар асоси нархномаи нав сурат мегирад.
Ҳамон гуна, ки яке аз масъулони Маркази хуни вилояти Хатлон гуфт, иллати гаронтар шудани қимати хидматрасонии марказ ва маҳсулоти таҳиякардаи он беқурбшавии пули миллӣ ва бӯҳрони ҷаҳонии ҳоким будааст. Ба гуфтаи манбаъ, аксари кулли фанноварии лозим ба ин марказ аз Русия ва кишварҳои Аврупо ворид мешудааст ва бо назардошти афзоиши нархҳо ва роҳкиро мақомот водор шудаанд, дар нархномаи қаблии худ таҷдиди назар кунанд.
Ҳамакнун, дар ин марказ 100 мл хуни ҷудокардашуда - 30 сомонӣ, 100 мл плазмаи навяхкардашуда ва ҳамин миқдор плазмаи гемофилия – 38 сомонию 50 дирам, як воя криопресипитат – 60 сомонӣ, ва 100 мл эритроситҳои шусташудаю плазмаи зидди стафилакокк – аз 40 то 45 сомонӣ арзиш доштааст.
Манбаъ афзуд, ба ин марказ танҳо афроди ниёзманд муроҷиат мекунанд ва гоҳе мешавад, ки бинобар набудани хуни гурӯҳи муайян беморону ниёзмандон водор мешаванд, дар ҷустуҷӯи хун ба шаҳрҳои дигар бираванд.
Дар ҳамин ҳол, Тошпӯлод Ҳазратқулов, сокини шаҳри Қӯрғонтеппа, мегӯяд, омода аст ба хотири дасти кӯмак дароз кардан ба афроди бемору ниёзманд ройгон миқдоре хун супорад, аммо ба покизагии хуне, ки дар марказҳои хун ба фурӯш гузошта мешавад, чандон эътимоди қавӣ надорад: «Зеро рости гап, соли 2004-ум буд, ки бинобар ба садама афтодани додарам, духтурон гуфтанд, ки оҷилан хун биёред. Мо ҳамон гурӯҳи лозимии хунро пайдо карда натавонистем ва маҷбур шудем, ки ба Душанбе равем. Аз беморхонаи Қарияи Боло хун харидем ва ба бадани додарам онро гузарониданд. Аммо баъди ҳамаги 20 рӯз додарам фавтид. Гуфтанд, ки ҳамон хун вайрон будааст. Ин ҳодиса ҳеҷ аз ёдам намеравад…»
Сокини дигари шаҳри Қӯрғонтеппа омӯзгор Одинаева мегӯяд, идеяи фурӯши хунро ҷонибдорӣ намекунад ва ба андешаи ӯ, бояд давлат ҳаддалимкон ба беморону ниёзмандон ҳангоми зарурат хунро ройгон таъмин намояд. Аммо ин зан аз зани дигаре ном мебарад, ки ба сабаби надоштани даромад ва бечорагӣ бо хуни худ ба истилоҳ, тиҷорат мекунад: «Духтареро медонам, ки дар ҷое кор намекунад ва камбағал асту баъзан хуни худашро мефурӯшад. Ба қарибӣ азбаски пул надошт ва маҷбур буд ба ноҳияе сафар кунад, ба маркази хун рафта хун супорид ва пул гирифта кораша буд кард. Аммо ҳоло шикоят мекнад, ки бемор шудааст. Хунаш кам. Умуман, мо тоҷикон шояд аз иқлим бошад, ё чизи дигар ки табиатан хунамон кам аст…»
Ва аммо ҳамсӯҳбати мо аз маркази хуни вилояти Хатлон, мегӯяд, мақомоти ин марказ ягона роҳи кӯмак ба афроди нодорро ин гуна пайдо кардааст, ки агар нафаре эҳтиёҷманд асту имкони харидорӣ надорад, бояд як нафарро аз ҷумлаи пайвандонаш барои хунсупорӣ ба марказ биёрад. Дар иваз ба ӯ 200 гр массаи эритроситӣ ё ин ки 150 гр плазмаи нав якхкардашуда дода мешавад. Ҳамчунин, ба ивази хуни ду донор як воя массаи эритроситҳои шусташуда тайёр карда мешудааст.