Таъсиси ҷоизаи ба номи С. А. Нурӣ

14-уми март, таҳти унвони «Устод Нурӣ: шахсият, андеша ва осор» дар шаҳри Душанбе як нишаст баргузор шуд.
Он бо иштироки намояндагони давлат, корпусҳои дипломативу созмонҳои байнулмилалии муқими пойтахт, коршиносону донишмандон ва улмои ислом, ба хотири гиромидошти 62-вумин солгарди таваллуди Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, муассис ва поягузори нахустин ҳизби сиёсии мазҳабӣ дар Осиёи Марказӣ доир шуд.

Зимни суханрониҳо нотиқон аз хидматҳо ва корномаи Саййид Абдуллоҳи Нурӣ, раҳбари пешини Ҳизби Наҳзати исломии Тоҷикистон ва раиси собиқ Кумисиюни оштии миллии Тоҷикистон дар роҳирасидан ба сулҳ ва ризояти миллӣ дар кишвар таъкид карданд.

Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ ва вакили ин ҳизб дар Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, дар фароварди нишаст аз таъсиси Ҷоизаи минтақаии сулҳи ба номи Сайид Абдуллоҳи Нурӣ хабар дод, ки ҳамасола аз сӯи ин ҳизб тақдим хоҳад шуд.

Нишасти гиромидошти мавлуди Саййид Абдуллоҳи Нурӣ, муассиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, нахустин ва то ҳоло танҳо ҳизби сиёсии мазҳабӣ дар Осиёи Марказӣ, дар толори бинои Иттифоқҳои касабаи шаҳри Душанбе, ки моломоли ҳаводорон ва пайравони ӯ буд, доир гардид. Бештари афроде, ки дар ин нишаст суҳбат карданд аз ҷаноби Нурӣ ба унвони шахсияте ном бурданд, ки исломи сиёсиро дубора дар ҷомиъа матраҳ кард ва манзалату шаҳомати онро аз кунҷи зиллат то ба сатҳи давлат боло бурд.

Сайфулло Сафаров, муовини раиси Маркази тадқиқоти стратегии назди раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, аз иштиркдорони ин нишаст, мегӯяд тафовути Нурӣ ба ҳайси як рӯҳонӣ ва пешвои сиёсии мазҳабӣ дар он буд, ки динро дар хидмати ҷомиъа қарор дод ва ҷомеаро бо партав ва ҳидояти дин роҳнамоӣ кард.

Рустами Ваҳҳоб, яке аз донишмандони тоҷик, гуфт, ки бузургтарин хидмати Саййид Абдуллоҳи Нурӣ ба унвони як пешвои сиёсии мазҳабии ҳазорон сарбози мусаллаҳ ва обдида зери итоат дошта ин буд, ки сулҳро бар ҷанг тарҷеҳ дод ва манофеъи миллиро бар манофеъи ҳизбӣ ва ҳатто мазҳабӣ болотар гузошт.

Дар хатми нишасти мазкур Муҳиддин Кабирӣ аз тасмими таъсиси Ҷоизаи минтақавии сулҳи ба номи Саййид Абдуллоҳи Нурӣ хабар дод, ки ҳамасола аз сӯи ин ҳизб тақдим хоҳад шуд. Ба ин далел, тазаккур дод ӯ, устод Нурӣ, раиси собиқи Ҳаракати Исломии Тоҷикистон, яъне як ҷониби сулҳ ва яке аз имзокунандагони санади сулҳи тарафҳои тоҷик буд, ва аз ин рӯ Шӯрои сиёсии ҲНИТ таъсиси ҷоизаи сулҳ бо номи ӯро ҳаққи худ медонад.

М. Кабирӣ афзуд, ки ҷоизаи минтақавии сулҳ ба беҳтарин сиёсатмадорон, донишмандон, адибону рӯзноманигорон ва афроди саршиносе тақдим хоҳад шуд, ки бо иқдомоти худ дар амри таъмини сулҳ, рушди фарҳанги сулҳ ва ҳифзу субот дар минтақа хидматҳои шоистаеро анҷом додаанд.

Дар ҳамин ҳол, оқои Кабирӣ санаи мушаххас барои тақдими ин ҷоиза, маблағ ва тарзи муайян кардани онро бар уҳдаи Шӯрои сиёсии ҳизб вогузор кард. Ӯ таъкид кард, ки Кумисиюни мустақил барои эътои ин мукофот аз шумори афроди саршинос, донишманди берун аз ҲНИТ ташкил хоҳад шуд.

Саййид Абдуллоҳи Нурӣ, раиси пешини Кумисиюни оштии миллии Тоҷикистон, ниҳоди муштараки давлат ва мухолифони тоҷик дар солҳои 1997 – 2000, баъди бемории тӯлонӣ дар моҳи августи соли 2006 аз ҷаҳон даргузашт.