Нахустин як чопхонаи муосиру тавонманд барои нашри матбуоти даврии вилояти Хатлон ояндаи наздик мавриди истифода қарор хоҳад гирифт.
Ба иттилои Бобохон Шарбатов, раиси матбааи вилоятии Қӯрғонтеппа, ахиран аз давлати Чехия ва Чин дастгоҳҳои нави чопӣ харидорӣ ва дар ин чопхона насб карда шуд. Вай мегӯяд, аз ин ба баъд нашрияҳои маҳаллӣ, ки аксаран дар чопхонаҳои шаҳри Душанбе бо мушкилаҳо ва сарфи маблағҳои зиёд ба табъ мерасиданд, метавонанд бо қимати дастрас ва дар зудтарин фурсат рӯйи чоп биёянд. Окои Шарбатов мегӯяд:
«Ифтитоҳи чопхонаи таҷдидшуда дар арафаи ҷашни Наврӯз дар назар аст. Мо бо сарфи 30 ҳазор доллари амрикоӣ дастгоҳҳои нав харидем, ки метавонад дар як соат то 12 ҳазор нусха газетаро дар формати А-3 чоп намояд. Фикр мекунам, ҳамин иқтидор алъон кофист, зеро газетаҳои ноҳиявӣ маъмулан ҳамагӣ аз 300 то 500 нусха чоп мешаванду танҳо нашрияҳои вилоятӣ аз 2 то 3 ҳазор нусха нашр мешаванд. Оянда ният дорем, дастгоҳи нави чопи китобҳоро низ ба Қӯрғонтеппа ворид созем».
Бинои матбааи вилоятии воқеъ дар шаҳри Қӯрғонтеппа ҳанӯз дар солҳои 30-юми асри гузашта сохта шуда, ҳоли хароб дорад. Фанноварии чопхона низ аз асри 20-ум ба мерос монда, қуввати нашри беш аз 1000 нусха рӯзномаро надоштааст ва он ҳам дар пайи чандин соат.
Аммо коршиносон ва ноширони маҳаллӣ акнун ба ин умед ҳастанд, ки бо корандозӣ шудани чопхонаи наву замонавӣ дар Қӯрғонтеппа имкон дорад, иддае аз нашрияҳо ҳаррӯза, ё ҳадди ақалл ҳафтае ду маротиба ба чоп бирасанд. Давлати Султон, рӯзноманигори собиқадори маҳаллӣ, дар ин иртибот мегӯяд:
«Тайи фаъолияти чандинсолаам дар соҳаи матбуоти Хатлон ёд дорам, ки дар ду даҳсолаи қабл дар ҳамин матбааи вилоятӣ ҳамарӯза газетаҳо чоп мешуданд. Нашрияҳои маҳаллӣ ҳафтае панҷ маротиба бо теъдоди 50 ҳазор нусха ба нашр мерасиданд. Аммо ҳоло нашрияҳо ҳоли вазнин доранд, дар Душанбе чоп мешаванд. Шояд бо мавриди истифода қарор гирифтани чопхонаи нав дар Қӯрғонтеппа мушкили нашрияҳои маҳаллӣ ҳам то ҷое осон шуда, мо рӯйи рӯзномаҳои босифати ҳарӯзаро низ хоҳем дид».
Ин ҳам дар ҳолест, ки таҷдиди чопхонаи вилоятии шаҳри Қӯрғонтеппа ва ба ин васила тавлиди як матбааи муосиру тавонманд дар вилояти Хатлон барои нахустин бор дар 17 соли касби истиқлолият дар ҷануби кишвар сурат гирифтааст.
Ҳамин ҳоло дар қаламрави вилояти Хатлон 34 нашрияи даврӣ ва чанд маҷаллаи дигар мавҷуданд, ки аксаран дар берун аз ҳудудҳои вилоят ба нашр мерасанд. Масъулини матбааи мазкур мегӯянд, ният доранд бо таъин намудани қимати нисбатан арзони хидматрасонии чопӣ бозори гарми чопхонаҳои Душанбе, пойтахтро, ки ҳар моҳ аз ҳисоби чопи нашрияҳои Хатлон беш аз 35 ҳазор сомонӣ даромад доранд, моил ба худ кунанд.
«Ифтитоҳи чопхонаи таҷдидшуда дар арафаи ҷашни Наврӯз дар назар аст. Мо бо сарфи 30 ҳазор доллари амрикоӣ дастгоҳҳои нав харидем, ки метавонад дар як соат то 12 ҳазор нусха газетаро дар формати А-3 чоп намояд. Фикр мекунам, ҳамин иқтидор алъон кофист, зеро газетаҳои ноҳиявӣ маъмулан ҳамагӣ аз 300 то 500 нусха чоп мешаванду танҳо нашрияҳои вилоятӣ аз 2 то 3 ҳазор нусха нашр мешаванд. Оянда ният дорем, дастгоҳи нави чопи китобҳоро низ ба Қӯрғонтеппа ворид созем».
Бинои матбааи вилоятии воқеъ дар шаҳри Қӯрғонтеппа ҳанӯз дар солҳои 30-юми асри гузашта сохта шуда, ҳоли хароб дорад. Фанноварии чопхона низ аз асри 20-ум ба мерос монда, қуввати нашри беш аз 1000 нусха рӯзномаро надоштааст ва он ҳам дар пайи чандин соат.
Дар вилояти Хатлон 34 рӯзнома ва чанд маҷалла фаъолият мекунад, ки аксаран дар берун аз ҳудуди вилоят чоп мешаванд ...