Тибқи хабарҳои расида дар шаҳри Ӯш, воқеъ дар ҷануби Қирғизистон, наворбардори ширкати садову симои «ОшТВ» Баҳодур Кенҷабоев мавриди ҳамлаи ашхоси номаълум қарор гирифт.
Гуфта мешавад, ин дуввумин ҳамла ба корманди васоити ахбор дар даҳрӯзаи аввали моҳи март аст, ки нигарониҳои журналистонро ба бор овардааст. Дар ҳамин ҳол Баҳодур Кенҷабоев, ки бар асари ҳамлаи ашхоси номаълум ҷароҳатҳои зиёд бардошта буд, аз тарафи пизишкони шӯъбаи ҷароҳатҳои бадани бемористони шаҳри Ӯш муоина ва муолиҷа мешавад.
Ба гуфтаи пизишкон, ба ҷони Баҳодур Кенҷабоев марг таҳдид намекунад, вале ҷароҳатҳое, ки наворбардори «ОшТВ» бардоштааст, пизишконро водор хоҳад кард, ки як муддат вайро мавриди муолиҷаи ҷиддӣ қарор диҳанд.
Кормандони ширкати садову симои Ӯш мӯътақиданд, ки ҳамла ба Баҳодур Кенҷабоев маҳз ба фаъолияти касбии ӯ марбут аст. Ба гуфтаи онҳо, ин ҳамла бидуни иштибоҳ ба он нигаронида шудааст, ки тарсу ваҳм дар дили кормандони васоити ахбори умуми кишварашон биафзояд. Бино ба ақидаи ҳамкорони Баҳодур, вай ба ҳайси сарнаворбардори ширкати садову симои «ОшТВ» ахиран перомуни ҳодисаҳои ришватхорӣ ва таҳаввулоти дигар, ки эътибори баъзе дастандаркорони идораҳои ҳукуматиро коҳиш медод, чанд лаҳза ба навор бардошта, онро тавассути телевизион намоиш дода буд.
Кормандони ширкати садову симои Ӯш аз журналистони васоити ахбор ва созмонҳои ҷамъиятии кишварашон даъват кардаанд, ки ба ин ҳодиса бетафовут набошанд.
Аммо Азизбек Тешабоев, сардори шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Ӯш, мавриди ҳамла қарор гирифтани наворбардори «ОшТВ»-ро як ҳодисаи оддӣ арзёбӣ кардааст. Ба гуфтаи ҷаноби Тешабоев, аз ин лиҳоз ҷилои сиёсӣ касб кардани ҳодисаи мазкур ҳаргиз ба мақсад мувофиқ нахоҳад буд.
Ёдовар мешавем, ки 3 марти соли равон Сиргак Абдилдаев, шореҳи сиёсии нашрияи «Репортёр Бишкек», аз тарафи як идда ашхос мавриди сӯиқасд қарор гирифт. Вай аз зарби корд 21 ҷароҳат бардошт ва дар ҳамин ҳол дар бемористон бистарист. Дар ҳоле ки назорати таҳқиқи сӯиқасд ба ҷони Сиргак Абдилдаевро вазири дохилаи Қирғизистон бар дӯш дорад, вале гуфта мешавад, ки ҷинояткорони ҳодиса ҳанӯз дар озодӣ ба сар мебаранд.
Созмонҳои хабарнигории Қирғизистон сӯиқасд ба ҷони Сиргак Абдилдаев ва ҳодисаҳои дигари марбут ба журналистонро фишор болои озодии баён арзёбӣ мекунанд.