Асри XXI ва масоили боқимондаи занон

Тоҷикистон, соли 2009

Дар асри нав низ занон ҳамоно бо масоъили мубрами паст задани ҳуқуқи худ рӯбарӯ ҳастанд.
“Ҳуқуқи духтарон ғолибан ҳануз аз таввалуд поймол ва ҳамеша дар муқоисаи онҳо, ба писарон бартарият дода мешавад” - мегӯяд Силвия Боррен, ҳамоҳангсоси барномаи ҳамкории байнулмилали алайҳи камбизоатии СММ.

Хонум Боррен меафзояд, дар баъзе аз кишварҳои ҷаҳон волидон ҳатто ба духтарон ғизои камтар аз писаронро медиҳанд, аммо дар ҳамин ҳол кори вазнини ҷисмонӣ, тарбияи бародару хоҳарони хурдсол, ба души онҳо вогузошта шудааст, ки боиси аз таҳсил дур монданашон мегардад.
Тоҷикистон, асри XXI
Вақти холии бисёре аз духтарон, меафзояд ӯ, камтар аз писарон буда, маъмулан онҳо барои бозию дигар дилхушиҳои бачагона фурсат намеёбанд: “Яке аз ҳуқуқпоймолкуниҳои маъмул дар ҳаёти занони дунё нақзи ҳуқуқ дар хона ва зӯроварии ҷинсӣ аст, ки ин ҳама ба саломатӣ, зиндагии солим ва ба рушди шахсии духтарон таъсири манфӣ мерасонад. Занони ҷавонеро мебинем, ки барои хушбахтию зинда мондани атфолашон сахт заҳмат мекашанд, аммо бо ин вуҷуд онҳо дар ҷомиъа ҳақққи кофии овозро надоранд. Зеро дар соҳаҳои муҳимми ҷомиъа, аз қабили додгоҳ, порлумон, мактабҳо, намояндагони кофии занон фаъолият намекунанд. Аз ин рӯ онҳо дар баробари кори сангин хомӯширо ихтиёр мекунанд, вагарна ҷазо хоҳанд дид”.

Силвио Боррен ба шарҳи бардошти худ идома медиҳад: “Дар тақсими мерос низ духтарон ба беадолатӣ мувоҷеҳ мешаванд. Дар баъзе аз кишварҳо вақте шавҳар вафот мекунад, тамоми сарвату дороиро хешу табори мард соҳиб мешаванд ва занон аслан бе моликият мемонанд. Ё вақте духтарон шавҳар мекунанд, маъмулан аз ҳаққи худ дар хонаи падар маҳрум мешаванд. Дар бисёр минтақаҳо сокинон ба оби поки ошомидани дастраси надоранд ва духтарону модарон бо тай намудани масофаи дур ҳамарӯза ба хонаводаҳояшон обу ҳезум меоранд.
Бо ин ҳама агар бегоҳ бо омадани шавҳар хӯроки шом омода набошад, боз ӯ ҷазо мебинад”
.

Ба андешаи С. Боррен, бисёри ҳукуматҳо барои ҳимояи ҳуқуқи занон кам кореро анҷом медиҳанд. Дар ҳоле ки онҳо бояд барои тарбияи шаҳрвандони фаъол аз ҳисоби духтарону писарон барномаҳои зиёди ҳадафрасро амалӣ созанд. Аз ин рӯ барномаи ҳазорсолаи СММ бо назардошти мушкилоти мавҷуда таваҷҷуҳи аслиро ба вазъи риъояти ҳуқуқи инсон, то ҳадди имкон фароҳам овардани имконоти дастрас ба зиндагии солим, баланд бардоштани сатҳи дониш ва сифати зиндагии модару кӯдак равона мекунад.

Ҳамасола ҳудуди ним миллион модар зимни тавваллуди фарзанд ва 10 миллион кӯдакони то 5-сола мефавтанд.
Афғонистон, Қундуз, соли 2009
Дар ҳамин ҳол ҳудуди 72 миллион наврас баъд аз синфи панҷ таҳсилашонро дар мактабҳо идома намедиҳанд, ки шумори аъзами онҳоро духтарон ташкил медиҳанд. С. Боррен: “Вакте ки онҳо таҳсил намекунанд, шумори кӯдакони коргар низ меафзояд, ки ин ғайриқонунӣ аст. Мутаассифона, ҳанӯз ҳам дар ҳолатҳои гуногун ғуломии кӯдакон мушоҳида мешавад. Маъмулан, писарон барои иҷрои корҳои вазнин, духтарон ба танфурушӣ ё хизматгорӣ маҷбур мешаванд”.

Силвио бар ин ақида аст, ки омӯзиш бояд комилан ройгон бошад, то ин ки новобаста аз вазъи иҷтимоӣ, кӯдакон имкони таҳсил карданро дошта бошанд.

Ба бовари мутахассисон, надоштани ғизои солим боиси камхунӣ ва сар задани бемориҳои мухталиф мегардад. Ғизои якрангу камвитамин, шарҳ медиҳанд онҳо, зимни таввалуди фарзанд занонро ба мушкилоти зиёд рӯ ба рӯ мекунад. Силвия Боррен дар ин робита мегӯяд: “Аз ин рӯ қисме аз занон маҷбур мешаванд, ки аз миёни фарзандон интихоб намоянд, то кадомеро зинда нигоҳ доранд. Ва ҳаққи зиндагиро волидон одатан ба кӯдакони солиму нерӯманд медиҳанд. Ин дарди модарони камбизоати африқоитабор аст. Ман бовар дорам, ки дар рӯи замин мо ғизои кофӣ дорем ва бояд нагузорем, ки модаре аз гуруснагӣ ба ин кори нангин даст занад”.

Тоҷикистон, деҳқонзанон дар саҳро
Силвио Боррен дар ин хусус зиёд фикр кардааст ва илоҷи масъаларо ба гунаи зайл мебинад: “Мо бояд чи кор кунем? Маблағгузориро дар соҳаи кишоварзӣ ва шумори занони мутахасисро дар ин соҳа бояд афзун намуд. Кишварҳоро мебояд иктисодиети худро ба воситаи кишоварзӣ баланд бардоранд. Ин ба он мусоидат мекунад, ки шаҳрвандон имкони харидории ғизои солим ва арзони истеҳсоли дохилиро пайдо намоянд. Ва дар ҳалли ин ҳама мушкилот бояд худи занон бевосита ширкат намоянд. Давлати демократӣ дар ҳоле бунёд мегардад, ки одамон зиндагии осуда дошта бошанд”.

Оид ба мушкилоти занон даҳсолаҳост, ки сухан меравад ва садҳо созмонҳои ҷамъиятиву байнулмилалӣ барои коҳиши мушкилоти рӯзгори онҳо барномаҳои гуногунро амалӣ месозанд. Аммо чунин ба назар мерасад, ки ҳанӯз ҳам сахтиҳои зиндагии онҳо ҳалли худро наёфта то ба имрӯз боқӣ мондаанд. Сабаб чист? Ба назари коршиносон, камфаъолиятии занон, камдонишӣ ва бетафовутӣ ба ояндаи худу духтаронашон ба печида гаштани мушкилоти онҳо сабаб мегардад.

Ангела Меркел, садри аъзами Олмон
Силвия Боррон мегӯяд, нахуст мо бояд ба нақзи ҳуқуқ ва зуроварии занон хотима бидиҳем, баъдан мардон аз тақсими вазифаю курсиҳои хеш бо занон дар вазорату мақомоти давлатӣ ва алалхусус порлумону ҳукумат наҳаросанд: “Барои мисол Руанда як кишвари камбизоати африқоӣ маҳсуб меравад, аммо дар ҷаҳон аз назари арҷгузорӣ ба ҳуқуқи занон яке аз панҷ давлати беҳтарин аст. Пешравии онҳо дар чист? Ҳудуди 55 – 60 дарсади вакилони порлумони ин кишварро занон ташкил медиҳанд, дар донишгоҳҳо ва дигар соҳаҳои муҳимми ҷомиъа шумори зиёди занон фаъолият мекунанд. Аммо ҳарчанд Ҳоланд кишвари сарватманд аст, дар он аз назари баробарии ҷинсӣ пешрафт нест. Дар ин кишвар танҳо аз сеяки аъзои порлумонро занон ташкил медиҳанд”.

Барои коҳиши камбизоатии занон тарғиби соҳибкории хурд дар миёни онҳо муҳим арзёбӣ мешавад, мегӯяд Силвия Боррон. Таъмини ҷои кор ба волидон низ як роҳи ҳалли мушкил аст, зеро ин шумори кӯдакони коргарро коҳиш медиҳад. Силвио мисол меорад, ки дар Ҳиндустон 16 миллион кӯдаки коргар ба сар мебаранд, ки волидони онҳо бекоранд. Ӯ меафзояд, давлатҳои сарватмандро мебояд барои дастгирии рушди иқтисоди давлатҳои камбизоат низ бетафовут набошанд.

Покистон, соли 2008
Силвия Борон: “Замоне одамон зидди ғуломдорӣ мубориза бурданд ва ғолиб ҳам омаданд, акнун бояд ҳама зидди қашоқӣ ва пешрафти демократия кӯшиш намоянд. Аз ҳукуматҳо бояд талаб намуд, то ба он ваъдаҳояшон, ки дар доираи барномаи ҳазорсола додаанд, вафо намоянд”.