Шаҳрвандии Амрико бар ивази хидмат дар артиш

Сарбози амрикоӣ дар назди парчами Ироқ

“Шаш моҳи хидмат дар сафи қувваҳои мусаллаҳи Амрико бар ивази шаҳрвандӣ” чунин аст пешниҳоди ахири Пентагон ба муҳоҷирони Амрико, ки аллакай на камтар аз ду сол дар ин кишвар ба сар мебаранд, навиштааст рӯзномаи Ню-Йорк Таймс.
Рӯзнома менависад, артиши Амрико бинобар сабаби ноустувории вазъ дар Афғонистону Ироқ ва бо ҳадафи ҳалли мушкили норасоии низомиён (низомиёни донандаи забонҳои хориҷӣ ва кормандони соҳаи тиб) иқдоми мазкурро руйи даст гирифтааст. Барномаи мазкур, ки барои як сол пешбинӣ шудааст, ба қувваҳои мусаллаҳи Амрико имкон медиҳад, ки шумори худро аз ҳисоби дорандагони green card афзоянд. Ҳамчунин, аз ин барнома, ки барои 1000 нафар пешбинӣ шудааст, дорандагони раводиди корӣ ва донишҷӯёни кишварҳои хориҷӣ, ки муҳассили донишгоҳу омӯзишгоҳҳои Амрико ҳастанд, метавонанд истифода намоянд.

Донишҷӯёни хориҷии Амрико вобаста ба ҳадаф ва барномаи зиндагиашон ба пешниҳоди мазкур назари мухталиф доранд.
Як ҷавони 25-солаи тоҷик, ки дар артиши Тоҷикистон хидмат накардааст, мехоҳад дар артиши Амрико хидмат намояд. Ӯ мегӯяд, дӯстонаш барои ба даст овардани green card заҳмати зиёд мекашанд ва дар тӯли 6 моҳ гирифтани шаҳрвандӣ пешниҳоди хуб аст. Вале, мегӯяд ин ҷавон, агар хидмат дар кишварҳои исломӣ бошад, намеравад.

Маҳмуд ном шаҳрванди Туркия мегӯяд, дар шароити феълӣ хидмат дар артиши Амрико хатарнок аст ва ӯ дар амалиёти ҷангӣ ширкат кардан намехоҳад.

Сергей ном ҷавони рус гуфт, санҷидани нерӯ дар ин барнома шояд барояш дари муваффақиятро боз кунад.

Аксари ҷавононро тарси ширкат дар амалиётҳои низомӣ ва ирсоли сарбозон ба нуктаҳои доғ аз роҳ мегардонад. Онҳое, ки дар дил танҳо орзуи омӯзиш доранд ва ба ватану сарзамини хеш содиқанд, мегӯянд, новобаста аз шароити зиндагӣ ба зодгоҳашон бояд баргарданд. Аз ҷумла, Клабие ном ҷавони бразилӣ.

Қисмҳои низомии Амрико бештар ба сарбозону афсарони донандаи забонҳои хориҷӣ, асосан форсию арабӣ ва ё яке аз 35 забони маъмул, аз қабили ҳиндӣ, чиной, курдӣ, пашту ва русӣ ниёз доштаанд. Генерал-лейтенанд Бенҷамин мегӯяд, Амрико дар кишварҳои мухталифи дунё қисмҳои низомии худро дорад ва аз ин рӯ барои низомиён донистани фарҳанги миллии ин кишварҳо муҳим аст.

Пентагон мегӯяд, дар сурати бо муваффақ анҷом ёфтани барномаи мазкур дар оянда бо ин роҳ ҷалби сарбозон ба соҳаҳои гуногуни низомии Амрико низ иҷозат дода мешавад. Интизор меравад, тибқи ин барнома дар як сол ҳудди 14 000 довталаб ба сафи қувваҳои муссалаҳи Амрико ворид мешавад. New York Times менависад, феълан, дар артиши Амрико 29 000 хориҷӣ хидмат мекунанд.
Мушкили норасоии сарбозону афсарон дар сафи нерӯҳои мусаллаҳ ин аст, ки хидмат дар Амрико ҳатмӣ нест ва асоси артиши онро шартнома ташкил медиҳад. Ва ҳеҷ кас ҷавонеро барои саркашӣ аз хидмат ба ҷавобгарӣ намекашад.