Мақомоти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон тасмим гирифтаанд, ки мушкилоти таъмини шаҳвандон ба манзилро бо роҳи ҷалби сармояи хусусӣ ҳал кунанд.
Ба гуфтаи намояндагони мақомот, афзоиши ниёзи сокинони шаҳр ба манзил бинобар мавҷуд набудани хонаҷой дар шаҳр ва камбуди буҷа дар мавриди сохтмони манзилҳои истиқомати зарурати рӯ овардан ба сармоягузории хусусиро ба вуҷуд овардааст.
Муовини аввали раиси вилоят Ибоҳимбек Ғозибеков изҳор дошт, ки то ба ҳол дархости бештар аз 1100 нафар сокинон, ки барои соҳиби манзил шудан ба шаҳрдорӣ муроҷиат карданд, бинобар мушкилоти фавқуззикр қонеънашаванда боқӣ мондаанд. Вай афзуд, ки дар чунин ҳолат мақомот бо ҷалби сармояи хусусӣ бунёди биноҳои истиқоматии бисёрошёнаро барои эҳтиёмандони манзил чораи ягонаи поин бурдани шиддати иҷтимоӣ дар ин бахш ва аз сӯи дигар зебо намудани симои меъмории шаҳр мешуморад.
Ба иттилоъи идораи сохтмони асосии вилоят, тайи 15 соли ахир дар маркази вилоят ҳамагӣ ду манзили истикоматии 12 хуҷрадор сохта шудааст, ки дар онҳо кормандони масъули идорӣ бурёкубон кардаанд. Аммо тайи ин чанд соли бӯҳронии сохта нашудани манзилҳои бисёрошёна дар маркази вилоят иддае аз шаҳрвандон барои бо ҳар роҳу восита соҳиб шудан ба хонаҷой ва бунёди манзилҳои хусусӣ талош варзида, наздик ба як ҳазор манзилҳои хусусӣ арзи вуҷуд намудаст.
Ба гуфтаи коршиносон, ахиран чунин усулии бенизоми талош аз ночорӣ ба набуди хонаҷой ва боло рафтани нархи манзил дар маркази вилоят боис шудааст.
Дар ҳамин ҳол роҳбари ширкати хусусии сохтмонии «Комета» Қадамшо Чиниев, ки бунёди нахустин бинои 24-ҳуҷрадори истиқоматиро дар маркази вилоят идома медиҳад, гуфт агарчанде то бурёкубон якчанд моҳи дигар мондааст ва нархи манзили сеҳуҷрадор - 31 ва чаҳорҳуҷрадор 41 ҳазор долларро ташкил медиҳад, аммо ин хонаҳо аллакай аз ҷониби ашхоси пулдор ва эҳтиёҷманд ба манзил харид шудаанд.
Мақомот иддао дорад, ки дар шароити набуди хонаҷой эҳтиёҷмандон бидуни ҳар гуна шарт ва нарх барои соҳиб шудан ба манзил талош хоҳанд варзид. Аммо бархе аз шаҳрвандон бар ин назаранд, ки ба вижа дар шароити бӯҳрони иқтисодӣ нархҳои «осмонӣ»-и хонаҳо барои аксари кулли сокинон дастнорас боқӣ хоҳанд монд.