Хуруҷи Қазоқистон аз шабакаи барқи минтақа

Қазоқистон аз шабакаи барқи Осиёи Марказӣ берун шуд ва тасмим гирифт, ки то 15 апрел берун аз ин система фаъолият намояд. Вале, ба гуфтаи масъулони ширкати саҳҳомии «KEGOC» имкон дорад ҳатто пеш аз ин мӯҳлат низ кишвар дубора ба ин система шомил шавад.
Чунин тасмими Қазоқистонро Марат Муҳаммадсолиев, намояндаи «KEGOC» дар сӯҳбати телефонӣ бо радиои Озодӣ ба вазъе, ки алъон кишвар дар масъалаи таъмини нерӯи барқ ба вуҷуд омадааст, бастагӣ дод.

Вай гуфт, «аз шабакаи муштараки энергетикии Осиёи Марказӣ берун шудани Қазоқистон қадами маҷбурие буд, ки он ба таъмини нерӯи барқ ва суботи он дар ҷануби Қазоқистон ва устувории кори шабакаи миллии таъминкунандаи барқи кишвар рабт мегирад. Зеро шурӯъ аз моҳи феврал дар системаи муштараки энергетикии минтақа халалдор гардидани таносуби тавлид ва истифодаи барқ ба мушоҳида мерасад. Аз ҷумла, системаи энергетикии Тоҷикистон берун аз нақша беш аз 84 миллион киловатт- соат барқро истифода кард ва ин дар ҳолест, ки захираи об чун дар обанборҳои Нораку Қайроқум ва Тухтагул назар ба соли гузашта тақрибан 40 дарсад коҳиш ёфта, дар натиҷа, тавлиди барқ низ дар ин нерӯгоҳҳо хеле кам шуд, аз ин хотир Қазоқистон тасмим гирифт, ки ҷудо аз системаи муштарак фаъолият намояд.»

Ин ҷудоӣ ба гуфтаи Муҳаммадсолиев, то нимаи моҳи апрел, то он замоне, ки пиряхҳо об шуда, миқдори об дар обанборҳо ба миқдори зарурӣ ҷамъ шавад ва имкони тавлиди нерӯи барқ ба миқдори зарурӣ ба вуҷуд ояд, идома хоҳад кард.

Аз сӯи дигар, чунин тасмими Қазоқистон, ба гуфтаи оқои Муҳаммадсолиев, ба имконоти фаннии системаи интиқоли барқи кишвар низ бастагӣ дорад. Зеро шабакаи интиқоли барқи Шимолу Ҷануб, ки иқтидораш 630 мегаватт аст, имкони интиқоли барқи зиёда аз меъёрро надорад ва таври маълум, баъди аз ҳад зиёд истифодаи барқ аз ҷониби кишварҳои ҳамсоя он дучори мушкилоти фаннӣ гардида буд ва агар чунин тасмим гирифта намешуд, шояд кишвар ба мушкилоти бештаре мувоҷеҳ мегардид. Вале корманди масъули ширкати саҳомии «KEGOC» таъкид кард, ки ин мушкил худи ҳамин сол рафъ хоҳад шуд, зеро, агар то охири сол шабакаи дуюми интиқоли барқи Шимолу Ҷануб дар Қазоқистон фаъол шавад, интиқоли барқ тавассути ҳарду шабака ба 1350 мегаватт мерасад ва зимистони оянда чунин мушкилоти фаннӣ дар интиқоли барқ пайдо нахоҳад шуд.

Таври маълум, дар мавриди истифодаи барқ байни Қазоқистону Тоҷикистон созишномае ба имзо расида буд, ки тибқи он айёми зимистон Қазоқистон миқдори муайяни барқро ба Тоҷикистон интиқол медиҳад ва он вомро Тоҷикистон вақти баҳор, чун тавлиди нерӯи барқ зиёд мегардад,мепардозад. Тоҷикистон, тавре Валерий Ли, муовини раиси ширкати саҳомии «KEGOC» гуфтааст, воми хешро тақрибан моҳҳои май-июн хоҳад пардохт ва ба Қазоқистон ба ивази ҳар 100 киловатт барқи гирифттааш 120 киловатт барқ хоҳад дод.

Вале, аз сӯи дигар, ба навиштаи нашрияи Қирғизистон «Моя столитса» чун Тоҷикистон бидуни иҷоза аз системаи муштараки интиқоли барқ миқдори зиёди неру гирифтааст, дар натиҷа, ба ҷуз ин кишвар интиқоли барқ ба Қирғизистон низ қатъ гардидааст ва дар ин ҷо низ аз камбуди барқ мардум дучори мушкилот гардидаанд.