"Русияи воҳид" боз ҳам дар интихобот пирӯз шуд

Комиссиюни Марказии интихоботии Русия натоиҷи интихоботи мақомоти маҳаллии рӯзи якшанбе дар 79 минтақаи кишварро эълон кард. Ба иттилоъи расмӣ, дар 9 минтақае, ки интихоботи маҷлисҳои қонунбарор доир гардид, ҳизби “Русияи воҳид” пирӯз шудааст. Владимир Чуров, раиси Комиссиюни Марказии интихоботи Русия, изҳор намуд, ки дар ин манотиқ ҳамчунин Ҳизби комунист, Ҳизби Либерал-демократӣ ва “Русияи боадолат” низ раъйҳои зарурӣ ба даст овардаанд.

Дар ҳамин ҳол Сергей Миронов, раҳбари ҳизби “Русияи боадолат” ва раиси Шӯрои федератсиони Русия эълом дошт, ҳизби ӯ лағви натоиҷи раъйдиҳӣ дар ҳавзаҳоеро талаб хоҳад кард, ки дар он ҷо даст ба тақаллуб задаанд. Ба гуфтаи ӯ, он аъзои комиссиюнҳои интихоботӣ, ки қонуншиканӣ кардаанд, бояд ҳатман муҷозот шаванд.