Бозори телефонҳои қочоқӣ ва "дасти дуввум"

Ҳар рӯзи якшанбе дар "телефонбозор" садҳо фурушандаву харидор гирд меоянд

Ҳазорон сокини Душанбе ва навоҳии атрофи пойтахт барои харидуфурӯши телефонҳои мобил ҳар ҳафта рӯзи якшанбе дар наздикии бозори бузурги “Корвон” гирди ҳам меоянд.
Ин бозори ғайрирасмист ва фурӯшандаҳо низ аксаран телефонҳои худро дар ҷайб нигоҳ дошта, танҳо бо омадани муштарӣ онро барои фурӯш пешкаш мекунанд.

Нозири минтақавии ин бозори ғайрирасмӣ, ки бо даҳҳо зердасти худ фурӯшандагону харидоронро аз роҳҳои мошингузар ба берунтар мебурд, аз сӯҳбат дар бораи кори ин бозор ва ҳам дар ин бора, ки оё чӣ миқдор аз телефонҳои мавриди харидуфурӯш дар ин бозор моли дуздианд, худдорӣ кард.

Вале Ҷавоҳири 20-сола, яке аз муштариёни “телефонбозор”, мегӯяд, аксаран дар он телефонҳои кӯҳнаву дуздидашуда фурӯхта мешаванд. Ба гуфтаи ӯ, соҳибони телефони мобил ҳамеша аз омадани кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ин бозор нигаронанд. Кормандони ҳифзи ҳуқуқе, ки ба гуфтаи ӯ ин бозорро аз дур назорат мекунанд, аммо монеъи фурӯши ин телефонҳои қочоқӣ ва фарсуда намешаванд.

Ин бозор дафъаи севвум аст, ки табдили макон мекунад. Қаблан, телефонбозор рӯзҳои якшанбе дар маҳҳаллаи 46-уми пойтахт, дар наздикии бозори “Саховат”, баргузор мешуд. Акнун ин бозор ба наздикии бозори “Корвон” кӯчидааст.

Арзиши телефонҳои ҳамроҳ дар ин бозор нисбат ба фурӯшгоҳҳо ба маротиб арзонтар аст ...
Эҳсон, як ҳамсӯҳбати дигари мо, ки дар ин бозор “сайр” дошт ва барои худ телефони арзон меҷуст, ба беназмии ин бозор таъкид мекунад. Вай мегӯяд, бозори телефонҳои мобили “дасти дуввум” аз сӯйи мақомоти пулис ва масъулони ноҳия назорат намешавад. Агар не, ба гуфтаи ӯ, шояд даҳҳо телефонҳои гумшуда ёфт ва ба соҳибонашон баргардонида мешуданд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки арзиши телефонҳои дастӣ ё ҳамроҳ дар ин бозор нисбат ба фурӯшгоҳҳо ба маротиб арзонтар аст. Агар як телефони мобилии “миёнаҳол” дар фурӯшгоҳҳо бо қиммати то ҳафтсад сомонӣ ё бештар аз дусад доллари амрикоӣ фурӯхта шавад, дар ин бозор онро ба қиммати дусад сомонӣ пайдо кардан мумкин аст.

Аксари ин телефонҳо истеҳсоли ширкатҳои Самсунг, Нокиа, Моторола ва ширкатҳои чиниянд, ки тавассути наздиконашон аз хориҷа оварда шудаанд ё аз фурӯшгоҳҳо дастрас кардаанд.

Ба фурӯши телефонҳои мобилӣ дар ин бозор аслан наврасону ҷавонон машғуланд. Беҳрӯз, як донишҷӯ, гуфт, ки ҳудуди як сол мешавад дар ин бозор машғули тиҷорат аст. Вай ва ҳамроҳонаш, ки гоҳо пинҳонӣ ва гоҳо ошкоро ба тиҷорати телефонҳои мобилӣ машғуланд, хостори онанд, ки ин бозор ё расман баста шавад ва ё мақомот иҷозат диҳанд, то бозор бо риояи қоидаҳо амал кунад ва ҳар як телефонҳои мобил замонат дошта бошад.


Ҳамзамон мақомоти вазорати роҳу мухобироти Тоҷикистон низ афзоиши фурӯши телефонҳои қочоқӣ ва пастсифатро дар бозорҳои кишвар радд намекунанд.

Шӯҳрат Қудратов, узви Консорсиюми юридикӣ дар Душанбе, мегӯяд, ҳамаи он телефонҳое, ки ба Тоҷикистон ворид мешаванд, бояд барои муайян кардани сифаташон аз қайд ва ташхис гузаранд ва муҷаввиз дошта бошанд. Ба бовари вай, ин роҳест, ки аз фурӯши телефонҳои мобили фарсуда ва қочоқӣ ҷилавгирӣ шавад: “Ба ҳар як бозор, ки дар он ҷо харидуфурӯш мекунанд, бояд мақомоти шаҳр ё ноҳия иҷозат диҳанд. Аз ин рӯ, соҳибони телефонҳои мобилӣ бояд муҷаввиз дошта бошанд ва ҳамчун фурӯшанда ба буҷаи ноҳияи худ андоз супоранд. Аммо чун ин ҳама қоидаҳо риоя намешавад, пас ин бозори телефон ғайриқонунист”.

Ин ҳама дар ҳолест, ки мавзуи истифода аз телефонҳои мобилӣ дар Тоҷикистон ахиран ба як мавзуи доғ табдил шудааст. Ҳатто президент Раҳмон дар чанд суханронии худ ба ин нукта ишора ва аз дастрасу саросарӣ шудани телефонҳои ҳамроҳ дар Тоҷикистон изҳори нигаронӣ кард. Ширкатҳои мобилӣ ҳам мегӯянд, феълан бештар аз се миллион сокини Тоҷикистон ба телефонҳои ҳамроҳ дастрасӣ доранд ва аз хадамоти ин ширкатҳои мобилӣ истифода мекунанд.