Барномаи “Ояндасоз” бо кулвори пур аз таронаҳои шоду ноб аз шаҳри Ню Йорк тақдиматон мешавад.
Дар ин бахши махсуси гуфтори ҷавонон дар баробари шунидани сурудҳои ҷадиду маъруфи тоҷикӣ, беҳтарин оҳангҳо ва хабарҳои фарҳангии кишварҳои ҷаҳон махсус барои шумо пешкаш хоҳад шуд. “Ояндасоз мюзик” барои шумо имкони лаззат бурдан аз ҷазобтарин мусиқии кишварҳои мухталифро фароҳам меорад, пас ин шонси хубро аз даст надиҳед ва бо мо бошед. Имруз меравем ба олами таронаҳои кишварҳои Юнону, Фаронса.
Таронаи юнонии “Есена Моно”-ро овозхони маъруфи Юнон Кети Гарби месарояд, ки тайи чанд соли ахир дили ҷавононро дар гушаву канори олам тасхир крадааст. Гуфта мешавад, мусиқии Юнон дар тули садсолаҳо инкишоф ёфта, ба се гурӯҳ - мусиқии Юнони Қадим, византӣ ва колисоӣ - ҷудо мешуд. Феълан дар Юнон ба ҷавонон дар 213 донишгоҳи расмие, ки танҳо яктоаш аз ҷониби ҳукумат таъсис ёфтааст, нозукиҳои мусиқии миллӣ таълим дода мешавад. Мусиқишиносон менависанд, мусиқӣ бо таърихи мардуми ин сарзамин робитаи наздик дорад, зеро ифодаи эҳсос ва мафҳуми зиндагӣ тариқи рақс хоси юнониҳо маҳсуб меёбад.
Гуфта мешавад, обрӯйи ҷаҳонии мусиқии муосири Юнон дар офаридаҳои Маноса Хатзидакиса, барандаи ҷоизаи Оскар, барои суруди беҳтарин дар соли 1960 ва Микис Теодаракис, барандаи ҷоизаи фарҳангистони Бритониё дар соли 69, оғоз шудааст. Маҳз аз ҳамин давра мусиқии поп ва роки Юнон низ бо суръати зиёд рӯ ба инкишоф ниҳода, гурӯҳҳои зиёди ҷавонони боситеъдодро ба мисли Ванҷелис, Демис Роузес, Афродита ва амсоли инҳо, рӯи саҳна овардааст.
Ба назари коршиносон ҷавонони юнонӣ ба мусиқии бритониёву оҳангҳои роки амрикоӣ пайравӣ намуда, бо омезиши ин оҳангҳо ва навоҳои миллӣ, оҳангҳои муосири юнониро тавлид кардаанд. Ситораҳои попи Юнон ба мисли Деспина Вандӣ, Анна Висӣ, Сакис Роувас, Елена Папаризу, Антонис Ремос, Кети Гарби ва дигарон имрӯз низ дар саҳнаҳои бузург фарҳанги Юнонро муаррифӣ мекунанд.
Шунидани оҳанги Ҷаз хаёли касро ба суйи таронаву фарҳанги Фаронса мебарад, ки ин намуди мусиқӣ дар ҳаёти мардуми ин сарзамин мавқеъи муҳиму муассирро низ ишғол кардааст. Аҷиб аст, ки ҷаз ба Фаронса дар замони ҷанги ҷаҳонӣ аз Амрико кучидааст. Дар он рӯзҳо ба Фаронса намояндагони соҳаҳои мухталифи ҷомеаи Амрико сафар намуда, ин жанри ҷадиди мусиқии тоза дар Амрико рӯ ба инкишофро ба Фаронса оварданд.
Муариххон менависанд, навоҳои ҷаз, ки дар тарабхонаву толорҳои мусиқию рақс баланд мешуданд ба мардум умеду бовари ба ояндаи некро бахшида, ба ин минвол Парижро ба маркази байнулмиллалии фарҳангу мусиқии муосир табдил додаанд. Дар ҳоле, ки солҳои 20 ва 30-юми қарни гузашта аҳли фарҳанги Фаронса ба ҷаз чун ба моли бегона назар мекарданд, маҳбубияти он дар миёни аҳоли рӯз аз рӯз бештар мегардид.
Суоле ба миён меояд, ки пас чи гуна ҷаз ба моли фаронсавӣ табдил ёфт? Мусиқишиносон мегӯянд, ҳунармандони фаронсавӣ ҷазро айнан нанавохта, онро бо назардошти хусусиятҳои миллӣ ва дар заминаи оҳангҳои худӣ такмил додаанд, ки ин яке аз усулҳои муваффақи табодули фарҳангу таҷриба дар роҳи рушди санъати кишварҳост. Ин аст, ки то ба имрӯз қариб дар аксари таронаҳои маъруфи фаронсавӣ ҷаз истифода мешавад. Барои мисол Патрисия Каас, овозхони шинохта, дар эҷодиёташ аз ҷаз фаровон истифода мекунад.
Имрӯз метавон гуфт, ки мусиқии попи Фаронса маҳз ба забони фароснавӣ такмил ёфтааст. Одатан ин таронаҳо аз сӯи сарояндаҳои кишварҳои фаронсавизабон эҷод мешаванд.
Ҳарчанд таъсири мусиқии Амрикову Бритониё ба мусиқии Фаронса зиёд буда, бозори таронаҳои ба забони англисӣ сароида шуда низ гармтар аст, аммо бо ин вуҷуд аксари ҳунармандони ин кишвар ғолибан ба забони модариашон месароянд.
Ба назари санъатшиносон, вижагии хоси фарҳанги Фаронса дар он аст, ки онҳо ба оҳанг ва матни суруд таваҷҷуҳи хоса
дода, танҳо пас аз таҳриру коркарди зиёд ба бозор мебароянд. Ба назари дӯстдорони оҳангҳои фаронсавӣ, одатан ин таронаҳо нозук ва гушнавозанд.
Бо ин вуҷуд гуфта мешавад, мусиқии поп рӯз аз рӯз хусусияти байнулмилали касб мекунад, чунин ба назар мерасад, ки дар ваҳти кутоҳ он таронаҳое, ки дар ин ё он кишвар маъруф мегарданд, дар миёни ҷавонони гушаву канори дунё низ маҳбубият касб мекунанд.
Барои шунидани барномаи "Ояндасоз" ишораи аудио дар болои саҳифа аз тарафи ростро нохун занед.