Шатранҷбози тоҷик Фаррух Амонатов бозии охиринашро дар ҷашнвораи байнулмилалии «Aeroflot Open-2009» дар шаҳри Маскав дар гурӯҳи асосии А1 бо Ҷон Элвест (ИМА) мусовӣ анҷом дод.
Бад-ин тартиб гроссмейстер Фаррух Амонатов, ки дар 1 бозӣ пирӯз шуда, 8 бозиро мусовӣ кард, бо 5 имтиёз байни 78 нафар дар ҷои 24-ум қарор гирифт.
Ғолиби сабқати А1 Этйен Бакрот (Фаронса), ки 6,5 имтиёз ба даст овард, бо 21 000 евро мукофотонида шуд.
Шатранҷбози ҷавони тоҷик Соҳиб Ҷӯраев низ дар сабқати А2 бозии охиринашро бо Владимир Генба (Русия) мусовӣ кард. Соҳиб дар 9 дидор 4,5 имтиёз ба даст овард. Вай дар 4 бозӣ ғалаба карда, дар 4 дидор мағлуб шуд ва як бозиро мусовӣ анҷом дод ва байни 84 нафар ҷои 41-умро касб намуд.
Алесандр Данин (Русия), ки бо 6,5 имтиёз ғолиби сабқати А2 гардид, бо 9 000 евро сарфароз шуд.
Шатранҷбози дигари тоҷик Муҳаммадхоҷа Ҳусейнхоҷаев дар сабқати «В» бо 5 имтиёз байни 80 нафар ҷои 32-юмро касб кард. Вай 4 ғалаба ба даст оварда, дар 3 бозӣ мағлуб шуд ва 2 бозиро мусовӣ анҷом дод.
Ба Николай Оглобин (Русия), ки бо 7 имтиёз ғолиби сабқати «В» гашт, 3 500 евро супурда шуд.