Маркази илмӣ ва таҳқиқотии физикаи ҳастаии «Помир–Чақалтой», воқеъ дар шарқи Тоҷикистон, дубора ба кор шурӯъ хоҳад кард.
Кори маркази илмӣ ва омӯзишии мазкур, ки аз соли 1991 то кунун фаъол набуд, бо ҳамдасти пажӯҳишгарони рус аз сар гирифта мешавад. Ба ин манзур созишномаи миёни Русия ва Тоҷикистон аз моҳи августи соли 2008 ба тасвиби порлумон расидааст.
Олимони тоҷик оғози кори ин марказро дорои аҳамияти фавқулода муҳим барои пешрафти илми физикаи ҳастаӣ медонанд. Маркази илмии мазкур дар заминаи фавқуннурҳо, заррачаҳои то кунун ношинохта дар таркиби атом, нурҳои рентгенӣ ва истифода аз нерӯи плазма таҳқиқот анҷом медиҳад.
Нерӯи плазама, ки дар ҳоли таҳқиқ ва озмоиш қарор дорад, аз гузинаҳои сухт аст, ки метавонад даҳҳо нерӯгоҳи ҳастаиро иваз кунад. Дар ҳоли ҳозир дар Фаронса ба сурати муштарак олимони чанд кишвар саргарми таҳқиқ дар заминаи нерӯи плазма мебошанд. Ва Фаронса низ изҳори омодагӣ барои ҳамкорӣ дар ин марказро кардааст. Ва ба гуфтаи олимони тоҷик, натиҷаҳои таҳқиқотҳои муштарак дар Помир-Чақалтой метавонад барои пешрафти илми муосир дар ҷаҳон муфид воқеъ шавад.
Масъулини Фарҳангистони улуми Тоҷикистон мегӯянд, мавқеи ҷойгиршавии пойгоҳи илмии мазкур дар 440 метр аз сатҳи баҳр аз нигоҳи иқлмӣ ва ҷуғрофӣ мусоидтарин мавзеъ барои анҷоми таҳқиқотҳои илмӣ дар заминаҳои мазкур мебошад.
Натиҷаҳои ин таҳқиқот дар соҳаҳои мухталифи илми муосир, аз ҷумла тиб ва озмоишҳои фазоӣ, низ кор хоҳад дод. То кунун даҳ кишвар ба иловаи Русия изҳори омодагӣ барои ҳамкорӣ дар ин пойгоҳи илмиро кардаанд. Ва Тоҷикистон метавонад ҳам натиҷаҳои ин таҳқиқотро мавриди истифода қарор диҳад ва аз сӯи дигар дар сурати ворид шудани таҷҳизот ва азсаргирии фаъолияти ин фурсатҳои корӣ фароҳам кунад.
Маркази мазкур, дар мавқеъе ҷойгир аст, ки ҳаво то 86 дарсад шафоф мебошад ва дар сурати ворид кардани таҷҳизоти муосир ва нав кардани расадхона имкони мушоҳида ва кашфи ҷирмҳои осмонӣ хоҳад афзуд. Гуфтанист, маркази мазкур дар соли 1992 таъсис шуда буд ва то соли 1991 амал мекард. Вале бо фурупошии Шӯравӣ ҳамчунон аз кор бозмонд ва баҳси Тоҷикистон бо Русия бар сари моликияти он идома кард.
Танҳо дар соли 1996 Тоҷикистон ин пойгоҳро миллӣ эълон кард. Ва дар соли 2008 Русия пешниҳоди ҷониби Тоҷикистонро пазируфт ва маркази муштараки илмӣ-таҳқиқотии Помир-Чақалтой таъсис шуд, ки 12 гектор замин, амволи манқул ва ғайриманқули он аз қабили сохтмонҳо ва тақҳизот ва садҳо тонна фулузоти гаронбаҳо ба шумули 3000 тона қурғошим моликияти Тоҷикистон эътироф шуданд. Танҳо идораи ин пойгоҳи илмӣ ба сурати даврӣ як сол ба души Русия ва як сол бар души Тоҷикистон хоҳад буд. Ҳар кишвари дигаре метавонад дар ин таҳқиқотҳо шарик шавад, аммо дар идораи он саҳм нахоҳад дошт. Созишнома дар мавриди таъсиси ин пойгоҳи илмӣ барои 25 сол миёни Тоҷикистон ва Русия ба имзо расидааст.