Таъсири бӯҳрони молӣ ба доираҳои ҳокими Русия

Раисҷумҳур ва нахуствазири Русия Дмитрий Медведев ва Владимир Путин

Дар ҳоле ки иқтисоди Русия аз уфти башиддати нархи нафт заҷр мекашад, ҷудоии уфтода дар миёни доираҳои ҳоким дар ин кишвар баръакс шадидтар мешавад.
Муаллиф Брайан Витморе

Дар ин миён ба вижа мухолифате, ки байни мақомоти технократи вазорати молияи Русия ва мақомоти қудратии наздик ба сарвазир Владимир Путин, ки ҳамчун “силовик”-ҳо маъруфанд, хеле маҳсус ба назар мерасад.

Ниҳодҳои тафтишотии Русия алайҳи ду муовини собиқи вазири молия Алексей Кудрин бо иттиҳоми сирқати 18 миллион доллар маблағи давлатӣ ҳангоми ҳисобу китоби дубораи қарзи Алҷазоир парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд ва он ду дар интизори мурофиаи додгоҳӣ ба сар мебаранд. Сергей Сторчак баъди қариб як соли дар боздошт ба сар бурданаш дар моҳи октябр озод шуд, вале Вадим Волков то ҳол таҳти боздошт қарор дорад.

Аммо таҳлилгарон мегӯянд, дар ин парвандаи масъалаи сирқат ва мавзӯъи Алҷазоир хеле камтар дида мешавад ва ҳадафи аслӣ худи вазири молия Алексей Кудрин ва манобеъи бузурги молист, ки вазорати ӯ дар даст дорад.

Байни “силовик”-ҳо ва иқтисоддонҳои технократ, ки тайи қариб даҳ соли охир ду рукни асосии режими худкомаи Владимир Путинро ташкил медоданд, инак, гурбаи сиёҳе гузашт ва талоши густариши нуфуз ва даст ёфтан ба назорати манобеъи ҳарчӣ бузургтари молӣ ин ду гурӯҳро акнун даргири як ҷанги беамони девонсолорӣ кардааст.

Миёни "силовикҳо" ва иқтисоддонҳои технократ, ки ду рукни аслии режими Путинро ташкил медоданд, инак, гурбаи сиёҳе гузашт ...
Охирин хабари ин ҷанг изҳороти Александр Бастрикин, раҳбари кумитаи тафтишотии Русия ва муттаҳиди наздики раҳбари пасипардагии гурӯҳи “силовик”-ҳо Игор Сечин, буд, ки гуфт, таҳқиқи парвандаи ду муовини вазири молия бо иттиҳоми дуздии пули давлат дар ҳоли такмил шудан аст ва мақомот Сергей Сторчак ва Вадим Волковро дар сирқати тақрибан 18 миллион доллари давлат ҳангоми ҳисобу китоби дубораи қарзи Алҷазоир муттаҳам мекунанд.

Ҳамла алайҳи ёрони вазири молия дуруст замоне иттифоқ уфтод, ки Алексей Кудрин ғайричашмдошти ҳама барномаи зиддибӯҳронии дар Кремл таҳияшударо комилан тағйир дод ва кумаки мустақими давлат дар амри пас додани қарзҳои хориҷии ширкатҳои бӯҳронзадаро аз ин барнома ҳазф кард. Ҳамла ба Кудрин як намунаи дигари дар пайи бӯҳрон рӯ задани шикофи уфтода дар байни доираҳои ҳокими Русия арзёбӣ мешавад.

Дэвид Сэттер, таҳлилгари аршади Пажӯҳишгоҳи амрикоии Ҳудзон мегӯяд, “дар ин муҳите, ки Путин ба вуҷуд овардааст, ягон навъ шаффофият, адолат ё анъанаи ҷомеаи шаҳрвандӣ мавҷуд нест. Ва осонтарин роҳи иқдом сохтани парвандаи сунъӣ алайҳи нафарест, ки барои шумо мушкил эҷод мекунад.”

Муноқишаи миёни технократҳои вазорати молия ва намояндагони “силовик”-ҳо солҳо боз идома дошт, вале тайи муддате, ки Русия дар дарёи фоидаҳои ҳангуфти нафт ғутта мезад, ин муноқиша таҳти назорат қарор дошт. Аммо кам шудани сели пули нафт мунҷар ба бурузи шадидтари низоъ миёни муовини сарвазир Игор Сечин ва вазири молия Алексей Кудрин шудааст. Таҳлилгарон мегӯянд, парвандаи бозшуда бештар ба шахси Кудрин марбут мешавад, на ба Сергей Сторчак, Вадим Волков, ё ба Алҷазоир.

Кам шудани сели пули нафт мунҷар ба бурузи шадидтари низоъ миёни доираҳои ҳокими Русия шудааст ...
Коршиноси рус Дмитрий Травин мегӯяд, “рақобати пинҳонӣ байни Кудрину Сечин кайҳост, идома дорад. Ва Сечин, албатта, мехоҳад, ки ба истеъфои Кудрин аз мақоми вазири молия ноил шуда, нафари худро дар ин курсӣ биншонад. Аз ин рӯ Сечин кумитаи тафтишот ва муттаҳиди наздикаш Бастрикинро ба хотири беобрӯ кардани Кудрин истифода мебарад.”

Ба эътиқоди ин таҳлилгар, Игор Сечин бо касби назорат бар вазорати молия ва захоири бузурги молии ин вазоратхона ба ҳадафи худ, ки бо истифода аз қаробаташ бо Путин ба даст овардани қудрати номаҳдуд аст, наздиктар хоҳад шуд.

Аммо барандохтани Кудрин аз вазорати молия кори андаке нест. Дмитрий Травин мегӯяд, собиқаи дӯстии Алексей Кудрин бо Владимир Путин ба авоили солҳои навад, ба замони фаъолияти ҳарду дар шаҳрдории Санкт-Петербург мекашад ва то кунун ҳамин дӯстӣ Кудринро аз чанги Сечин наҷот медод.

Аммо, меафзояд ӯ, агар Путин бубинад, ки рафтани Кудрин аз лиҳози сиёсӣ ба фоидаи ӯ анҷом хоҳад шуд, бидуни гуфтугӯ, ӯро аз ин симат берун кашида ва нафари Сечин ва ё ҳатто худи ӯро вазири молия таъин хоҳад кард.