Кадом як сиёсатмадори машҳури асри гузашта гуфта буд, ки санъат аз они халқ аст. Оре, вале суъоли матраҳ ин аст, ки чи гуна санъате?
Ривоят мекунанд, ки бадхоҳони овозхони машҳури тоҷик Содирхони Ҳофиз барои куштани ӯ як қотилро мегуморанд. Вақте қотил ба манзили овозхон меояд, мебинад, ки ӯ саргарми ба оҳанг кашидани як ғазали Ҳофиз аст. Овозхон бо садои зебояш ғазали Лисонулғайбро мехонд. Қотил беихтиёр бо ханҷар вориди манзили ӯ шуда, ба зону пешаш менишинад ва мегӯяд: «Барои ман ба қатл расонидани чунин як инсони бузург, ки ба дилҳо шодӣ меоварад ва ғамҳоро дур мекунад, нанг аст».
Мусиқиву рақс дар таърихи мардуми тоҷик ҳамеша василаи паст кардани ташаннуҷи иҷтимоъӣ ва суст кардани торҳои тарангшудаи асабҳои аҳли ҷомиъа будааст. Аз ин васила зимомдорони вақт чи дар даврони шоҳони Сомонӣ, чи дар замони ҳукмронии амирони манғитӣ ва чи дар таййи давлатдории коммунистон ва ҳам имрӯз фаровон истифода мешавад.
22-вуми феврали соли 1931 дар Сталинобод (Душанбеи ҳозира), маркази вақти Ҷумҳурии Шӯравии Тоҷикистон, аввалин ҳамойиши овозхонону раққосону раққосагони кишвар баргузор шуд.
Фурқати Саид, як овозхонони тоҷик, муҳақиқи «Шашмақом» ва собиқ сарвари барномаҳои мусиқии шабакаи аввали телевизионии Тоҷикистон, мегӯяд, ҳатто дар ҳамон солҳои ибтидои пайдоиши давлати шӯравии Тоҷикистон низ ба ин ҳақиқат расида буданд, ки санъат, дар мисоли мусиқӣ ва рақс, яке аз афзалиятҳои рӯзгори тоҷикон аст, яъне онҳоро бо ин васила мешавад таҳти таъсир қарор дод.
Дар нимаи аввали асри 20, шурӯъ аз замони амирони манғитӣ то таҳким ёфтани давлати Тоҷикистон, аз қабили Содирхони Ҳофиз, Саидхони Ҳисорӣ, Каромати Дилкаши Танбурӣ, Бобо Ҷалоли Носирзода, Бобо Ғиёси Абдуғанизода, Ҳоҷӣ Абдулазиз, Ҳоҷӣ Ҳалими Савтӣ ва даҳо дигар аз мутрибону овозхонони машҳур миёни мардум ба сар мебурданд. Фурқати Саид меафзояд, дар қатори эшон ягон раққоси машҳур аз он хотир ба назар намехӯрад, ки раққос будан дар он замон як касбе набуд, ки имрӯз ба шумор меравад.
Дар замони Шӯравӣ Малика Қаландарова, Гавҳар Мирҷумъаева, Зебо Аминзода, Саида Сабзалиева ва бисёр дигар аз раққосагоне зуҳур карданд, ки миёни мардум шуҳрат доштанд. Хуршеди Атоулло, аз рӯзноманигорони тоҷик, ки дар бораи ҳаёту фаъолияти аҳли санъат таҳқиқ гузаронидааст, мегӯяд, дар замони шӯравӣ дастгоҳи қавии идеологии шӯравӣ аз санъат ҷиҳати таъсир гузоштан рӯи омма зиёд истифода мекард. Вай афзуд, дар замони истиқлол низ ин сиёсат пеш бурда мешавад, аммо гоҳҳо ин сиёсат ба далели амиқтар ба мушкилоти иҷтимоъӣ фурӯ рафтани ҷомиъа ҳадафрас набудааст: «Солҳои ахир бо истифода як қатор сурудҳои, ба истилоҳ ватандӯстона мекӯшанд, ки рӯҳи мардумро бардоранд ва аз ин рӯҳия истифода кунанд. Масалан, як суруди мавсум ба «Имсол соли нур аст» мавриди истеҳзои мардум қарор гирифта буд, ба он хотир, ки 70 дарсади мардуми кишвар дар бебарқӣ ба сар мебурданд. Ин далели барҷастаи ноком анҷом гирифтани истифода аз ин гуна сурудҳои ватандӯстона аст».
Бархе аз коршиносон бар инанд, санъат то як марҳилаи маҳдуд метавонад ба сиёсатҳо хидмат кунад, аммо дар ҳоли афзудани суиистифода аз он сиёсат метавонад зидди санъат хидмат кунад, яъне эътибору эҳтироми онро дар ҷомиъа коҳиш диҳад.