Адмирали амрикоӣ вориди Душанбе шуд

Марк Ҳарничек, сардори раёсати барномаҳои стратегӣ, сиёсат ва таъминоти моддии артиши Амрико

Шоми дирӯз Марк Ҳарничек, сардори раёсати барномаҳои стратегӣ, сиёсат ва таъминоти моддии артиши Амрико, вориди Тоҷикистон шуд.
Ба иттилоъи сафорати Амрико дар Душанбе, дидори адмирали амрикоӣ аз Тоҷикистон дар чаҳорчуби сафари корӣ-омӯзишӣ сурат мегирад ва тибқи барномаи сафар, расман ягон мулоқот ва гуфутугӯ бо мақомоти баландпояи Тоҷикистон пешбинӣ нашудааст. Вале, ба гуфтаи намояндаи сафорати ИМА, дар сурати даъват шудан аз сӯи мақомоти давлатии Тоҷикистон адмирал Марк Ҳарничек бо онҳо мулоқотҳо анҷом хоҳад дод.

Ҳадафи дидори сардори раёсати барномаҳои стратегӣ, сиёсат ва таъминоти моддии артиши Амрико омӯзиши имконоти роҳҳои нақлиётии Тоҷикистон барои транзити борҳои ғайринизомии ИМА ва НАТО ба Афғонистон гуфта мешавад.

Чанде қабл раисҷумҳури Тоҷикистон эълон карда буд, ки ҷониби Тоҷикистон омода аст, қаламрави ҳавоии худро ба нерӯҳои Амрико ва НАТО ҷиҳати интиқоли муҳимоти ғайринизомӣ барои нерӯҳои эътилофӣ ба Афғонистон вогузорад.