Бахши умури дохилаи вилояти Суғд Юнусов Мирзосаид ном сокини шаҳри Исфараро бо ҷурми ҳамкорӣ бо гуруҳи Ҳаракати исломии Узбакистон боздошт кардааст. Бино бар иттиҳомот, Юнусов Мирзосаид яке аз пойгоҳҳои ҲИУ-ро, ки дар ғорҳои куҳдомани Шултанги Исфара мавқеъ доштааст, бо маводи ғизо ва адабиёту навиштаҳои мазҳабӣ таъмин мекардааст. Ба иттилои Бахши умури дохилаи Суғд, зимни бозрасии манзили Юнусов Мирзосаид китоби « Ҳиҷрат, ҷиҳод ва ҳукмҳои он» ва адабиёти дигари марбут ба террористӣ ёфт шудааст. Ҳоло Додситони вилояти Суғд алайҳи Юнусов Мирзосаид парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.