Раисҷумҳури Амрико Барак Обама қонун дар бораи ихтисоси 787 миллиард доллар кӯмакҳои иқтисодиро ба имзо расонд.
Аммо алорағми талошҳои кишварҳои дунё ҷиҳати роҳ надодан ба амиқрафти бӯҳрони иқтисодӣ, дирӯз коҳиши қиммат дар бозорҳои саҳҳоми дунё идома кард. Маросими имзои қонун дар шаҳри Денвери аёлати Колорадо доир шуд, ки Обама дар ин аёлат номзадии ҳизби демократиро барои ширкат дар интихоботи раёсатҷумҳурӣ ба даст оварда буд. Ҳангоми имзои санад вай гуфт, ки дар таърихи Амрико бори нахустин аст, ки барномаи наҷоти иқтисодиро чунин зуд ба тасвиб мерасонанд.
Бо вуҷуди ин тарҳи Обамаро намояндагони ҳизби ҷумҳурихоҳ дар Конгрес дастгирӣ накарданд ва ҳамагӣ се сенатори ин ҳизб дар Сенати кишвар ба ҷонибдории он овоз доданд. Ҷумҳурихоҳон мегӯянд, ки коҳиши андозситонӣ басанда нест ва иқтисоди Амрико дар тули чандин соли оянда аз қарзҳо азият хоҳад кашид.
Санад ихтисоси маблағи бениҳоят бузурги ҳукуматро ба барномаҳои сохтмонӣ, нигаҳдории тандурустӣ, инкишофи сарчашмаҳои энержии эҳёшаванда ва ғайраро дар назар дорад. Ҳамин тавр 240 миллиард барои коҳиши андозситонӣ аз ашхоси ҷудогона ва корхонаҳо, 140 миллиард барои бахшҳои тандурустӣ, 100 миллиард барои маъориф ва 48 миллиард доллар ба соҳоти нақлиёт сармоягузорӣ хоҳад шуд. Обама гуфт, ки истифодаи сарфакоронаи ин маблағ вазифаи ҳар як бахши ҳукумат ва ҳар як шаҳрванд мебошад.
Интизор меравад, Обама, ки барномаи мазкурро ҳамчун бахше аз тарҳи наҷоти иқтисодии кишвар номид, стротежии муқобила алайҳи бӯҳрони манзилро муаррифӣ кунад. Маҳз бӯҳрони бозори манзили Амрико сабаби ба амал омадани мушкилиҳо дар низоми молии саросарӣ шуд. Ин дар ҳолест, ки қарор аст имрӯз ширкатҳои бузургтарини мошинсозии Амрико “Ҷенерал моторс” ва “Крайслер”, ки дар вартаи муфлисӣ ҳастанд, ба маъмурияти Обама тарҳи раҳоӣ аз вазъи мавҷудро ироа хоҳанд кард.