Мақомоти ИМА эълом доштанд, ки бо мақомоти Покистон дар мавриди созиши онҳо бо Толибон дар робита ба ҷорӣ шудани қавонини шариат дар минтақаи Малоканд машварат хоҳанд кард.
Рӯзи 15 феврал яке аз раҳбарони Толибон Мавлоно Суфӣ Муҳаммад ва волии Вилояти Марзии Шимолу Ғарбии Покистон дар як музокирот дар шаҳри Пешовар дар мавриди ҷорӣ кардани қавонини шариат дар минтақаи Малоканд, воқеъ дар марзи Афғонистон ба тавофуқ расиданд. Муҳофизакорони мазҳабӣ солҳо барои ҷорӣ кардани қавонини шариат дар минтақаи Свот, ки чандин моҳ боз ба саҳнаи даргириҳои шадид миёни артиши ҳукумат ва ошубгарони мусаллаҳ табдил шудааст, талош доштанд ва чиҳил сол баъд аз ҳамроҳшавии шоҳигарии Свот ва Дир ба ҳайати Покистон онҳо ба ҳадаф расиданд.
Ҳошим Бобар, яке аз раҳбарони ҳизби миллии Авом ба Радиои Озодӣ гуфт, ки аз ин созиш аксари нерӯҳои сиёсии минтақа пуштибонӣ карданд. Ӯ афзуд, ба ҷорӣ шудани қавонини шариат дар минтақаи Малоканд раисҷумҳур Осиф Алии Зардорӣ ва низомиёни баландпояи кишвар ҳам ризоят додаанд. Ва аммо Ҳошим Бобар афзуд, ки як шарти аслии созиш барои ҷорӣ шудани қавонини шариат – таъмини сулҳу субот ва, қабл аз ҳама, оташбас дар минтақа аст.
Тибқи созиши ҳосилшуда, мақомот ба хотири татбиқи қавонини шариат бояд қозиҳоро таъин кунанд ва таъмини адолатро дар Малоканд, ки Свот як бахши он аст, бар дӯши онҳо бигзоранд. Ва аммо гуфта мешавад, созишҳои қаблӣ бо афроди мусаллаҳ, аз ҷумла, дар Свот, қариб ки комёб набуданд ва суоли матруҳа ин аст, ки созиши ахир аз қарордодҳои пешин оё тафовуте хоҳад дошт? Эъҷоз Хон, донишманди риштаи равобити байнулмилалии донишгоҳи Пешовар ба фарқи ин созиш аз созишҳои қаблӣ шубҳа дорад ва мисол меорад, ки ҳатто баъд аз эълони созиш як мактаб аз сӯи ифротгароҳо тарконида шуд.
Амир Ҳайдар Хон Ҳотӣ, вазири ҳукумати Вилоятии марзии Шимолу ғарбӣ ба хабарнигорон гуфт, ки нерӯҳои амниятии вилоят баъд аз имзои созиши ахир аз баргузории амалиётҳо худдорӣ хоҳанд кард ва фақат ба ҳамлаҳо посух хоҳанд гуфт. Ӯ афзуд, ҳама қавонине, ки хилофи Ислом ва шариатанд, лағв мешаванд. Ба гуфтаи Ҳотӣ, ҳамаи онҳое, ки ба хотири шариат силоҳ ба даст гирифтаанд, баъд аз созиши ахир бояд аз хушунат даст бардоранд ва дар эҳёи сулҳ дар минтақаи Свот саҳм бигиранд.
Ва аммо ин то куҷо мумкин аст? Посух ба ин суол душвор ба назар мерасад. Мақомоти маҳаллӣ мегӯянд, ки онҳо дар мавриди ҷорӣ кардани қавонини шариат дар Малоканд бо Мавлоно Суфӣ Муҳаммад, бо фарде ба тавофуқ расидаанд, ки баъд аз вуруди низомиёни Амрико ба Афғонистон дар соли 2001 тақрибан даҳ ҳазор ихтиёриёнро барои пайвастан бо Толибон маҷбур карда буд. Суфӣ Муҳаммад кафолат додааст, ки созиш бо мақомоти устон дар минтақаи Свот ва баъзе аз манотиқи қабоилнишин татбиқ хоҳад шуд. Яъне, ба ивази ҷорӣ кардани қавонини шариат, ҳама мусаллаҳон силоҳ ба замин мегузоранд. Ва аммо Суфӣ Муҳаммад ягона фармондеҳ дар яке аз хатарбортарин минтақаҳои олам нест. Домоди ӯ Мавлоно Фазлуллоҳ аз фармондеҳони пуштибони Толибон дар минтақаи Свот аст. Рӯзи якшанбе, дар арафаи имзои созиш дар бораи ҷорӣ шудани қавонини шариат дар Малоканд Фазлуллоҳ барои даҳ рӯз оташбас эълон кард. Ва аммо Эъҷоз Хон, донишманди риштаи равобити байнулмилалии донишгоҳи Пешовар мегӯяд, гумон аст, ки созиши ҳосилшуда ба таъмини сулҳи бардавом дар минтақа мусоидат кунад, зеро Мавлоно Фазлуллоҳ бо созмони “Таҳрики Толибон”-и Покистон робитаи зич дорад ва ҳатто муовини фармондеҳи ин созмон Байтуллоҳ Масъуд аст. Ба гуфтаи донишманд, гумон аст, ки Толибон баъди ҷорӣ шудани қавонини шариат ҳам силоҳ ба замин гузоранд.
Зимнан, ҳукумати нави Покистон баъди сари қудрат омадан дар баҳори соли гузашта ҳам бо Суфӣ Муҳаммад ва ҳам бо Мавлоно Фазлуллоҳ созиши сулҳ имзо кард. Ва аммо тавофуқ бо Фазлуллоҳ ба зудӣ аз байн рафт, зеро мақомоти маҳаллӣ ӯро дар ҳамдастӣ бо Маъсуд айбдор карданд. Баъд аз лағви созиш задухурдҳо дар Свот авҷ гирифтанд ва бар асари онҳо ҳазорҳо нафар ба ҳалокат расида ва садҳо ҳазор аз минтақа фирор карданд.