ICG: Тоҷикистон дар роҳ ба сӯи нокомӣ

Гурӯҳи байнулмилалии пажӯҳиши бӯҳронҳо (ICG) гузориши нави худро зери унвони "Тоҷикистон дар роҳ ба сӯи нокомӣ ё суқут" ба нашр расондааст.
Гурӯҳи байнулмилалии пажӯҳиши бӯҳронҳо дар гузоришаш мегӯяд, Тоҷикистон ба таври фазоянда ба кишвари заифе табдил меёбад, ки аз нокомии раҳбаронаш азият мекашад.

Бино бар ин гузориш, бидуни ислоҳоти фарогир ва расидагии сареъ ба масоили сахте, ки аз гиребони Тоҷикистон гирифтааст, назири
Аз гузориш: "Нӯҳ фарзанди раисҷумҳур, ки тақрибан ҳамагӣ ба синни балоғат расидаанд, низ ба як дарди сари воқеъӣ барои ӯ табдил мешаванд, чунки, чунон ба назар мерасад, ки ҳар кадоми онҳо акнун мехоҳад ҳаққи худро ситонад."
амнияти ғизоӣ, бӯҳрони энержӣ, бекорӣ ва фасод, давлати президент Эмомалӣ Раҳмон метавонад ҳатто ба хатари фурӯпошӣ рӯбарӯ шавад. Гузориш мегӯяд, аммо раҳбарони кишвар ҳар навъ ислоҳотро таҳдид ба бақои қудрати худ эҳсос мекунанд ва баъид ба назар мерасад, ки дар даврони президент Эмомалӣ Раҳмон кадом пешрафти қобили мулоҳиза ба даст биояд.

Пажӯҳишгарони ин созмони таҳқиқотӣ мегӯянд, рақибони ҷиддии президенти Тоҷикистон ҳама ё маҳкум ба зиндон шуда, ва ё тарки кишвар кардаанд ва Эмомалӣ Раҳмон саҳнаи сиёсиро холӣ аз рақобат карда, акнун мехоҳад худро дар зеҳни ҷомиаи байнулмилалӣ ҳамчун як раҳбари бидуни алтернатив намоиш диҳад. Аммо, меафзояд гузориш, худи 9 фарзанди раисҷумҳур, ки тақрибан ҳамагӣ ба синни балоғат расидаанд, низ ба як дарди сари воқеъӣ барои ӯ табдил мешаванд, чунки, чунон ба назар мерасад, ки ҳар кадоми онҳо акнун мехоҳад ҳаққи худро ситонад. Талаботи афзояндаи хонаводаи президент, бино бар ин гузориш, як омили дигарест, ки давлатро аз роҳандозии ҳар навъ ислоҳоти ҷиддии сиёсӣ ё иқтисодӣ манъ мекунад.

Гузориши Гурӯҳи байнулмилалии пажӯҳиши бӯҳронҳо ҳамчунин мегӯяд, бӯҳрони ҷаҳонӣ ҳаҷми таҳвили пул аз сӯи муҳоҷирони тоҷикро ба таври чашмгир коҳиш дода, сели бузурги ин мардикоронро аз хориҷ ва асосан аз Русияву Қазоқистон ба ватан бармегардонад. Ва ин муҳоҷирон низ метавонанд ба як дарди сари бузург барои давлати Тоҷикистон табдил шаванд.

Пол Квин-Ҷаҷ, мудири барномаҳои Осиёи Марказӣ дар гурӯҳи байнулмилалии пажӯҳиши бӯҳронҳо ба Радиои Озодӣ гуфт, ягона чора барои давлатдорони кунунии Тоҷикистон ислоҳот аст ва ислоҳоти хеле ҷиддиву фарогир: “Он чӣ ки гузориш мегӯяд, ба маъное нест, ки низом ҳафтаи оянда фурӯ хоҳад пошид, балки мегӯяд, низом хеле заиф шудааст. Онҳое, ки масоили Тоҷикистонро ҳамарӯза дунбол доранд, зарурати ислоҳоти хеле оҷили бунёдӣ дар кишварро эҳсос мекунанд. Ислоҳоти низоми идораи давлат, таъмини шаффофият. Ҳалли масоиле, чун бекории фарогир, ки бо бозгашти муҳоҷирон боз ҳам бадтар мешавад. Расидагии сареъ ба ин масоил то куҷо коромад ва қодир будани давлатро намоиш хоҳад дод. Ва фавқулодда муҳим аст, ки тавоноии давлати Раҳмонро ҷомиаи байналмилалӣ бубинад, ки 5 ё 10 сол пеш нисбат ба давлати ӯ умедвориҳои хеле зиёд дошт, вале акнун, тавре ба назар мерасад, ин умедворӣ хеле кам шудааст.”

Пол Квин-Ҷаҷ, мудири барномаҳои Осиёи Марказӣ дар гурӯҳи байнулмилалии пажӯҳиши бӯҳронҳо афзуд, дар баробари мушкилоти иҷтимоиву бӯҳрони энержӣ ва бекории саросарӣ мушкили дигари гиребонгири Тоҷикистон фасод аст, ки низ теша ба пояҳои суботи давлат мезанад.

Сайфуллоҳ Сафаров, муовини раиси Маркази таҳқиқоти стротежӣ, муасссисаи вобаста ба дастгоҳи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон, мегӯяд, Гурӯҳи байналмилалии пажӯҳиши бӯҳронҳо дар натиҷагириҳояш муболиға мекунад: “Аслан ман 90 дарсад мухолифи чунин ақидаам, чунки мо дар сатҳи 85-80 фоиз комёб ҳастем. Аммо ҳаст масоиле, ки аз мо ҳеҷ вобастагӣ надорад. Масалан, яку якбора аз байн бурдани коррупсия. Ин хеле душвор аст, вале ҳукумати Тоҷикистон ба зиддаш мубориза хеле шадиде ҳам мебарад. Дар ислоҳоти давлатӣ ва соҳоти дигар низ Тоҷикистон ба ҳар сурат комёб аст. Аз ин рӯ, ман бо ин гурӯҳи бӯҳроншиносӣ, ки худ бӯҳрон ба вуҷуд оварда истодааст, розӣ шуда наметавонам.”

Ибодуллоҳи Оқилпур, таҳлилгари мустақили тоҷик мегӯяд, мушкили муҳоҷират ва асароти бӯҳрони ҷаҳонӣ барои Тоҷикистон чунон дарди сари бузурге нест, ки вазъи равобит бо кишварҳои ҳамсоя, назири Узбакистон, ва ё фасод, ки тақрибан ба ҳама идороти давлатӣ роҳ ёфта, эътибори давлатро – замин ва суботашро аз дохил тахриб мекунад: “Ин ҷо фақат як чиз ба мо таҳдид мекунад: Агар ҳамсоякишварҳо роҳҳои тиҷоративу иқтисодии Тоҷикистонро танг кунанд, шояд дар баъзе соҳот ба мо хисорот ворид шавад. Аммо дар маҷмӯъ, вақте ҳукумат ба фасод ғӯттидааст, ин хеле хатарнок аст. Агар раисиҷумҳур дар ин замина таъҷилан чораҳои фаврӣ наандешад, ана ҳамин чиз, яъне фасод метавонад пояҳои давлати моро сусту заиф кунад.”

Гурӯҳи байнулмилалии пажӯҳиши бӯҳронҳо ба ҷомиаи байналмилалӣ ва кишварҳову созмонҳои кӯмакрасони Тоҷикистон аз ҷумла тавсия додааст, ки дар ивази ёриҳои худ аз Душанбе талаби ислоҳот ва таъмини шаффофияти фаъолиятҳояшро кунанд ва бо истифода аз аҳроме, ки дар ихтиёр доранд, дасти мансабдорони фосидро аз сирқати маболиғи имдодӣ ва давлатӣ ҳаддалимкон кӯтоҳ кунанд. Аз ҷумла тавассути эъмоли таҳрими ироаи раводиди сафар ба он мансабдорони тоҷик, ки ба фасод муттаҳам шудаанд.