Онҳо кӯдаконро дар Душанбе мегазанд, хонаҳоро ғалбер мекунанд, ҳамачиро мехӯранд ва бадтар аз ҳама бемориҳое паҳн мекунанд, ки инсонҳо давои он бемориҳоро намедонанд.
Афзоиши калламушҳои хатарнок дар Тоҷикистон ва ҳамзамон хуруҷи баъзе аз бемориҳое, ки солҳо дар кишвар шоҳиди он нашуда буданд, донишмандонро водор кардааст, то тарҳи илмиеро барои таҳқиқи ин ҷондорҳои зиёновар рӯи даст бигиранд. Танҳо як калламуш метавонад, 45 навъи бемориҳои сироятиро паҳн кунад ва дар маҷмӯъ хонаводаи хояндаҳо барангезандаи бештар аз 200 бемориҳо аст, ки барои сиҳатии инсон бисёр хатарноканд. Аммо ин тассавур хатост, ки танҳо дар сурати газидани калламуш инсон гирифтори беморие мешавад, чун бемории хояндаҳоро ҳашарот, аз қабили магас ҳам паҳн мекунанд, ки ба қавле дар Тоҷикистон чизи нодир нест. Афзоиши ин хатар ба сиҳатии мардум донишмандони тоҷикро водор кардааст, ки тарҳи илмиеро таҳия карда ва ба зудӣ мавриди иҷро қарор диҳанд.
Орзугул Назарова – муовини мудири Маркази илмӣ-истеҳсолии “Биологические препарати” яке аз муаллифони тарҳ ба Маҷаллаи Илму Фанноварӣ гуфт, нодида гирифтани хатари ин ҷондорҳо ба сиҳатии мардум, як бемасъулиятӣ мебуд:
“Дар маҷмӯъ хояндаҳо барангезандаҳои бемориҳои ниҳоят зиёданд, аз ҷумла бемории вабо, беморҳои хатарноку кушандаи махав, лейшманиоз, леспариоз, легоспреиоз ва дигар бемориҳо. Агар ман ҳамаи он бемориҳоро баршумурам ниҳоят ва ниҳоят бисёр хоҳад буд.”
Акнун ба гуфтаи Орзугул Назарова – онҳо бояд ташхис кунанд, ки дар кадом маҳал кадом навъи хояндаҳо ва бо кадом барангезандаҳои беморӣ вуҷуд доранд ва масалан калламуши бӯр чӣ хатаре барои мардум эҷод мекунад. Зимнан лашкари тарсноки калламушҳои бӯр, ки таҳхонаҳои бисёре аз биноҳову партобгоҳҳои Душанбе ва ноҳияҳои атрофи онро ба камингоҳи амни хеш табдил додаанд, то чанд соли пеш дар манотиқи марказии Тоҷикистон мушоҳида намешуд. Афзоиши ин навъи хоянда дар Душанбе дар солҳои ахир мақомоти расмиро маҷбур кард, ки аз Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт барои маҳви онҳо марги мушу кӯмакҳои молӣ бихоҳанд. Садҳо тан аз сокинони Душанбе то кунун ҷабри ин хояндаҳоро кашидаанд ва мавориди сирояти онҳо ба бемориҳои хатарноку кушанда ҳам мушоҳида шудааст. Наврӯз Ҷаъфаров корманди Хадамоти беҳдошт ва вогиршиносӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, танҳо соли гузашта бештар аз 15 ҳазор мавориди осеб дидани мардум аз ҳайвоноту ҷондорҳои дигар сабт шудааст, ки тақрибан ду дар сади онҳо ҳамлаи калламуш ва ё хояндаҳои дигар ба инсон будааст. Ба ибораи дигар соли гузашта тақрибан 300 нафар ё ҳар рӯз як сокини Тоҷикистон ҷабри дандонҳои тез ва олуда ба бемориҳои мухталифи калламушу мушҳоро кашидаанд.
Орзугул Назарова мегӯяд, акнун муассисаи онҳо ҳамроҳ бо Пажӯҳишгоҳи зоология таҳқиқ хоҳанд кард, ки ин хояндаҳо бо чӣ бемориҳое олуда ҳастанд ва чӣ гуна метавон бо роҳҳои осону муассир несту нобуд кард:
“Мо таҳқиқро дар Тоҷикистони марказӣ анҷом медиҳем, аз марказ сар карда то ба шаҳри Турсунзода меравем, то тасвири вусъати паҳншавии ин ҷондорҳоро ба даст биёрем. Мо ин навъи ҷондорҳоро медорем ва ташхис мекунем, ки олуда ба кадом беморӣ ҳастанд. Муҳити зисташонро ҳам меомӯзем, то роҳҳои маҳви ин ҷондорҳоро муайян кунем. Барои пайдо кардани роҳҳои муассири маҳви ин ҷонварон мо бояд бидонем, ки чиро дӯст медоранд, дар куҷо ва кай зиёд мешаванд ва ҳамчунин бо ангезандаҳои кадом бемориҳое олуда ҳастанд. Ин як омӯзиши васеъмиқёсе хоҳад буд."
Орзугул Назарова ҳамчунин гуфт, таҳқиқи онҳо танҳо ба омӯхтани муҳити зисти ин ҷонварону ангезандаҳои беморӣ дар онҳо маҳдуд намешавад. Дар сурати муввафақ анҷом гирифтани ин тарҳ, ба гуфтаи Орзугул Назарова, кори марказҳои беҳдоштӣ барои маҳви лашкари бераҳму золими калламушҳо осонтар хоҳад шуд ва имкон хоҳад дод, то аз хуруҷи бемориҳои хатарнок дар миёни мардум ҷилавгирӣ шавад:
“Ончӣ ки мо таҳия ва ё ошкор мекунем, дар ихтиёри марказҳои беҳдоштӣ ва вогиршиносӣ мегузорем, ки масалан дар як ноҳия эҳтимоли хуруҷи беморие имконпазир аст. Мо нақшаи ин маҳалҳоро дар ихтиёри марказҳои мазкур мегузорем ва онҳо барои маҳви ҷондорҳо ва ҷилавгирӣ аз хуруҷи ин бемориҳо чораҳои зарурӣ меандешанд.”
Орзугул Назарова мегӯяд, умедвор аст, ки тарҳи илмии онҳо роҳро барои пажӯҳишҳои дигари муҳим ва офаридани ваксинаҳои худӣ ба зидди бемориҳои сироятӣ боз хоҳад кард:
“Мо танҳо намехоҳем, ки олуда будани ин хояндаҳо ба бемориҳоро биёмӯзем, агар Худо кунад ва мо ягон вирусу бактерияҳоеро дар онҳо кашф кардем, мо дар оянда метавонем, ба зидди ин беморӣ ваксина бисозем, ки як навъ мубориза ба зидди беморӣ аст. Метавонем усулҳои ташхиси ин бемориҳоро офарем ва аз дигар ҷо чизе нахарем. Худамон тавлид кунем ва аз ҳисоби маблғаҳои худамон таҳқиқот анҷом диҳем. Ин барои Тоҷикистони мо як чизи ояндадоре хоҳад буд. “
Тарҳи илмии пажӯҳиши муҳити зисти хояндаҳоро, дар нишасти ахири Маркази байналмилалии илмӣ техникӣ пазируфта ва барои маблағгузорӣ пешниҳод кардаанд. Муаллифони ин тарҳ мегӯянд, дар сурати анҷоми муввафақи он, хатари гирифтории сокинони кишвар ба бемориҳои хатарноке, ки лашкари хояндаҳо паҳн мекунан, камтар хоҳад шуд.