Мақомоти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон тасмим гирифтаанд, ки аз адибон чун як нерӯи сиёсӣ ва фарҳангӣ дар тарбияи мардум истифода кунанд.
Ба гуфтаи шоири халқӣ, раиси бахши бадахшонии иттифоқи нависандагон Ширин Бунёд, мақомот чунин мешуморад, ки имконияти тарбияи насли наврас ва ҷавон ҳануз аз даст нарафтааст ва ба ин хотир баргузории мулоқоти адибон дар идораву муассисаҳо ва макотиби вилоятро як амри зарур шуморидааст. Аммо Ширин Бунёд ҳадафи баргузории мулоқотҳои адабиро на кӯшиши тарғиби сиёсати ҷории мақомот, балки тарбияи зебопарастӣ ва маънавӣ арзёбӣ намуд.
Шоир Хушомади Алидод ахиран пас аз солиёни зиёд ёдовар шудани мақомот аз адибон чун як нерӯи фарҳангиро нишонаи раванди афзоиши ҷалби таваҷҷӯҳ ба шеър ва шоир дар минтақа мешуморад. Вай гуфт, "дар ҳоле, ки ман шавқи на фақат қироати шеъри дигарон, балки шеърҳои худамро аз даст додам, баргузории мулоқотҳо агарчанде иҷбори бошанд ҳам барои зинда кардани ҳиссиёти гуворо кӯмак мекунанд." Шоир ба мухлисони ҷавон шеърҳоеро тақдим намуд, ки дар ҷашни хазораи «Шоҳнома» сазовори ҷоиза гардиданд.
Шоир Анвари Андаробӣ пас аз саргармиҳо дар ҷодаи тиҷорат орзуи баргаштан ба майдони шеъру адабро дорад ва изҳори умед кард, ки дар баробари колои бозор қимати матоъи шеър низ дар бозори маънавӣ боло хоҳад рафт.
Шоир Ҷонибеки Қозибек дар шеърҳояш шунавандагони наврасро ба ватанпарастӣ ва кӯшиш ба иҷрои амалҳои нек даъват намуд, аммо шоираҳои ҷавон Саодат Раҳмихудоева ва Гулниссои Ато барояшон шеърҳои модар ва ҷавониро қироат намуданд.
Хонандаи синфи 10-уми мактаби шахри Хоруғ Алишер Мирзошоев баён дошт, ки дар тули солхои таҳсил нахустин бор шоҳиди мулоқот бо адибон гардидааст. Вай гуфт, «шоиронро фақат дар телевизор медидем, имрӯз бошад шоирони зинда дар рӯбарӯямон истода шеър хонданд ва ин хеле гуворо буд».
Маликаи Шодибек, хонандаи дигари ин мактаб, бар ин назар аст, ки бо илҳом аз адибон истеъдодҳои ҷавони мактабашон барои сайқал додани маҳорати эҳодкориашон талош хоҳанд варзид.
Сарвари мактаб Давлатсултон Шоиқиёмова гуфт, ки намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ гоҳ-гоҳе аз мактаб дидан мекунанд, аммо қадами эҷодкорон нахустин бор ба остонаи мактаб расидааст ва онҳо умедворанд, ки чунин мулоқотҳои адабӣ, ки ба камолоти маънавии шогирдон кӯмак мекунанд, ба анъана табдил хоҳанд ёфт.
Адибон ваъда доданд, ки дар макотиб маҳфили адибони наврасро таъсис медиҳанд ва ба дар тарбияи истеъдодҳои ҷавон саҳм мегиранд.