Додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе номаи масъулони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро, ки дар он аз пазируфта нашудани аъзои ин ҳизб дар қитъаҳои раъйдиҳӣ шикоят мешуд, бепосух гузоштааст.
Ҳикматулло Сайфуллозода, раҳбари Маркази таҳлилии ҳизби наҳзат, мегӯяд, Кумисюни марказии интихобот ва раъйпурсӣ низ дар илоҷи номаи онҳо ночор монда, тағйири қарори ҳавзаи интихоботии Синоро ба дӯши додгоҳ вогузор кардааст.
Оқои Сайфуллозода гуфт, ҳарчанд аз ин посуху баҳонаҷӯйиҳои мақомот ризо нестанд, аммо талош барои дарёфти як курсии дигар дар Маҷлиси Намояндагонро идома хоҳанд дод: “Акнун ба интихобот меравем. Бо имконоте, ки ҳизб дар ихтиёр дорад, муборизаро то рӯзи ахир идома медиҳем, то нозирони худро дар қитъаҳои раъйдиҳӣ ворид кунем. Ба ин маънӣ, мехоҳем, ки воқеъияти интихоботҳо дар Тоҷикистонро ба сокинон бори дигар муъаррифӣ намоем”.
То ҳоло аз 63 курсӣ дар Маҷлиси Намояндагон танҳо ду курсии он ба намояндагони Ҳизби наҳзати исломӣ насиб шудааст. Дар сурати пирӯзӣ Додихудо Абдуллоев, номзади ҳизби наҳзат дар ҳавзаи интихоботии рақами чори ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, севумин нафаре хоҳад буд, ки дар парлумон аз ин ҳизб намояндагӣ ва ҳамҳизбонаш Муҳиддин Кабирӣ ва Муҳаммадшариф Ҳимматзодаро ҳамроҳӣ хоҳад кард.
Аммо аксарият бо ишора ба таҷрубаи интихоботи қаблии миёндавраӣ пирӯзии намояндаи ҳизби ҳокими халқӣ-демократиро сарфи назар намекунанд ва мегӯянд, ки ин навбат ҳам шаҳди пирӯзиро халқӣ-демократиҳо хоҳанд чашид. Вале намояндагони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ширкати худ дар интихоботи миёндавраиро имтиҳони ҷиддии як соли пеш аз интихоботи Маҷлиси Намояндагон медонанд, ки ба қавли онҳо чандон одӣ нахоҳад гузашт.
Амнияти Абдулназар, як масъули Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, ки аз мухолифони ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон маҳсуб мешавад, инро рақобати воқеъӣ намедонад. Ба назари ӯ, интихоботи миёндавраӣ саробест, ки аз дур хубу хуш, вале аслан ҳич маънӣ ва натиҷаеро дар пай надорад:
“Аз назари ман, ин як муносибати ҳардуи ҳизб аст, ба хотири нишон додани он ки дар ин интихобот намояндаи ҳизбҳои мухолиф ширкат доранд. Лекин хуб медонанд, ки ғолибият насиби намояндаи ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ аст. Бояд гуфт, ки парлумон аз ин ҳич фоида ва зарар нахоҳад дид. Чунки куллан тамоми сохтор дар дасти ин ҳизб аст, аз ҷумлаи ҳокимияти қоуннгузор ва иҷроия. Ин танҳо як бозии сиёсӣ асту тамом”.
Ин ҳам дар ҳоле ки қаблан Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ширкаташ дар ҳан навъ интихоботи миёндавраиро ба далели тақаллуби афзун радд карда буд. Аммо Абдусамад Султонов, коршинос дар умури сиёсӣ аз рақобати наҳзатиҳо истиқбол ва ба фаъолшавии аҳзоби мухолифи ҳукумат таъкид мекунад, ки дар ин чанд соли ахир ҷуз хомӯшӣ ва ақибнишастанҳо чизи дигаре надоштаанд. Вай мегӯяд, сукути аҳзоб ризоияти онҳо бо амалкарди ҳукумат аст ва ин ҳама эътимоди сокинон ба ҳизбҳоро коҳиш додааст.
Як моҳ қабл, Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон эълом кард, ки дар интихоботи миёндавраӣ барои ишғоли курсии холишуда дар Маҷлиси Намояндагон аз ҳавзаи Синои пойтахт иштирок ва номзадии Додихудо Абдуллоев, муовини раҳбари ин ҳизб дар Душанберо пуштибонӣ мекунад. Дар ин сабқат Амир Каттаев, раиси донишгоҳи технологии Тоҷикистон, аз тарафи ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ ҳам ширкат мекунад, ки аз ҳоло аксарият ба пирӯзии ӯ ишора мекунанд.
Барандаи ин интихоботи миёндавраӣ, ки рӯзи ҳаштуми феврал баргузор мешавад, дар порлумон курсии Каримҷон Қодировро, ки ахиран ба мансаби раиси Донишгоҳи Кӯлоб таъин шудааст, иваз хоҳад кард. Бо ин ҳама ба назари таҳлилгарон, ҳоло Ҳизби халқӣ-демократӣ ва Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ду ҳизби муқаввиянд, ки бо аъзои бештар дар саҳнаи сиёсӣ ҳамеша вориди рақобатанд. Аммо ин рақобати навбатӣ ба нафъи кадоме аз инҳо анҷом мешавад, суолест кушода ва ҳақиқатест пешбининашаванда.