Ахиран барои ҷалби ҷавонон ба омӯзиши илмҳои дақиқ ва таваҷҷӯҳи ҳарчи бештари онҳо ба корҳои илмӣ-пажуҳишӣ дар Тоҷикистон стипендияи байнулмилалии ба номи «Менделеев» таъсис ёфт.
Ҳамакнун даҳ донишҷӯи беҳтарини тоҷик моҳе 50 долларӣ кӯмакпулӣ дарёфт хоҳанд кард. Ин кумакпӯлӣ аз суи бунёди тавсеаи «Пажуҳишгоҳи авросиёӣ»-и Русия ва вазорати моарифи Тоҷикистон барои донишҷӯёни фаъоли макотиби олии Тоҷикистон муқаррар шудааст.
Абдуҷаббор Раҳмонов, вазири маорифи Тоҷикистон, дар сӯҳбат бо «Ояндасоз» гуфт, ки гирандагони стипендияи Менделеев дар асоси озмун интихоб шуда ва донишҷӯёне ҳастанд, ки фаъолияти хуби пажуҳишӣ дошта, аз ҷумлаи пирӯзшудагони озмунҳои байнулмилалианд: «Ин стипендия бунёди рушди «Пажӯҳишгоҳи авруосиёӣ»-и Русия, ки қарор даст дар дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ низ роҳандозӣ шавад, нахустин шуда ба донишҷӯёни тоҷик мушарраф гардид. Чунин бунёди хайриявӣ дар кишварҳои хориҷӣ хеле зиёанд ва ҳадафи аслӣ руҳбаланд гардонидани донишҷӯён аст.»
Диловар, донишҷӯи соли 5-уми донишгоҳи тиббии Тоҷикистонро як кашфиёташ дар риштаи тибб ба гирифтани стипендияи «Менделеев» мушарраф кардааст. Диловар барои табобати бемории сил давоеро кашф кардааст, ки дар муқоиса ба давоҳои дигар шифобахшу безарар будааст. Ин донишҷӯи ҷавон, аз ҷумлаи камёбтарин ихтироъкорони тоҷик аст, ки мехоҳад дониши худро бештар дар риштаи дорусозӣ истифода кунад. Аммо ҳоло ӯ дар андешаи пешниҳоди нахустин кашфиёти худ, яъне даво алайҳи бемории сил аст.
Вай мегӯяд, «доруҳоро санҷиданд ва ба мо посухи мусбат доданд, яъне мо метавонем оянда ин доруро тайёр ва пешниҳоди мардум гардонем ва оянда кӯшиш мекунам барои солимии ҳамватанон доруҳои беҳтарро омода созем.»
Хурсанд Ёров, ғолиби озмуни байнулмилалии нанотехнологӣ ва муҳассили маъруф дар соҳаи моарифи Тоҷикистон, ҳам яке аз дигар барандагони стипендияи «Менделеев» аст. Хурсанд мегӯяд, дар шароите, ки дар аксар макотиби Тоҷикистон омӯзиши илмҳои дақиқ заиф аст ва таваҷҷуҳи ҷавонон ҳам ба ин илмҳои муҳим чандон зиёд нест, рӯйи даст гирифтани як чунин иқдоме аз манфиат холӣ нахоҳад буд.
Хурсанд Ёров мегӯяд, «бо ин роҳ донишҷӯён мефаҳманд, ки дониш чӣ қадар қадр дорад. Ҳозир мо шикоят мекунем, ки бисёри донишҷӯёни мо ҳаваси хондан надоранд, чунки онҳо умеди дар ояндаи ҷои кори хуб ёфтан ва пеш бурдани зиндагӣ аз рӯи ихтисосашонро надоранд. Вале, масалан, ин стипендия аз он шаҳодат медиҳад, ки илм воқеан ҳам қадр дорад ва ҷавонҳо бояд дарк кунанд, ки шахси бадониш ҳеҷ гоҳ ва ҳеҷ куҷо хор намешавад.»
Вале Диловар, донишҷӯи донишгоҳи тиббӣ, дар баробари иқдомҳо ҷиҳати ҷалбу ҳавасмандсозии ҷавонон ба илму ихтироот ҳамчунин фароҳам сохтани шаротиҳои хуби корӣ дар соҳаи илмро зарур мешуморад. Ба андешаи ӯ, маҳз омили иқтисодӣ ва набуди шароити хуби корӣ дар соҳоти улум ва пажӯҳиш боис ба канораҷӯӣ ва дилсардии ҷавонон аз илм гаштааст.
Диловар дар зимн худро мисол меорад, ки тайи 2 соли ба кори илмӣ машғул буданаш чӣ гуна ба мушкилоти фаровоне рӯ ба рӯ будааст: «Мисол дар мавриди озмоишгоҳҳо ва дар ҳосилу дастрас кардани моддаҳои кимиёвӣ ва агар ҳам онро дастрас кардем мо таркибу сохти моддаро муаян карда наметавонем, чунки асбобҳои зарурӣ нест. Барои ҳамин маҷбур мешавем рӯ орем ба кишварҳои хориҷ, ки албатта ин бар ивази харҷи зиёд даст медиҳад.»
Бо ин ҳама бархе аз донишмандони тоҷик аз он изҳори хушнудӣ мекунанд, ки бо вуҷуди мушкилоти фаровони дар ин ришта шумори ҷавононе, ки рӯ ба илмҳои дақиқ овардаву барои дастёбӣ ба навовариву унвонҳои илмӣ талош мекунанд ба оҳистагӣ меафзояд. Онҳо бовар доранд, ки иқдомҳо барои таъсиси ҷавоиз ва ё стипендияҳо аз сӯи созмонҳо метавонад олимону ихтироъкорони ояндаи тоҷикро дилгарм ва муаррифӣ созад.