Созиши таъсиси нерӯҳои муштараки СПАД

Сарони кишварҳои узви Созмони Паймони амнияти дастаҷамъӣ (СПАД) дар Маскав зери созиш дар мавриди таъсиси нерӯҳои вокуниши сареъ имзо гузоштанд.
Ин нерӯҳо бояд ба ҳамлаи низомӣ ба кишварҳои узв, таҳдиди терроризм, ҷинояткории муташаккил ва қочоқи маводи мухадир посухи сазовор диҳанд. Гуфта мешавад, дар нишасти имрӯзаи Шӯрои СПАД дар шаҳри Маскав фақат Узбакистон эълом дошт, ки ширкаташ дар амалиётҳои фаврии ин нерӯҳо ба таври алоҳида бо дигар кишварҳо ҳамоҳанг хоҳад шуд. Ба иттилоъи дафтари матбуоти Созмон, Узбакистон фақат нерӯҳои хадамоти мубориза бо маводи мухадир, раёсати ҷилавгирӣ аз муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва хадамоти вижаро ба ин нерӯҳо шомил хоҳад кард.

Андрей Денисов, муовини аввали вазири хориҷаи Русия, ба хабаргузориҳо гуфтааст, ки барои ташкили зербинои қонунии нерӯҳои вокуниши сареъ ҳадди аққал се моҳ зарур аст. Павел Фелгенгауэр, коршиноси масоили низомӣ, дар сӯҳбат бо бахши тоҷикии Радиои Озодӣ гуфт, ки нерӯҳои вокуниши сареъи СПАД дар пайравӣ ба ҳамин гуна нерӯҳои НАТО ва Иттиҳодияи Аврупо таъсис мешавад, яъне ин гурӯҳҳои низомӣ дар кишварҳои худ мустақар хоҳанд буд ва дар сурати зарурӣ амалиёти муштарак доир хоҳанд кард.

Ва аммо ба гуфтаи ӯ, дар марҳалаи феълӣ доир кардани амалиёти муштарак ба онҳо муяссар нахоҳад шуд, зеро “тибқи Қонуни асосии Белорус, ин кишвар наметавонад низомиёнашро барои амалиёт берун аз қаламраваш сафарбар кунад. Арманистон дар он гуна вазъе қарор дорад, ки аз ҷиҳати техникӣ ва ҷуғрофӣ гумон аст, ки нерӯҳояшро ба дигар ҷо интиқол дода тавонад. Ба ҷуз он ки агар амалиёти низомӣ дар худи кишвар бигирад. Ва Русия ва кишварҳои собиқ шӯравии Осиёи Марказӣ боқӣ мемонанд, ки зимнан дар яке онҳо - дар Тоҷикистон дар солҳои навадум ҳамин гуна нерӯҳо аллакай мустақар шуда буданд”.

Ва аммо, меафзояд Павел Фелгенгауер, таҷрибаи таъсиси ин нерӯҳо он замон муваффақ набуд, ба ин нерӯҳо ба ҷуз Русия фақат як баталён аз Қазоқистон ва як ротаи низомиён аз Қирғизистон шомил шуда буду халос. Зимнан, ба гуфтаи коршинос, дар ҳоле, ки миёни кишварҳои узви Созмон мухолифати ҷиддӣ мавҷуд аст, ҳамоҳангсозии амалиёт миёни бархе аз кишварҳо, аз ҷумла, миёни Узбакистону Тоҷикистон мушкил хоҳад буд.

Ва аммо, ба ҳар сурат, имкони дар нерӯҳои вокуниши сареъ ҳамроҳ фаъолият кардани низомиёни ин ду кишвар ҳам аз эҳтимол дур нест: “Юнон ва Туркия, таври маълум, солҳои 70- ум бо ҳам барои Қибрис ҳатто вориди даргирӣ шуданд ва таниш миёни онҳо то ҳанӯз идома дорад. Ва аммо бо вуҷуди онҳо айни ҳол ин ду кишвар дар ҳайати як Паймони низомиянд. Яъне, ин мавзӯъро метавон ҳал кард, ҳарчанд ки он, албатта, мушкилоти зиёд низ ба бор меоварад”.

Ба гуфтаи Павел Фелгенгауер, таъсиси нерӯҳои вокуниши сареъ фақат барои Русия ва кишварҳои Осиёи Марказӣ зарур аст. Тавассути ин нерӯҳо сарони кишварҳои ОМ қудрати худро нигаҳ медоранд, аз ошубҳои мардумӣ ва инқилобҳои, ба истилоҳ, ранга ҷилавгирӣ мекунанд, Русия бошад ба ҳампаймонҳои низомӣ ниёз дорад, ки дар сурати такрори ҳаводисе чун ҳодисаҳои моҳи августи соли гузашта дар Осетияи ҷанубӣ ва Гурҷистон ба онҳо такя кунад. Ва аммо ба гуфтаи коршиноси рус,аз ҳампаймонҳои феълии Русия кумаке ҷустан муҳол аст.

Ба Созмони Паймони амнияти дастаҷамъӣ ҳафт кишвари собиқ шӯравӣ - Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Узбакистон шомиланд. Созишномаи амнияти дастаҷамъӣ миёни ин кишварҳо соли 1992 имзо шуда буд. Баъд аз даҳ сол дар пояи ин созиш созмони байнулмилалӣ таъсис гардид. Тибқи қарордод, бояд кишварҳои узви Созмон дар сурати ҳамла ба яке аз ин кишварҳо ба он, аз ҷумла, кумаки низомӣ расонанд. Ҳамзамон гуфта мешавад, ки ҳадаф аз таъсиси СПАД - ҷилавгирӣ аз ҳамкории наздики кишварҳои собиқи шӯравӣ бо НАТО мебошад. Ва аммо ҳамчунин таъкид мешавад, ки боз як ҳадафи аслии Созмон - дифоъ аз таҳдидҳои зиёд аз ҷануб, манзур, аз Афғонистон аст.