10 миллиард доллар ба хотири муқобила ба бӯҳрон

Раисиҷумҳури Беларус Аляксандр Лукашенка гуфт, кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои иқтисодии АвроОсиё дар нишасти Маскав ҷиҳати таъсиси як Сандуқи муштараки 10-миллиарддолларӣ тавофуқ бастаанд. Ин маболиғ ба хотири муқобила ба бӯҳрони иқтисодӣ масраф хоҳад шуд. Созмони АвроОсиё Русияву Беларус, Қазоқистону Қирғизистон ва Тоҷикистонро муттаҳид мекунад. Лукашенко гуфт, 7, 5 миллиард доллар аз ҷамъи сармояи ин Сандуқро Русия ва 1 миллиарди дигарашро Қазоқистон бар ӯҳда гирифтаанд. Ӯ афзуд, кишварҳои дигари узв ҳанӯз мизони мушорикат ва саҳми худро дар ин Сандуқ мушаххас накардаанд.