Боз як ҳамлаи Исроил ба Навори Ғазза

Нерӯҳои ҳавоии Исроил дар Навори Ғазза як силсила ҳамлаҳои ҳавоӣ анҷом додаанд.
Ба гуфтаи мақомоти Исроил, ин амалиёт дар пайи ҷароҳат бардоштани ду сарбози исроилӣ ва як ғайринизомӣ бар асари ҳамлаҳои мушакие, ки рӯзи якшанбе аз навори Ғазза алайҳи Исроил анҷом шуд, сурат гирифтааст.

Бино ба хабарҳо, дирӯз ҷангиёни фаластинӣ аз Навори Ғазза алайҳи Исроил дасти кам 10 мушак партоб кардаанд. Нерӯҳои Исроил мегӯянд, як маҷтамаъи амниятии гурӯҳи Ҳамос ва нақбҳои қочоқӣ дар тӯли марзи Ғазза бо Мисрро ҳадафи ҳамла қарор додаанд.

Шоми якшанбе сарвазири Исроил Эҳуд Олмерт дар бораи «посухи сангин» ба ҳамлаҳои мушакӣ ҳушдор дод.