Дар шаҳри Маскав, пойтахти Русия, ин ҳамоишҳо бори нахуст бе иштироки раисҷумҳури Тоҷикистон баргузор мегарданд.
Манобеъи Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон гуфтанд, тамоми сафарҳои раисҷумҳур ба хориҷи кишвар то 10 уми феврал ба далели вазъи буҳрони энержӣ дар кишвар мавқуф гузошта шудаанд. Давлат Назрӣ, сухангӯи вазорати умруи хориҷаи Тоҷикистон, зимни як сӯҳбати телефонӣ ин хабарро тасдиқ карда гуфт, бо супориши дастгоҳи раисҷумҳури Тоҷикистон ҷараёни омодагӣ ба сафари раисҷумҳур Раҳмон ба Маскав қатъ шудааст.
Ин дар ҳолест, ки раисҷумҳур Раҳмон дар тамоми солҳои раҳбарии худ аз соли 1992 то кунун ҳатто боре ҳам аз иштирок дар ҳамоишҳои ИДМ, СҲШ, СПАД ва Авруосиё сарфи назар накардааст.
Коршиносон пайдоиши сардӣ дар равобити дипломатии Душанбеву Маскавро иллати лағви сафари раисҷумҳур Раҳмон ба Русия мешуморанд. Ба андешаи коршиносон ахиран, Дмитрий Медведев, раисҷумҳури Русия, ҳангоми мулоқоташ бо Ислом Каримов, раисҷумҳури Узбакистон, аз мавқеи Тошканд дар баробари истифодаи оби Осиёи Марказӣ пуштибонӣ карда, гуфт, ки роҳи ҳалли масъалаи оби минтақа аз як масъалаи иқтисодӣ, шояд сиёсӣ шавад ва эҳтимоли роҳҳои ҳали хатарноки масъала низ вуҷуд дорад. Узбакистон мухолифи лоиҳаҳои энержии Тоҷикистону Қирғизистон, бахусус нерӯгоҳҳои барқи обии Роғун ва Тӯхтагул аст. Тошканд мехоҳад, ки ҳамаи лоиҳаҳои энержии оби ин ду кишвар бо ӯ мувофиқат шаванд. Русия низ аз ин мавқеи Тошканд истиқбол кард.
Коршиносон мегӯянд, ин мавқеъгирии Русияву Узбакистон Тоҷикистонро нигарон кардааст ва лағви сафари Раҳмон ба Русия навъе идома аз нигарониҳои ин кишвар аз изҳороти раисҷумҳури Русия аст. Қаблан, раисҷумҳури Тоҷикистон фиристодаи нави Русия ба Тоҷикистонро низ қабул накард.
Рашид Ғанӣ Абдулло, коршиноси масоили сиёсӣ, чунин тасмими раисҷумҳури Тоҷикистонро дуруст шуморида мегӯяд, Тоҷикистон ҳамчун кишвари мустақил бо худдорӣ аз иштирок дар ҳамоишҳои Русия нишон медиҳад, ки манофеъи миллии худро ҳимоят кунад. Вай гуфт, ин тасмим далели онаст, ки сиёсати давлати Тоҷикистон устувор шуда, барои ҳифзи манфиатҳои миллии Тоҷикистон равона шудааст. Оқои Абдулло меафзояд, ҳадафи Тоҷикистон аз иштирок дар ҳамоишҳои Созмони Паймони амнияти дастаҷамъӣ ва созмони Авруосиё иҷрои тарҳои энержӣ ба хусус Роғун мебошад, вале Русия, ки ахиран аз мавқеи Узбакистон ҷонибдорӣ кардааст, пас иштирок накардани Тоҷикистон дар ин ҳамоишҳо беҳтар аст.
Аммо Давлати Усмон, коршиноси масоили сиёсӣ, мегӯяд, раисҷумҳур Раҳмон бояд дар ҳамоишҳои мазбур иштирок мекард ва аз мавқеи Тоҷикистон ҳимоят карда, мегуфт, ки Тоҷикистон манофеи миллии онҳоро намепазирад. Оқои Усмон ҳамчунин гуфт, ки худдории Раисҷумҳур аз сафар ба Маскав ба далели алоқаманд будани ин вазъи иқтисоду иҷтимои Тоҷикистон аз Русия паёмадҳои ногувор дар пай дорад. Оқои Усмон ба сурати мисол мегуяд, Русия метавонад аз тариқи рондани муҳоҷирони кории тоҷик аз қаламраваш ба Тоҷикистон фишор орад.
Дар ҳамин ҳол, манобеъи расмӣ мегӯянд, ки Эмомалӣ Раҳмон баъди сӯҳбат бо Аҳмадинажод, раисҷумҳури Эрон тасмим гирифтааст, ояндаи наздик ба Теҳрон сафари расмӣ анҷом диҳад.