Расул барои медали олимпӣ хуб қадрдонӣ нашуд

Паҳлавони маъруфи тоҷик Расул Боқиев

Маҷаллаи «Ҷаҳони варзиш»-и Радиои Озодӣ тақдими шумо мегардад.
Барнома бо хабарҳои тозаи варзиши ҷаҳон оғоз мешавад.

Сипас мусоҳибаи мо бо мураббии варзидаи гуштӣ Худойназар Боқиев, падар ва нахустин устоди паҳлавони маъруфи тоҷик Расул Боқиев, ба таваҷҷӯҳи шунавандагон пешкаш мешавад. Вай аз ҷумла зимни сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфтаи раҳбари Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистонро дар бораи он, ки барои омодагӣ ва ширкати Расул Боқиев дар олимпиадаи Пекин - соли 2008 200 ҳазор доллар масраф шудааст, рад намуд.

Дар ин барнома, инчунин, сармураббии дастаи «Регар» ТадАЗ -и Турсунзода Маҳмадҷон Ҳабибуллоев дар бораи натоиҷи бозиҳои футболбозони тоҷик дар Ҷоми қаҳрамонони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Муштаракулманофеъ ва соҳили Балтик андешаҳои худро баён мекунад.

Барои шунидани барнома ишораи аудио дар тарафи рости болои саҳифаро пахш кунед.