Дар анҷумани ҷаҳонии иқтисодӣ дар Давоси Швейтсария гузорише нашр шуд, ки мегӯяд, захираи оби ошомидании ҷаҳон босуръат коҳиш меёбад.
Бар асоси ин гузориш, масалан, пиряхҳои кӯҳистони Ҳимолой ва Тибет дар ҳоли ҳозир тақрибан 2 миллиард нафарро бо об таъмин мекунанд, вале агар суръати обшавии ин пиряхҳо ҳамчунон босуръат идома кунад, аллакай то поёни садаи кунунӣ ҷаҳон шоҳиди аз байн рафтани ин манбаъи бузургтарин таъмини оби сайёра хоҳад шуд.
Ин гузориш мегӯяд, талабот ба об бо суръати хеле бештаре назар ба ҳатто суръати афзоиши аҳолӣ меафзояд ва ба ин далел, ҷаҳон пайгирона аз роҳе гом мебардорад, ки ниҳояташ варшикастагист. Варшикастагӣ дар мавзӯъи об.
Бар асоси ин пешбинӣ, талабот ба маҳсулоти ғизоӣ тайи даҳсолаҳои наздик бо як суръати осмонӣ боло хоҳад рафт, вале камбуди об дар зарфи камтар аз 20 соли оянда мунҷар ба кам шудани ҳосили ғалладона дар Ҳинду Амрико хоҳад шуд.
Гузориш мегӯяд, ки агар ҷаҳон манобеъи обашро дар оянда низ ба ҳамон шеваи собиқ идора кунад, иқтисоди ҷаҳонӣ метавонад аз ҳам фурӯ пошад. Гузориш меафзояд, об дар аксари манотиқ ҳамчунон як моли беш аз ҳадд арзон арзёбӣ шуда, беҳуда хеле исроф мешавад. Аммо чунин сиёсати исрофи беҳудаи захоири об дар 50 соли гузашта манотиқи зиёдеро дар вартаи варшикастагӣ дар мавзӯъи об қарор додааст, ки дигар ҳар қадами ноҷо дар масъалаи об метавонад он манотиқро ба умқи он вартаи варшикастагӣ бияфканад.
Гуфта мешавад, дар ҳоли ҳозир ба хотири тавлиди энержӣ ҳамагӣ 3 дарсади захоири об амалан истифода мешавад, вале дар ду даҳсолаи оянда рақобат ба хотири дастрасӣ ба ин захоир тавсиъа хоҳад ёфт. Интизор меравад, ниёзи Амрико ба энержӣ то 165 дарсад ва эҳтиёҷи ИА 130 дарсад биафзояд, ки ин камбуди об барои бароварда гардондани ниёзмандиҳои соҳаи кишоварзиро метавонад дар пай биорад.
Гузориш аз эҳтимоли то соли 2100-ум аз байн рафтани пиряхҳои мавҷуд дар кӯҳистони Тибету Ҳимолой ҳушдор медиҳад. Ин пиряхҳо дар ҳоли ҳозир тақрибан 2 миллиард нафарро, асосан дар Чину Ҳинд, бо об таъмин мекунанд.
Пешбинии нашршуда ҳамчунин мегӯяд, имконоти тақрибан 70 рӯдхонаи бузургтарини дунё дар амри пур кардани обанборҳо ва таъмини шабакаҳои обёрӣ ба ниҳояташ наздик шудааст ва дар бист соли наздик сармоягузоронро метавонад водор ба андеша кунад, ки оё ба риштаи нафт сармоя гузоранд ё ба об?
Дабири кулли СММ Бан Гӣ Мун низ рӯзи панҷшанбе дар нишасти солонаи Анҷумани ҷаҳонии иқтисодӣ дар Давос мушкили обро дар ҷумлаи чолишҳои ҷаҳони муосир ном бурд ва гуфт, мушкили об як мушкили фарогирест, ки расидагӣ мехоҳад.
Мавзӯъи об як масъалаи доғ ва ҳаллталаб дар Осиёи Марказӣ низ боқӣ мемонад. Дар ҳоле ки Тоҷикистону Қирғизистон - ду кишвари соҳиби захоири асосии оби Осиёи Марказӣ, вале маҳрум аз манобеъи энержӣ, мехоҳанд дар баҳои тақсими об бо кишварҳои поёноби минтақа аз он кишварҳо имтиёзоте ба даст биёранд, ба хусус дар мавриди таъмини эҳтиёҷоти худ ба маҳсулоти энержӣ дар фасли сармо, кишварҳои поёноб баръакс ба паймонҳои байналмилалӣ ишора мекунанд, ки обро ҳамчун мол намешиносад.
Дар ин миён таниши байни Душанбеву Тошканд бахусус маҳсус аст. Узбакистон мегӯяд, кишварҳои болооб барномаҳои баҳрабардорӣ аз рӯдхонаҳои фаромарзӣ, аз ҷумла тарҳҳои эҳдоси нирӯгоҳҳо бар фарози ин рӯдхонаҳоро бояд ҳатман бо кишварҳои поёноб мувофиқат кунанд. Аммо Тоҷикистон ин кишвари ҳамҷаворашро дар адами ҳусни ҳамкорӣ дар масоили энержӣ муттаҳам мекунад ва мегӯяд, азбаски Тошканд ба хотири рафъи авоқиби бӯҳрони энержӣ кӯмаки амалие барояш карданӣ нест, Душанбе чорае ба ҷуз аз сохтани ин нерӯгоҳҳо надорад.